Муҳите, ки дар он кӯдак ба воя мерасад, маркази таъсиррасониест, ки зуҳури минбаъдаи рӯҳию ҷисмониаш дар он шакл мегирад.
Марҳилаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад. Фарзандон аз падару модар зиндагиро меомӯзанд ва аз моҳияти мафҳумҳои деҳа, шаҳр, ноҳия, Ватан, миллат ва ғайра бохабар мешаванд. Бо ҳамдигар, хешу табор ва дигарон муомила карданро аз худ менамоянд. Ояндаи дурахшони фарзанди ботарбия боиси сарбаландии миллат мебошад. Табиист, ки сатҳи таълиму тарбия аз мактаб низ вобаста аст. Дар мактаб инсон ҳамаҷониба рушд меёбад, дониш меомӯзад ва афкори худро такмил медиҳад. Бегуфтугӯ, хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба тарбия бисёртар эҳтиёҷ доранд. Ба ибораи дигар, омӯзгорон хонандагони хурдсолро ба кадом рӯҳия тарбия намоянд, онҳо ҳамон гуна шакл мегиранд. Биноан, қисмати аъзами раванди таълимро мавзӯъҳои зебоипарастӣ, дӯстиву рафоқат, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, одоби ҳамидаву риояи тартибу низом, эҳтироми калонсолону устодон ва ғайра ташкил медиҳад. Кӯдак моҳияти масъаларо дар сурате дарк мекунад, ки мо онро бо дигар мавзӯъҳо алоқаманд ва дар заминаи далелҳои асоснок бозгӯйӣ кунем. Масалан, мавзӯи «Сулҳ — ваҳдат». Имрӯз ин мавзӯъ беш аз пеш барои мардум муқаддасу тақдирсоз аст. Омӯзгор метавонад онро аз муроҷиатномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз намояд.
Имрӯз тарбияи хонандагон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, масъулияти омӯзгоронро бештар менамояд.
Бинобар ин, зарур аст, ки насли ҷавонро аз хурдӣ дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то нуфузи сарзамини биҳиштосоямон – Тоҷикистонро болотар баранд.
Аъло Чупонова, омӯзгори МТМУ № 24-уми ноҳияи Фирдавсӣ