Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази педагогикаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов ширкат варзида, доир ба аҳамияти маркази мазкур сухан ронд. Ба қавли мавсуф, ин марказ аслан барои муҳассилини риштаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, вале кормандони кӯдакистонҳои мамлакат низ метавонанд дар ин макон такмили ихтисос намоянд.
Ҳамчунин Абдуҷаббор Раҳмонов таъкид намуд, ки муаллимон метавонанд дарсҳои амалии хешро низ дар ин марказ баргузор кунанд. Ҳамзамон меҳмонони бурунмарзӣ, аз қабили шаҳрвандони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Туркия, Франсия, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ғайра, ки пайваста ба донишгоҳ ташриф меоранд, зимни аз ин макон дидан намудан метавонанд, доир ба таърихи куҳан, фарҳанги волои миллии мо, тоҷикон, тасаввуроти амиқ пайдо кунанд.
Мавриди зикр аст, ки Маркази педагогикаи миллӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, чор тарафи девори он бо сӯзаниҳою кашидадӯзиҳои дорои нақшҳои гуногун оро дода шудаанд. Мизу курсиҳои хоси истеҳсоли худӣ, ки барои нишасти кӯдакон пешбинӣ гардидаанд, дар Парки технологии донишгоҳ сохта шудаанд.
Ректори донишгоҳ таъкид кард, ки ҳар духтари тоҷик, ки оянда модар аст, бояд ҳатман тарзи дурусти муносибат бо кӯдакро донад. Дар ин марказ маҳз тарзи дурусти нигаҳбонӣ ва тарбияи кӯдак, аз ҷумла дуруст дар гаҳвора бастан, суруди алла хондан ва ҳоказо омӯзонида хоҳад шуд. Дар ин ҷо шакли дурусти дастурхонороӣ, меҳмондорӣ ва одоби муошират низ таълим дода мешавад. Ректор ба роҳбари маркази мазкур, профессор Б.Маҷидова супориш дод, ки барои мукаммал гардидани марказ равобити ҳамкориро бо кулли кӯдакистонҳо тақвият бахшад ва дастурҳои зарурии таълимию методиро таълиф намояд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»