Хурофот инсониятро аз инсон мегирад

№3 (4743) 05.01.2024

КОЛЛАЖВақте қолаби фик­рии бештари ҷомеаро боварҳо ташкил медиҳанд, он гоҳ андеша бебун­ёд мешавад ва гирифтор ба догма мегардад. Дар ин ҳолат андеша побанди гӯрис­тони боварҳо мешавад. Фаҳми инсонҳо дар чордевори эътиқодашон маҳдуд мегардад.

Табиист, ки дар чунин навъи ҷомеа ҳар нафаре аз навандешӣ сухан мегӯяд, ӯ воқеан ба бархӯрди шадиди аҳли ҷомеа гирифтор мешавад. Вақте ин ба як низоми фарогир табдил меёбад, насл ба насли ин ҷомеа ҳамшабеҳи як дидгоҳи вомонда мешаванд. Махсусан, кӯдакон, ки ҷаҳонбиниашон шакл нагирифтааст, таҳти таъсири боварҳо монда, гумон мекунанд ҳама асолату воқеияти ҷаҳон дар он қиссаю ривоят ва афсонаҳое аст, ки аз тарафи  доиёни динӣ таблиғ карда мешаванд. Дар ин ҳолат андеша ва неруҳои инсонӣ хуфтаву пӯшида боқӣ мемонанд.

Вақте фард ба вомондагии фикрӣ мерасад, дигар ӯ ҳеҷ гоҳ кӯшиш ба харҷ намедиҳад, то аз ҳақиқатҳои падидаю ашё дарки воқеӣ дошта бошад. Ӯ маҷмӯи бовару хаёлоти худро асли ҷаҳон пиндошта, талош намеварзад аз неруи инсонии хеш истифода намояд. Афкори вомондаи таассубӣ инсонҳоро танбал месозад. Онҳо дар олами тахайюлии хеш гӯё ба роҳат мерасанд. Ҳамин аст, ки ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекунанд ҳамон навъи ҷаҳонбинии хешро канор гузоранд. Онҳо ҳамеша аз афроде, ки пурсишгаранд, ҷустуҷӯ менамоянд ва назари воқеӣ ба худу ҷаҳон доранд, дар ташвиш меафтанд.  Рӯҳониёни дин ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то авомро дар чорчӯбаи маърифати бовармандӣ нигоҳ доранд.

Ҷиҳати анҷоми ин кор аз тамоми воситаҳо истифода мекунанд, аз ҷумла тавассути хитобаву гӯишҳо, ки таърихан яке аз роҳҳои таъсиррасонӣ ҳамин амал будааст ва зимни ҷамъ овардани мардум дар фазои ибодатгоҳҳо аз ин усул кор мегирифтанд.  Дар даврони муосир бошад, тавассути тамоми воситаҳои коммуникатсионии муосир, аз ҷумла маҷаллаю рӯзномаҳо, расонаҳо, радио, телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ва ютубканалҳо ниҳоят зиёд истифода менамоянд.

Агарчи ин даста бо илм мухолифати  сахт доранд, вале барои нигоҳдошти таъсиргузории худ аз ҳамаи воситаҳо, ки аксари онҳо маҳсули кашфиётҳои илмианд, истифода менамоянд. Ин ҷо бояд хонандаи ҳушманду огоҳ ин назокатро дарк намояд, ки ҳар миллат ва ҳар кишвари пешрафта бо такя ба илму хирадгароӣ  ба чунин сатҳи баланди дастовардҳои муҳим ноил гардидааст ва инсонҳо танҳо аз ин роҳ метавонанд кишвари хешро пеш баранд, ҷойгоҳи хешро дар сатҳи минтақаю ҷаҳон боз ҳам тақвият диҳанд, неруҳои инсонии худро бишносанд.

Шарофати инсонӣ ҳам дар шинохти неруҳои созандаи худи инсон аст. Бояд ҳар як фардро тавре тарбия намуд, ки он аз неруҳои хуфтаи хеш огоҳ шавад ва онҳоро барои бароварда кардани ниёзҳои хеш ва боз ҳам саҳлу сода кардани мушкилоти зиндагонӣ истифода намояд. Ҳоло дар ҷаҳон китоб­ҳое ба нашр мерасанд, ки дар онҳо фақат дастовардҳои илмӣ ва ҷаҳонбинии илмиву дуня­вӣ таблиғ карда мешаванд. Ин навиштаҳо то имрӯз бисёр корсоз будаанд ва тавонистаанд мардуми зиёдеро аз таассубу хурофот берун оваранд.

