Таърихи дуюми июли соли 2015 ҲНИТ дар сомонаи интернетиаш (http://nahzat.tj/14822-raesati-olii-nit-tojikiston-niez-ba-mudohilai-smm-va-kishvarhoi-kafili-sulh-dorad.html) матлаберо ҳамчун муроҷиатнома ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва як қатор кишварҳои хориҷ пешкаши хонандагон гардонидааст. Дар муроҷиатномаи мазкур омадааст, ки: «Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) зарур шуморид ва ба чунин қарор омад, ки бо дарназардошти вазъи номуносиби бавуҷудомада дар Тоҷикистон, бахусус амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф ба Шумо муроҷиат намояд».
Аз эпиграф ё оғози муроҷиатнома маълум аст, ки он найранг ё ҳилаи дигари ҲНИТ буда, мисли солҳои 90-уми асри гузашта ба чашми созмонҳову ташкилотҳои сулҳхоҳи минтақавию ҷаҳонӣ «хок мепошад», зеро мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият намояндагон ва пайравони ин ҳизб чӣ тавр мардумро ба майдонҳо хонда, зери шиорҳои демократӣ чӣ қадар ваҳшоният ва хунрезӣ карданд. Бо ин амалҳои фиребгаронаи худ ҳаракату ташкилотҳои озодихоҳу истиқлолҷӯйи миллие, чун «Растохез» ва демократҳоро гӯл зада, аз фикру андешаҳои онҳо ба манфиати хеш истифода намуданд ва эшонро дар назди халқу Ватан хиёнаткор нишон доданд. Мисоли ҷадиди чунин амалҳои номатлуб ва ноҷавонмардонаи аъзои ҲНИТ соли 2013 дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиреб додани роҳбари ҲСДТ Раҳматулло Зоиров ва аъзои ин ҳизб маҳсуб меёбад. Дигар амали ноҷавонмардонаи аъзои ҲНИТ он аст, ба аҳзоби дигар «ҳизб-ут-шайтон», «ҳизби кофирон» ва номҳои таҳқиромез ва ришханддорро пайванд дода, мардумро муқобили ҳам мешӯронанд. Савум амали номатлуби намояндагони ин ҳизб аз он иборат аст, ки ҳар амали ба нафъашонбударо ҷонибдорӣ мекунанд (агар чӣ муқобили ислому мусалмонон ва расму русуми шариат бошад) ва ҳар амале, ки ба манфиати эшон нест, онро нодида мегиранд. Амали чаҳоруми бар хилофи арзишҳои инсонибудаи онон ин аст, ки ҳуқуқҳои намояндагони дигар дину мазҳабро нақз намуда, онҳоро бо шиорҳои «кофир», «мулҳид», «даҳрӣ» таҳқиру дашном медиҳанд. Панҷум амали зиддифарҳангии эшон он аст, ки сарчашмаи асосии фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро аз оғози асри VII медонанд ва фарҳанги пешазисломии халқи тоҷикро нодида мегиранд.
Ҳамин тариқ, ҳар як инсони солимақли кишвар ба хубӣ медонад, ки ҳилаву найранг ва амалҳои зиддиинсонию зиддифарҳангии ҳизби номбурда чунон зиёданд, ки шумориданашон кори душвор аст. Бо ин ҳама намояндагонаш мехоҳанд, ки худро дар назди халқу Ватан «мусичаи бегуноҳ» нишон дода, гуноҳи кардаашонро аз хотири мардум зудоянд. Вале намедонанд, ки ин амали онҳо аз хотираи таърих ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад! Аниқтараш инро хуб медонанду ба хотири манфиатҳои шахсӣ аз баҳри миллат мегузаранд. Аз таърихи истилои араб маълум аст, ки маҳз ҳамин гуна инсонҳо ва гузаштагони ҳамин фурсатталабону манфиатҷӯён буданд, ки мардуми бегона фарҳанги биёбониашро бар сари ниёгони мо бо зарби шамшер бор кард.
