Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи давлатдории мо нақши беназир гузоштааст. Он барои барпошавии сулҳу субот дар мамлакат заминаи воқеӣ гузошт. Мардуми гурезашуда аз нав сарҷамъ гашта, бенизомӣ барҳам хӯрда, камчинии озуқа бартараф шуд. Кишвари гирифтори гирдоби ҷанг наҷот ёфт, миллат ба сулҳу ваҳдат ва амният расид.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ соли 1992 дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ гузаронида шуд. Шаҳрвандони ҳама минтақаҳои кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузургро ба зимма гирифтанд. Баҳри ноил гардидан ва барқарор кардани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷаласа баргузор гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро муайян ва роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз байни даҳ номзад вакил интихоб гардида буданд, ҳамеша ба ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ нақши муассир мебозиданд. Сарвари давлат савганд ёд намуда, гуфтанд: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…».
Он замон муҳимтарин масъалаҳое, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардид, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ буд. Таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким бахшидани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андози даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа», «Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекс оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи аз андози арзиши иловашуда озод кардани роҳхатҳо ба табобатгоҳҳои санаторию курортӣ, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои солимгардонии тобистона», «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», «Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардан», «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» аз ҳамон ҷумлаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки қонуну қарорҳое, ки дар иҷлосия қабул шуданд, ҳамчун иқдомоти пайгиронаи Пешвои миллат имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкориву созандагӣ машғул шаванд. Дар иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис диҳад, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Дар муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо зерсохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва дигар муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуда, барои мустаҳкам намудани сарҳад чораҳои мушаххас андешиданд. Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирон бо дарназардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳолии ҷомеа як силсила қарору фармонҳо қабул кард. Афви умумӣ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, пеш аз ҳама, орду равған, зиёд намудани музди меҳнат, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳалли худро ёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, барқарор карда шуданд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом дод: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуда, тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошта, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро аниқ сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.
Хушбахтона, баъд аз барқарор гардидани сулҳу салоҳ Тоҷикистон зери сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба тараққӣ ниҳода, пайваста талоши онро дорад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз давлатҳои рушдкунандаи олам мубаддал гардад. Ҳоло ба кишвари шукуфон табдил ёфтани Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки солҳои наздик рушди боз ҳам бовусъат дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият моро интизор хоҳад буд.
Ҳар яки мо, пеш аз ҳама, сарфи назар аз синну сол, вазифа, қавм, авлод, маҳал, табақаи иҷтимоӣ ва динии худ бояд, ҳатман, ба рӯзҳои гузаштаи худ, хусусан таърихи иҷлосияи сарнавиштсоз фаромӯш насозем, онро омӯзем ва дарк намоем, ки муваффақиятҳои имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст.
Солҳо мегузаранд, аммо аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ рӯзафзун мегардад.
Илёс ҒАФФОРЗОДА,
муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор