Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аст.
Бо мақсади бедор кардани ҳувияти миллӣ, расонидани таъсири нишонрас ба муҳити ҷиноятӣ, эътиқодӣ ва мазҳабӣ тӯли як моҳи охир ҳайати омӯзгорону хонандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ ва томактабии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳар рӯз қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ фаъолиятро бо хондани Суруди миллӣ шурӯъ менамоянд. Зеро ҳар як мисраи Суруди миллӣ ба бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, нангу номуси ватандорӣ, муқаддас донистани Ватани маҳбуб ва дӯст доштани арзишҳои волои инсонӣ боис мегардад. Замзамаи доимии он дар ташаккули афкори созандаву ягонасолории миллии ҷавонону наврасон нақши муҳим дорад.
Аз ин ҷост, ки ҳар рӯз зиёда аз 38 ҳазор тарбиятгирандаи муассисаҳои соҳаи маорифи ВМКБ машғулиятро аз Суруди миллӣ оғоз мекунанд. Ин усули таълим ҷанбаи тарбиявӣ дошта, дар замири насли наврасу ҷавон меҳанпарастӣ, миллатдӯстиро ҷой мекунад, барои ба воя расидани ҷавонон ҳамчун сарбози ояндаи нотарсу далери Ватан мусоидат менамояд ва дар самти пурра аз байн бурдани таъсири гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба ҷавонон нақши муассир дорад.
Бо хондани Суруди миллӣ наврасону ҷавонон аз таърихи кӯҳанбунёди халқи тоҷик, ниёгон, аз гузашта ва ҳозираи Ватан ифтихор намуда, ба маънои том мақсади ҳифзи марзу бум ва дӯст доштани кишварро дарк менамоянд, умеду боварй ва эътиқодашон ба фардои дурахшони ватан меафзояд.
Ҳамчунин, бо хондани Суруди миллӣ, ки дар ҳар ҳарфу ҳиҷо ва калимаю ибораи он бо забони ноби тоҷикӣ Ватан ба Модари ягона шабоҳат дода шудааст, дар қалби ҷавонон ғурур аз миллату давлати кӯҳанбунёди Тоҷикистон устувор мегардад.
Ин иқдом идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, дастгирии ташаббуси маорифчиёни ВМКБ дар муассисаҳои таълимии кишвар, новобаста аз шакли идорӣ, ҷавобгӯи манфиатҳои давлатию миллӣ хоҳад буд.
А. Абдуллоҳ