Иҷлосияи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз

№146 (4566) 23.11.2022

АмонзодоИбтидои солҳои навадуми асри гузашта, дар як қатор ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ интиқоли қудрат ба таври осоишта сурат гирифта, дар давлатҳои дигар миёни доираи роҳбарии мавҷуда ва намояндагони ба тозагӣ арзи ҳастинамудаи созмону ҳаракатҳои гуногун барои сарварию соҳиби қудрат гардидан баҳсу мунозира авҷ гирифтанд. Ҷумҳурии мо низ ба саҳнаи воқеии бархӯрдҳои ҳамватанӣ мубаддал гашт.

Табиист, ки ҳар гоҳ низоми сиёсии давлатдорӣ тағйир ёбад, нофаҳмиҳо, норозигиҳо, мухолифатҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ ба миён меояд. Хушбахт он миллатест, ки дар чунин лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос фарзандонеро парваридааст, ки роҳи таъмини сулҳ ва якпорчагии миллату давлатро пеш гирифта, дар такя ба мардум ба тасдиқи қарорҳои судманд мепардозад. Баъд аз парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ барои мо — тоҷикон марҳалаи ниҳоят ҳассос ва душвор пеш омад, ки таъмини истиқлолияти давлатӣ ва ислоҳоти дастгоҳҳои давлатӣ дар як муҳлати кӯтоҳ, роҳбарияти олии кишварро вазифадор мекард, ки ҳар чӣ зудтар ҷаласаи ҳамдигарфаҳмию таъсиргузор ва ояндасозро даъват намоянд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз ҷумлаи он иҷлосияҳое мебошад, ки ояндаи кишвар, пешгирии миллат аз парокандагӣ, интихоби роҳбари оқилу доно ва таъмини амнияти миллиро поя гузошт.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат моҳҳои ноябр ва декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, яке аз рӯйдодҳои нодир ва сарнавиштсози асри гузашта ба ҳисоб рафта, тавонист раванди наверо ҷиҳати ба ҳам омадани миллат фароҳам оварад ва ба таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа асос гузорад.

Он исбот намуд, ки дар Тоҷикистон қувваи тавоное зуҳур кардааст, ки метавонад пеши роҳи харобиҳо ва моҷароҳоро гирад ва миллатро ба саодат расонад. Ҳукумати қонунӣ, ки дар ин иҷлосия сари қудрат омад, тавонист таҳти сарварии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор созад, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис диҳад, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад. Аввалин изҳорот ва аввалин баёнияҳои Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам!», «Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем» аз ояндаи нек башорат медоданд. Ин абармард аз қадамҳои аввал, саҳеҳтараш аз ҳамон соати ба сари қудрат омадан, тамоми азму иродаро ба муттаҳид кардани мардуми Тоҷикистон бахшиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён доштанд: «То он даме ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон барнагардонам, ман осуда буда наметавонам». Ин изҳороти таърихӣ ва сарнавиштсоз дар дили мардуми аламдидаи тоҷик шуълаи умедро ба оянда барафрӯхт, роҳи беҳбудии ояндаи Тоҷикистон ва ваҳдати миллии тоҷиконро муайян намуд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳукумати сифатан навро рӯи кор овард. Ҳукумате, ки таъсис ёфт, ҳақиқатан миллӣ, мардумӣ ва демократӣ аст. Бо вуҷуди душвориҳо ва мухолифатҳои бешумор ин ҳукумат миллати тоҷикро аз муқовимати сиёсӣ, ноамнию бесуботӣ ва ҷангу даргириҳои бемаънӣ раҳонид. Сулҳ овард, ки кишварро обод кард, халқро сарбаланд сохт. Сулҳе, ки онро тамоми ҷаҳон эътироф кард ва мавриди омӯзишу қобили ибрат донист.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ роҳро барои сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кушода, масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта тавонист. Манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузошт.

Интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ, таъсиси ҳукумат идомаи мантиқии қарорҳои дар Иҷлосияи XVI қабулгардида мебошанд.

Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик ва тоҷикистониён ҳамчун иҷлосияи наҷотбахш ва сарнавиштсози миллат сабт гардид.

Ба шарофати он тоҷик ва давлати тоҷикон аз гумномӣ наҷот ёфт ва барои ояндагон масири рушду тараққӣ муайян гардид.

Илҳом АМОНЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон