Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Рӯзи матбуоти тоҷик — 11 марти соли равон дар идораи нашрияи Ҳукумати мамлакат — «Народная газета» маросими ботантанаи ифтитоҳи китобхонаи нав баргузор гардид.
Дар он сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, бархе аз сармуҳаррирони нашрияҳои давлативу хусусӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Сармуҳаррири нашрияи «Народная газета» Маҳбуба Камолова китобхонаро хазинаи илму ирфон ва таърих, махзани хирад ва ганҷинаи маърифат номида, иброз намуд, ки ташкили китобхонаҳо дар муассисаҳо воситаи хуби рафъи хастагӣ ва оромбахшӣ пас аз анҷоми кор мебошанд.
- Боиси хушнудист, ки бо ибтикори Сарвари давлат ду сол боз дар кишвар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад, ки ба рушди зеҳнии насли ҷавон, тарбияи ахлоқи нек, забономӯзии онҳо равона гардидааст, — гуфт Маҳбуба Камолова ва афзуд: — Воқеан, Пешвои миллат дар чанд Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз мутолиаи ками насли ҷавон, кам ба фурӯш рафтани китобҳо изҳори нигаронӣ карданд. Дар робита ба ин, дар Паёми соли гузашта масъалаи дар ҳар муассиса ташкил кардани китобхонаи алоҳида зикр шуд.
Инчунин, қайд гардид, ки дар пурра гардонидани хазинаи китобхона саҳми Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон назаррас буда, айни ҳол дар он беш аз ҳазор номгӯйи китоб, аз ҷумла, асарҳои Пешвои миллат, осори адибони мамлакат, энсиклопедияҳо, луғатҳо ва асарҳо оид ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон мавҷуданд.
Н. НИЗОМӢ,
«Садоми мардум»