Иқдоми хеле муҳиму саривақтӣ

№12 (4908) 27.01.2025

20101089_lАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон (28-уми декабри соли 2024)  солҳои 2025-2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.

Марҳилаи муосир дар таърихи мавҷудияти инсон бо номи «Рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иҷтимоию фарҳангӣ» машҳур буда, ба рушди босуръати саноати технологӣ, ки маҳсулоти он қариб дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ истифода мегардад, такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин замина шабакаҳои телекоммуникатсионии ҷаҳонӣ пайдову васеъ паҳн гаштанд, ки боиси тағйироти назаррас дар муносибатҳои иҷтимоӣ гардид.

Зимнан, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ низ таъсири назаррас расонида, воситаи паҳнкунандаи иттилооти ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад. Дар замони муосир аксарият аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла смартфонҳо, планшетҳо, замимаҳои мобилӣ, интернет, почтаи электронӣ, платформаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои компютерӣ, махзани маълумот, низоми идоракунӣ, истифода мебаранд, ки дар сурати самаранок истифода  шудан метавон маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд бардошт.

Қобили зикр аст, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар шудааст. Тибқи моддаи мазкур фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад. Технологияи иттилоотӣ дар давраҳои банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабул, интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастрас намудани маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешавад.

Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ метавонад аз ҷумла, бо роҳҳои зерин амалӣ карда шавад:

- ҷойгир намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сомонаҳои расмии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (ба истиснои лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд);

- истифодаи сомонаҳои расмӣ бо мақсади муҳокимаи пешакии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- паҳн намудани иттилоот оид ба ҷаласаҳои мақомоти қонунгузор, дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Бо такя бо ин далелҳо метавон гуфт, ки технологияҳои рақамӣ яке аз воситаи асосии дастрасии маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, зеро  ба ин роҳ ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои худ зуруриро даст­рас намояд ё маълумоти зарурӣ гирад.

Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур медонем, ки корҳои зерин анҷом дода шаванд:

- Ташкили платформаҳои рақамӣ. Барои дастрасӣ ба аудиторияи васеъ ташкил кардани вебсайт ё барномаи мобилӣ бо маълумоти ҳуқуқӣ хеле муҳим аст. Ин платформаҳо бояд интерфейси истифодабаранда дошта бошанд ва дастрасӣ ба онҳо осон бошад.

- Мундариҷа. Барои ҷалб кардани таваҷҷуҳи истифодабарандагон мундариҷаи ҳуқуқӣ бояд бо забони сода ва фаҳмо таҳия шавад. Ин метавонад мақолаҳо, видеоҳо ва инфографикаҳоро дар бар гирад. Илова бар ин, таҳияи курсҳо ва тренингҳои онлайнӣ метавонад ба таълими мукаммали ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

- Истифодаи воситаҳои интерактивӣ. Гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳамчун платформаҳо барои мубоҳиса ва мубодилаи маълумоти ҳуқуқӣ истифода шаванд. Истифодаи чат-ботҳо барои ҷавоб додан ба саволҳои ҳуқуқии корбарон низ самаранок аст, зеро онҳо имкон доранд дар вақти воқеӣ маълумоти заруриро пешниҳод кунанд.

- Таълим ва таблиғ. Ташкили вебинарҳо ва эфир дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба таълими ҳуқуқӣ кумак намояд. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ барои паҳн кардани иттилоот ва баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ низ хеле муҳим аст.

- Мониторинг ва баҳодиҳӣ. Мониторинг ва баҳодиҳии фаъолияти платформаи рақамӣ барои фаҳмидани самаранокии он муҳим аст. Инро метавон тавассути гузаронидани назарсанҷиҳо ва ҷамъоварии фик­ру мулоҳизаҳои истифодабарандагон анҷом дод. Пас аз ҷамъо­варии маълумот ва баҳодиҳӣ, платформа ва мундариҷа бояд мутобиқи талабот ва ниёзҳои истифодабарандагон беҳтар шаванд.

Ҳамин тариқ, дар шароити муосир аҳамияти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ рӯз ба рӯз меафзояд ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва  дигар соҳаҳои кишвар хеле муҳиму саривақтист.

Баҳоваддин АНСУРЗОДА,

унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, 

Фирдавс ФОЗИЛОВ,

омӯзгори кафедраи ҳуқуқи мадании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон