Худшиносии миллӣ аз рукнҳои асосии давлатдорист

№149 (3295) 15.12.2014

Танҳо ба туфайли Инқилоби Октябр ва бунёди Давлати Шӯравӣ ҳудуди сарзамини тоҷикон ( сарфи назар аз  ҳама хиёнату фитнабозиҳо, таҳрифи ҳақиқати таърихӣ, беасос аз худ кардани қисматҳои гуногуни ин сарзамин) то андозае муайян гардид ва ба давлатдории миллии тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ асос гузошта шуд. Тоҷикон дар даврони  шӯравӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Баъди пош хӯрдани ин давлати абарқудрат ҳама гуна робитаҳо бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  канда шуданд ва бори аввал имконияти таърихӣ ба даст омад, ки тоҷикон чун дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби истиқлолият гарданд.

Акнун моро лозим аст, ки барои беҳбудӣ ва мавҷудияту инкишофи ояндаи миллати хеш ҷаҳд кунем, баҳри ваҳдату  якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқолол кӯшиш ба харҷ диҳем, худшинос бошем. Худшиносии миллӣ аз  муҳимтарин сифати ҳар як миллати мутамаддин буда, муттаҳидӣ, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эҳтиёти зоти хешро дар бар мегирад.

Аз рӯзи  ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон сар карда, ҳаёти сиёсии мамлакат сол аз сол рӯ ба  осоиш, беҳбудӣ ва устуворӣ ниҳод. Ин дастоварди бузурги мо, бешубҳа, маҳсули фаъолияти бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати тоҷик умри дубора дод. Раванди  имрӯзаи демократикунонии ҷамъият, озодӣ ва ҳуқуқи  инсон дар ҷомеа, плюрализми сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан  ва виҷдон, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистон оварда расонидааст, инъикосгари сиёсати  дурусти давлат мебошад.  Рушди давлат ва миллат дар асоси принсипҳои  тамаддуни муосири ҷаҳонӣ ва  анъанаҳои миллӣ сурат гирифта истодааст. Омилҳои демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон бошад, дар барномаҳо  ва стратегияҳои  рушди миллӣ  инъикос  ёфтаанд. Ҳоло вақти он расидааст, ки паҳлуҳои гуногуни худшиносӣ ва шуури миллии тоҷикон ҳамчун мушкилоти мустақилу дорои аҳамияти муҳими таърихӣ мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гирад.

Икром ШАРИПОВ, ассистенти кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат