Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

DSC_1528Саҳни собиқ Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намуди идона дошт. Ороишоти ин майдон аз навиштаҷот ва шоҳбайтҳо дар васфи китобу китобхона ва заҳмати китобдор, гулу сабзаҳои баҳорӣ, тасвирҳои қаҳрамонони китобҳои бачагона иборат буд. Дар гирду атрофи саҳнае, ки барои ҷамъомади тантанавӣ ороста буданд, намоиш ва фурӯши китобҳо, асосан адабиёти бачагона, ташкил карда шуд.

Зери садои карнаю сурнаю доира ва кафкӯбии бачаҳо меҳмонон ба саҳни идгоҳ дохил шуданд. Ин ҳама ба хотири оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» созмон ёфта буд. Сабаби соли ҷорӣ дар ин макон баргузор гаштани фестивали ба ҳукми анъана даромада дар он аст, ки яке аз ташаббускорони чорабинӣ- Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар, ки солҳо боз иҷоранишин буд, акнун дар бинои собиқ Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номиАбулқосим Фирдавсӣ ҷойгир шуд. Алҳол як қисми ин кохи бузурги маърифат ба ихтиёри Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар гузошта шудааст.

Тантанаи идона аз шеърхонии наврасон ва намоиши театрикунонида оғоз гардид. Сипас, дар назди аҳли ҷамъомад вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов, шоиру нависандагон, масъулони фестивал суханронӣ карда, аҳли маърифат, дӯстдорони китобро табрику таҳният гуфтанд ва роҷеъ ба мақсад ва аҳамияти ин чорабинӣ ибрози назар карданд.

DSC_1441

Яке аз масъулони Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Авғонов дар робита ба ин чорабинӣ ба хабарнигорамон гуфт:

-Ба шарофати истиқлоли кишвар ва амну осоиш, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кори китобхонаҳо ва муассисоти тарғибу нашри адабиёт низ рушд ёфта, чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар сатҳи баланд баргузор мегарданд. Чанд сол аст, ки фестивали Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон низ аз нав эҳё гашта, дар оғози моҳи апрел, айёми шукуфоии табиат ва сарсабзиҳо дар тамоми гӯшаю канори кишвар баргузор мегардад. Мақсади асосии ин чорабинӣ тарғиби адабиёт, ҷалби наврасон ба китобу китобхона ва кашфи эҷодкорони ҷавон мебошад. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани фестивал мо бо дастгирии вазоратҳои фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кори зиёде анҷом додем. Барои мо навигарӣ ва хурсандиовар он аст, ки дар арафаи фестивали навбатӣ ниҳоят соҳиби бино шудем ва дар кохи бузурги маърифат, ки бо номи китобхонаи Фирдавсӣ машҳур буд, ҷой гирифтем. Инак, фестивал аз пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва то 9 апрел дар саросари кишвар идома меёбад. Дар ин муддат баробари намоишҳои китобӣ, викторинаҳо, озмунҳо, бо адибон, олимон, китобдорон суҳбату мулоқотҳои ҷолибу судбахш сурат мегирад.

Зимни ҷамъбасти фестивал иштирокчиёни фаъоли он бо туҳфаҳои хотиравӣ, дипломи фестивал, ифтихорномаю нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

Б.КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»