Имрӯз замони он аст, ки инсонҳо дар бовару эътиқоди худ фардӣ кор гиранд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, то мушкили сиёсию иҷтимоии хешро аз роҳи дастовардҳои илмӣ бароварда созанд. Зеро вақте дине сиёсӣ мешавад, он дигар тамоми асолату бунёд ва қудсияти худро аз даст медиҳад. Ба дастгоҳи дурӯғгӯию шуъбадабозии сиёсатмадорон табдил меёбад. Он дар байни афроде, ки боварҳои гуногун доранд, тухми нифоқ кошта, ихтилофро ба миён меорад ва арзишу бовари онҳоро ночиз арзёбӣ мекунад. Вақте дин сиё­сӣ шуд, дар он адолату ростӣ ба бозичаи дасти гурӯҳҳои сиёсӣ табдил меёбад.

Инсони озода ва соҳибандеша бояд ҷаҳонро ба назари хирад дарк намояд ва бидонад, ки тамоми тамаддуни башарро инсонҳои огоҳ ва оқилу хирадманд сохтаанд, на инсонҳои ҷоҳилу хурофотӣ. Аз ин рӯ, бояд аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи донишпажӯҳӣ, илмгароӣ, соҳибандешагӣ, дар ҷустуҷӯи пайваста будан ва дарки моҳияти инсонӣ тарбия намуд.

Худошиносӣ бештар бояд хислати фардӣ дошта бошад, то хусусияти умумиву дастаҷамъӣ. Дар аксари ҷаҳонбиниҳои тавҳидӣ инсонро чунон вобастаю сарнавиштӣ талаққӣ мекунанд, ки аз он тамоми каромати инсониашро салб мекунанд ва мегиранд. Дар бештари гӯишҳое, ки аз тарафи рӯҳониёни дин ироа мешаванд, инсонро ночиз, вобаста, гирифтори сарнавишт ва бадбахт нишон медиҳанд. Дар ин навъи шинохт  инсон як мавҷуди вобастаест, ки берун аз чорчӯбаи афкори боварманд шинохтанаш ғайриимкон аст.

Чунин навъи баррасӣ бо улуми имрӯзаи инсоншиносӣ комилан дар мухолифат қарор мегирад. Ҳарчанд иддаои гурӯҳҳои боварманд ин аст, ки тамоми улуме, ки инсонро баррасӣ мекунанд, комилан бедалел ва ғайриақлонианд. Бештари чунин баррасиҳои инсоншиносӣ аз ваҳм, хаёл ва бофтаҳои зеҳнӣ иборатанд, ки ҳеҷ ба воқеияти инсону чигунагии он иртибот надорад.

Ҳарфе, ки решаи ҳақиқат надорад ва ба мантиқ созгор нест, онро ба ҳар навъе, ки тоб надиҳӣ, ҳамон қадар фиребу найрангаш ва бепоя буданаш ошкортар мегардад. Каломе, ки ҳамеша эътибори маъноии худро аз тас­вирҳои гуногун ба вуҷуд меорад, ба ҷуз аз эҳтимоле беш нест. Сухани шаффофу рост, ки решаи воқеият дорад, ба оинае монанд аст, ки фард метавонад худро дар он бидуни ҳар гуна ғаше бубинад. Ҳар матлабе, ки он пояи ақлонӣ надорад, ба мисли обест, ки гил­олуд буда, дар он шаффофият вуҷуд надорад ва наметавон аз он қаъри дарёро дид.

Кашфи ҳақиқат ба ваҳму хаёл эҳтиёҷ надорад, он бархоста аз фаҳму шуур аст. Ҳар қадар фаҳму шуур тавсия ёбад, хирад ба ҳайси мизони тамйизкунандаи ҳаққу ботил ҳар ҳукмро дар чорчӯбаи дастгоҳи мантиқӣ бармекашад ва хулосаи зарурии худро, ки инъикоси воқеият аст, дар бобати падида пешниҳод мекунад. Инсонҳое ҳастанд, ки ҳар гуна ҳарфу ҳиҷои иброзшударо бидуни таҳқиқ қабул мекунанд ва ҳар гуна эҳтимолотро ҳамчун ҳақиқат мепазиранд. Ин ҳас­тии бекарон чуноне нест, ки бар асоси салиқаҳои ноқиси фикрии аз зеҳни башар беруномада идораву фаҳм шавад.

Аксари тасаввуроте, ки инсонҳо дар бораи дунёи дигар доранд, аз эҳтимолоти тасаввури онҳо маншаъ мегирад. Ҳамин аст, ки дар ҳар низоми боварманд шарҳу тафсири дунёи дигар ва он чӣ ки марбут бар он аст, бо тафсирҳои гуногун ироа мешаванд. Аксарият чунин эҳтимолот ва афкори бархоста аз ваҳму хаёлу тасаввурро ҳамчун воқеияти айнӣ қабул мекунанд ва онро бештар аз рӯи тақлид, баъдан ба навъе аз одати ҳамешагӣ табдил медиҳанд. Вақте як амал ба масобаи одат ба инсонҳо табдил меёбад, онҳо дигар  ин амалро на бошуурона, балки таҳтушшуурӣ анҷом медиҳанд. Мутаассифона, аксари афкору аҳкоми боварманд бо ҳарфу ҳиҷоҳои тарсовар баён мегарданд, ки авом онро бидуни ҳар гуна таҳқиқ, аз рӯи ваҳшат қабул менамоянд. Аҷиб ин аст, ки онҳо ҳангоми баррасии ҳамин афкор мадраку далелҳоро аз сарчашмаҳое меоваранд, ки ҳеҷ гоҳ худи ин сарчашмаҳо ба далелҳои илмӣ исботшаванда нестанд. Инсони ба дарки воқеиятрасида, ки фаҳму шуури хешро такмил додааст, ҳар гуна ҳодиса, падида ё воқеаро аз назари илмию мантиқӣ бо суолгузориҳои  сабабу натиҷагирӣ матраҳ менамояд. Онро дар оинаи хиради худ ошкор месозад. Ҳамин аст, ки онҳо амалкардҳои хешро дар чорчӯбаи хираду мантиқ муқаррар мекунанд ва аз маҷмӯи таваҳуммоте, ки инсонро нигарон мекунанд, озоданд. Яъне, ба қавли мардум, на парвое ба рафтани биҳишт доранд ва на тарсе аз дӯзах, зеро амалкардҳои онҳо аз рӯи хирад маншаъ мегирад ва дар чорчӯбаи мантиқи солим ғунҷоиш дорад.

Аҷиб ин аст, ки баъзан дар баёни рӯҳониёни дин афкори инсонситезона, ки нобудии инсонҳоро  талқин мекунад, гоҳо ҳамчун ҳукме барои рафтан ба биҳишт арзёбӣ мешавад.  Яке аз решаҳои ҳамин гуна таваҳҳум  ва баррасиҳои инсонситезона аст, ки  гурӯҳҳои даҳшатафкану террористӣ онро ба худ шиор қарор дода, ҷони ҳазорон нафарро ба хотири рафтан ба биҳишт мавриди қурбонӣ ва ҳамлаҳои террористӣ қарор медиҳанд. Чунин афкор ва чунин навъи баррасӣ каромати баланди инсониро, ки аз хираду огоҳӣ маншаъ мегирад, қурбонии таваҳҳумот намудаанд. Чунин инсонҳо ҳеҷ гоҳ манзалати инсонии хешро фаҳм нахоҳанд кард.

Махсусан, вақте аз боварҳо сиёсат месозанд, он ба қиморхонае монанд мешавад, ки ҳеҷ барандае дар он вуҷуд надорад. Он бештар аз инсонҳо вуҷуду моҳияти инсониашонро салб намуда, аз онҳо як мавҷуди вобастаи дастнигар месозад. Аз инсон одаме месозад, ки фаҳми худро аз даст додааст ва ба ҷои он ки бештар ба ақлу фаҳм такя кунад, бештар ба ҳамоқат ва таваҳҳум такя мезанад. Яъне, инсонро аз худии ӯ ва хираду фаҳму шуур холӣ менамояд.

Исомуддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа