Тоҷикистон кишварест, ки сол то сол дар дилу дидаи оламиён роҳ меёбаду ҷумла ҳаводоронашро мусаххар месозад:
Тоҷикистон, эй «замини камзамин»,
Хурраму сарсабзу шодобу ҳасин.
Тоҷикистон, эй нигори рангу нур,
Эй диёри накҳату кайфу сурур.
Эй ба хубӣ рӯкаши ҳафт осмон,
Эй ба дунё хиттаи ҷаннатнишон.
Кишвари зеботарини Осиё,
Ифтихори сарзамини Осиё.
Хоки ту лаъли гарон мепарварад,
Нахлҳои гулфишон мепарварад.
Сурмае з-ин хок дар чашмам расид,
Олами нав дар назар омад падид.
Дар ҳақиқат ман аз онбино шудам,
Рӯшиноси мардуми воло шудам.
Мардумони сахткӯшу нармдил,
Абри раҳмат дар ҷаҳони обу гил.
Хушҷамолу хушхисолу покбоз,
Меҳрубону мушфиқу меҳмоннавоз!
Ин шеър, ки таҷассумгари муҳаббати хоксоронаву ошиқона ба Тоҷикистон аст ва нигоҳи пурмеҳру таъсирбахш дорад, ба қалами дӯстдори илму адаб ва фарҳанги волои тоҷикон дар сарзамини Ҳинд, устод ва раиси бахши форсии Донишгоҳи исломии Алигарҳ, профессор Вориси Кирмонӣ мутааллиқ аст. Вориси Кирмонӣ муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик мебошад ва зимни сафарҳояш ба Тоҷикистон аз обу гил ва ҳар мавҷудоти сарзамини тоҷикон ба ваҷд омада, дар шаҳри «дилорои Душанбе» ҳамин мисраъҳоро рӯйи коғаз овардааст. Яъне, ин нигоҳест аз берун ба воқеияти Тоҷикистони азиз!
Тоҷикистон ва васфи онро на танҳо Вориси Кирмонӣ ва ҳамин шеър аламбардорӣ менамоянд, балки ҳазорон гуфтаву суфтаҳои бурунмарзиён арзи шириниву дилкашиву тобнокии ин кишвари офтобиро кардаанд. Тозабунёдиву тозаободӣ ва тозакориву тозаҷӯйиҳои Ҳукумати Тоҷикистон тақвияти гуфтаҳои болоанд. Ҳадафи сиёсиву иҷтимоии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар низ густариши ҳама соҳоти зиндагии мардуми ҷумҳурист. Ба худ маҳкам шудан ин дифои хеш аз «сели бало»-ҳост ба қавли аллома Иқбол:
Гар ба худ маҳкам шавӣ, сели балоангез чист,
Мисли гавҳар дар дилидарё нишастан метавон.
Чунин аҳдоф ва чунин раванди густаришро дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон васеъ ва хеле ҷолиб дарёфт. Дар Паём масоили гуногуни дархӯри ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус роҳнамову дурнамои амал барои таълиму тарбия ва парвариши насли наврас ва ҷавонон мавриди нигориш қарор гирифтааст. Дар иртибот аз ин Президенти кишвар таъкид менамояд, ки «мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳама тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем».
Вобаста ба таъминоти кадрҳои зарурӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногун ва омодасозии кадрҳо дар Паём омадааст, ки «бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатҳи байналмилалӣ нақшаи дурнамои тарбияи кадрҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он таҳия намуда, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии мактабҳои олии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд». Чунин тадбирҳо, ки мисолаш дар фазои маорифи Тоҷикистон кам нестанд, сол то сол зиёдтар мешаванд ва қисмати халои илму маърифатро пурратар мегардонанд. Албатта, тарбия ва ба воя расонидани кадрҳои мавриди зарурати ҷомеа чандон кори саҳл нест ва ин ҳама гузариши вақту фурсати муайянро металабад. Яқин аст, ки барои комёб гаштан ба чунин нияту ҳадафҳо базаи моддӣ, маънавиро барои тайёр намудани мутахассиси комил таъмин намуд. Ин аз муҳимтарин омилҳост, ки имрӯз мутахассисони ҷавон бештар танқисӣ мекашанд.