Раёсати ҲНИТ ин ҳамаро сарфи назар карда, боз аз созмонҳои «кофирон» мадад мехоҳад, ки ба додашон бирасанд ва ин амал ҳеҷ мантиқ надорад. Чунки то ин вақт аъзои ҲНИТ тамоми нобасомониҳоро кори дасти ИМА ва Ғарб, тамоми мардуми Аврупо ва ИМА-ро кофиру бедин, кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва Австралияро лагандбардорони Ғарб унвон карда, дар ҳаққашон суханони носазоро раво медиданд. Имрӯз бошад, аз созмоне дасти ёрӣ металабанд, ки беш аз 50 фоизи маблағашро ИМА ва дигар кишварҳои Аврупо таъмин менамоянд. Аз ин навишта бармеояд, ки гуфтор ва амали Раёсати ҲНИТ ба ҳам мувофиқ наомада, инсони касалмандеро мемонад, ки фикраш дар ҳаво, вале дар замин қадам мезанад. Рафтори дигари ғайримантиқии Раёсати ҲНИТ ин аст, ки боз зери шиорҳои демократӣ ва демократигуна пинҳон шуда, худро мисли «обсофкунак» поку беолоиш нишон доданӣ аст.
Магар ин намояндагони ҲНИТ набуданд, ки нони муаллимро ҳаром ва номҳои миллие чун Ҷамшед, Рустам, Фаридун ва ғайраро исмҳои кофирӣ эълон намуданд? Оё узви ҲНИТ набуд, ки дар ноҳияи Вахш таҳти фатвояш хонаи устод ё муаллими мактабро оташ заданд? Аъзои ҲНИТ буданд, ки дар дигар шаҳру навоҳии кишвар, ба монанди Панҷакент, Рашт, Фархор ва ҳоказо даст ба корҳои бад заданд. Аз гуфтани дигар амалҳо ва кирдорҳои ношоистаи бисёре аз аъзои ҳизб ба хотири ҳаммеҳанию ҳаммиллатӣ худдорӣ мекунем.
Имрӯз бошад, роҳбарияти ҳизби мазкур ҳамаи амалҳои ҳамҳизбонашонро нодида гирифта, бо навиштани муроҷиатномаю дархост сарсону саргардонанд. Аниқтараш, сарсону саргардон нестанд, балки пайт ҷуста истодаанд, ки баҳонае ёфта, боз ҳаводиси солҳои навадуми қарни ХХ-ро такрор намоянд. Аз ин амали ношоистаи онон имрӯзиён бохабар шуда, ба ҳеҷ ваҳҷ намегузоранд боз баҳманмоҳҳои хунин рух дода, амвоҷи мардуми камбизоату аз сиёсатдурмонда ба майдонҳо резанд.
Ростӣ, пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои диндорону рӯҳониён шароити мусоид фароҳам шуд. Аксари мардум барои ба ҳаҷ равон кардани мардум, сохтмони масоҷид саҳмгузорӣ карданд. Ҳамин буд, ки имрӯз шумораи масҷидҳо аз дабистон бамаротиб зиёд, аниқтараш ба сари тақрибан 60 нафар як масҷид ва барои зиёда аз 450 хонанда як мактаб рост меояд.
Пас ҷанобону оқоёни ҲНИТ даъвои беҳуда накунанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли ин солҳо ба онҳо ҳеҷ чиз накардааст. Давоми 18 соли ба имзорасии Созишномаи мавриди назар майдон ба ихтиёри аъзои ҲНИТ буд.
Боқӣ қазоват ба ихтиёри намояндагони Раёсати ҲНИТ ва пайравони онҳост. Қотеъона мегӯем, ки мо ҷонибдори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ буда, баҳри таҳкими он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода хоҳем кард.
Валиҷон КАМОЛОВ