Чун офтоби тобони истиқлол болои Тоҷикистони азизи мо партавфишон шуд, ба дарди миллати мутамаддини тоҷик шуоҳои ҳаётбахши он дармон бахшиданду роҳи миллатро баҳри расидан ба қуллаҳои ҳанӯз кашфнашуда мунаввар сохтанд.
Таърифи истиқлолиятро беҳ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гумон аст, ки касе карда тавонад. Пешвои миллат фармудаанд: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Гузашта аз ин, истиқлолият маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
Дар даврони истиқлолият миллати бошарафи тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо комёбиҳои беназир ба даст овард. Дар роҳи истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Миллат ташаккул ёфту зиндагиаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Бо расидани истиқлолият ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Пирӯзии миллат ба аҳриманони ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар собит намуд, ки мо, воқеан ҳам, миллати мутамаддин ва дорои адабиёту фарҳанги беш аз ҳазорсола ҳастем.
Давлат дар ҷодаи пойдории адолати иҷтимоӣ, таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти қонун ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Хусусан, қонунҳои миллӣ, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардиданд, дар мамлакат як таҳаввулоти муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба амал оварданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи танзими анъна ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки чанде пеш 10-солагиашро қайд намудем, ба рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти халқ мусоидат намуд.
Ин қонуни воқеан ҳам зиндагиофар на танҳо дар эҳёи анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ нақши бунёдгарона гузошт, балки симои воқеии миллатро бо асолати таърихиаш аз нав барқарор кард. Миллати бунёдкору зебоиофару башарпарвари тоҷик, аз он расму оинҳои зарароваре, ки дар вақташ бо ҳар роҳ ба зиндагии мардум ворид шуда буданд, раҳоӣ ёфта, ба асли хеш баргашт, ки ин боиси пастшавии сатҳи камбизоатӣ, сарфаи буҷаи оилавӣ ва зиндагии шоистаи халқ гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад, дар таърихи қонунгузории олам беназир ва боадолаттарин аст. То қабули ин қонун муносибати волидон бо фарзандон ва фарзандон бо волидон кори шахсӣ ва ахлоқӣ шумурда мешуд. Акнун тибқи қонуни мазкур иҷро накардани уҳдадорӣ аз ҷониби фарзандон ҷиҳати нигоҳубин ба таъмини волидони пиру барҷомонда боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Таърихи давлатдории тоҷикон ва умуман ориёиён, ёд надорад, ки қонун барои соҳибмаърифат шудани фарзанд волидонашро вазифадор карда бошад. Адолатпарвартарин шоҳи ориёӣ Анӯшервони Одил маҳсуб меёфт. Дар ҳамон замони ба қавле тиллоии давлатдории ориёиҳо, на ҳамаи табақаҳои ҷомеа ҳуқуқи таҳсили илм доштанд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсии Тӯсӣ ҳикояе омадааст, ки мазмунаш чунин аст:
Дар ҷараёни ҷанги Қайсари Рум ва Анӯшервон хазинаи Сосониён холӣ шуд. Анӯшервон бо Бузургмеҳр машварат намуд. Қарор бар он шуд, ки аз бозаргонон қарз бихоҳанд. Як мӯзафурӯш иброз дошт, ки тамоми қарзҳоро пардохт мекунад, ба шарте ба фарзанди ягонааш иҷозати таҳсил дода шавад. Анӯшервон розӣ ба таҳсили кӯдак нашуд, зеро он замон ба табақаҳои поёнӣ иҷозати таҳсил дода намешуд:
Бад-ӯ гуфт шоҳ, эй хирадманд мард,
Чаро дев чашми туро хира кард?
Бирав ҳамчунон бозгардон шутур,
Мабодо к-аз ӯ сим хоҳем зар.
Бубинед, ки тафовут аз куҷо то ба куҷост. Он замон ба ивази симу зар ҳам табақаи поёнӣ таҳсил карда наметавонист. Дар давлати ҳуқуқбунёди мо бошад, қонун волидонро вазифадор мекунад, ки фарзандонашонро хононанду бомаърифат гардонанд, барои бемасъулиятӣ нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд ҳатто ҷазо дода мешавад.
Истиқлолият ба миллати тоҷик ҳама чизро дод — шаъну шараф, иззату икром, обу замин…, аз ҳама муҳимаш истиқлолият ба сари қудрат Эмомалӣ Раҳмонро овард. Эмомалӣ Раҳмон бошад, барои миллату Ватан ваҳдату шуҳрату хуррамӣ бахшид.
Забони ноби тоҷикӣ аз минбари СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ садо дод.
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра низ ҳиссаи босазо гузошта истодааст. Хусусан дар масоили марбут ба об мақоми пешвоиро касб намудааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутериш ҳангоми боздид аз кӯли Сарез Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар истифодаи самаранок ва оқилонаи об намунаи ибрат гуфта, қайд намуда буд: «Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин усули истифодабарии об сабақ биомӯзад ва ба он пайравӣ намояд».
Ин ҳама обрӯ, нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз шарофати истиқлолият ва хиради волои Пешвои миллат аст, вагарна ин обҳо асрҳо боз аз кӯҳсорони мо ҷорӣ мешуданд. Аммо касе аҳамияти бузурги онҳоро дарк карда наметавонист.
Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 дар табрикоти худ ба шарафи солгарди сеюми эълони Истиқлолияти Тоҷикистон тавассути телевизион гуфта буданд: «Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлолият ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накукорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад».
Аз ин рӯ, дӯст доштану ба ҷону тан муҳофизат намудани Ватан, меҳнати фидокорона баҳри пойдории рукнҳои истиқлолият, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ бояд дар дилу ҷон ва рагу пайванди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маъво гирифта бошад.
Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа,
судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод, унвонҷӯйи кафедраи ҳуқуқи «Соҳибкорӣ ва тиҷорат»-и ДМТ