Худшиносиву худогоҳӣ аз муҳимтарин талқинҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки реша бар таърихи бою рангини мардуми тамаддунофари сарзамини тоҷикон дорад. Ин ақидаро ҳанӯз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва баъдан Аллома Иқболи Лоҳурӣ бинои ҳастӣ ва ҷавҳари бунёду такомули ҳар фард медонистанд. Иқбол ба забони урду шеъре сурудааст, ки мазмуни он муҳтавои ватандориро комилан саҳеҳу сареҳ ифода мекунад: «Аз шишагарони Ғарб бипарҳез ва аз ғанимате, ки аз онон мегирӣ, сарфи назар кун ва сафоли ҳиндиро бо ҷоми булӯрини ғарбӣ иваз макун». Яъне, ҳама чиз дар як он ва осон ба даст нахоҳад омад. Ҳама гуна тағйирот ва навоварӣ муҳлату фосилаи муайяни таърихиро талаб мекунад.
Ба маънии дигар, худшиносӣ бидуни худогаҳӣ буда наметавонад. Ин ҳар ду омил танҳо дар натиҷаи парвариши тифлони навзоду кӯдакони наврас ва аҳли ҷавонони ҷомеа ба даст хоҳад омад. Ҳамин низ мунтаҳои ҳадафҳои Паёми Президенти кишвар мебошад. Мувофиқан, имрӯз мо — зиёиёнро лозим аст, ки таҳти ҳамин ҳадафҳо реҷаву дурнамои таълиму тарбияи донишҷӯёнро бармало созем, зеро таълиму тарбия ҷузъе аз фарҳанги миллат маҳсуб мешавад ва василаест, ки тавассути он фарҳанг пойдор мемонад. Яъне, ба маънои дигар таҳсил, таълим ва тарбия — аз ҳар ҷиҳат бо фарҳангу ормонҳои иҷтимоии миллат иртиботи ногусастанӣ дорад. Кӯшиши ҷудоиандозӣ миёни ин ҳар ду омил танҳо ба фоидаи қавму миллат нахоҳад буд. Чун ба парвариши идеалҳои ояндаи миллату кишвар машғул бошем, бояд дар назар бигирем, ки таълимгирандаву тарбиятгиранда намоёнгар ва намояндаи фарҳанги мардуми мо дар ҳоли ҳозир, дар ояндаи наздик ва барои наслҳои баъдина хоҳад буд.
Донишандӯзӣ ва хосатан дониши муосир ба даст овардан, воқеан аз бузургтарин дастоварди ҳар миллату қавми ҳозира мебошад, зеро илму фарҳанги ҷаҳони имрӯзӣ бо суръати чашмзане пеш меравад ва мо комилан ҳуқуқи маънавии бозмонӣ аз ин корвонро надорем. Назардошт ва нишондоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамин равона шудааст.
Аслан таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба тақвияти сутуни оила, баланд бардоштани мавқеи марказҳои таълимӣ дар омӯзонидани насли наврас ва муҳимияти саҳми падару модар дар парвариши кӯдак аз ҷониби Сарвари давлат рӯшангари дилсӯзиҳо ба миллат мебошад ва нодида гирифтан ва саҳл пиндоштани ин омилҳо комилан нодуруст аст. Танҳо дар пайгирӣ аз ин сиёсат, дар пиёда намудани чунин аҳдоф, дар пеш бурдани ҳамин нукот, дар истодагарӣ аз ин иқдом метавон саҳмгиру дастгири ояндаи миллати тоҷик буд. Миллате, ки ҳазорсолаҳо барои ба даст овардани мустақилият интизорӣ мекашид ва ҳам акнун мебояд ба қадри истиқлолу меваҳои ин тозабоғ расид. Таваҷҷуҳ намоем ба ин нукта, ки: «Мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем…». Чунин ҳадафҳоро мо дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ва дар паёмҳои пешин низ мебинем. Ин таъкиду бозгӯиҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон худ далели он аст, ки ин маҳакҳо муҳаррике мебошанд, ки миллатро ба ояндаи амну пурнур раҳнамун месозанд.
Барои пиёда намудани раванди рушди ҷомеа ва муҳити солим, алалхусус миёни ҷавонон, бояд пайваста заҳмат кашид ва аз тамоми васоити мавҷудаи таълиму тарбияи замонавӣ истифода бурд. Танҳо илму маърифати комил метавонад кафили нумуи кишвари бостонии тоҷикон гардад. Дар ин ҷода ҳама аҳли зиё ва ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд саҳмгузор бошад, ки мо ба ин бовар ва умед дорем.
Ҷовид ХОЛОВ,
ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент