Табиби ман - ҳабиби ман

Илмаш ба амал ёр аст

№129 (4549) 19.10.2022

МуродовЧанде пеш иттилоъ гирифтам, ки барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Алишер Муродов дар  муддати кӯтоҳ дар ҳаммуаллифӣ бо ­Х. Ибодов, Т. Икромов, А. Одиназода, А. Муродов С. Расулов, А. Ҳамидов ва О. Шамилина чандин китоб, аз ҷумла «Механизми инкишофи патологии рено — пулмоналӣ — кардиалии бемории музмини гурдаҳо дар кӯдакони гирифтори уролитиаз», «Вазифаи  шушҳо дар инкишофи вайроншавии функсияҳои узвҳо бо норасоиии шадиди гурдаҳо дар кӯдакон», «Фаъолияти метаболикии шушҳо ва майнаи сар дар марҳилаи шадиди садамаи омехта» ва  «Оксидкунии ғайримустақими электрохимиявии хун дар муолиҷаи саратони сина» — ро таълиф намудааст. Китобҳо фарогири масоили марбут ба бемориҳои гурда, ҷигар, саратони сина ва бемориҳои хос ба калонсолону навзодон буда, роҳҳои табобати онҳо нишон дода шудааст.

Муаллифон, ки  дар мамлакат ва хориҷ аз он мақому ҷойгоҳи баланд доранд, дар заминаи пажӯҳиши амиқу доманадор паҳлуҳои то ҳол норавшани бемориҳои зикршударо ифшо намудаанд, ки аз лиҳози моҳият метавон онҳоро дастовардҳои арзандаи бахши тандурустии кишвар арзёбӣ кард.

Алишер Муродов яке аз намояндагони сулолаи табибони варзидаи мамлакат — Муродовҳо маҳсуб ёфта, тавонистааст, ки обруву нуфузи падари бузургвораш — асосгузори соҳаи анестезиология ва эҳёшиносӣ дар Тоҷикистон Мухтор  Муродовро на танҳо ҳифз намояд, балки онро равнақ бахшад. Ин номбардори падар аз он ифтихор дорад, ки расми қиблагоҳаш ба ҳайси ҷавонтарин профессори кишвари шӯравӣ Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи шаҳри Москваро ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта зеб дода буд, зеро ӯ дар синни 34-солагӣ ба унвони доктори илмҳои тиб ва профессор мушарраф гардид. Дар таъсиси шуъбаи анестезиология ва эҳёгарии Бемористони клиникии №5 ва кафедраи ҳамноми он дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино муваффақ гардида, барои рушди ин соҳа саъй намуд. Профессор Мухтор Муродов баробари фаъолияти илмиву эҷодӣ ва таълифи даҳ асари монографию ихтироъҳои зиёде дар тарбияи шогирдон низ саҳми арзанда гузоштааст. Таҳти роҳнамоии ӯ чор доктори илми тиб ва 16 номзади илми тиб дар бахши анестезиология ва эҳёгарӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд.

DSC_7947Алишер Муродов низ парвардаи мактаби падар аст, ки бо ҳидояти ӯ ба ин пеша майл намудааст. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз обруву эътибори падар суиистифода накарда, баробари таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолияти парасториро дар беморхона идома дода, таҷриба андӯхт. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ низ муддати ду сол дар ҳамин бахш хидмат намуд. Баъди адои хидмат таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, ҳамзамон таҳти роҳбарии падар — устод ба фаъолияти илмӣ шурӯъ карда, донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуд, вале марги беамон нагузошт, ки падар идомаи фаъолияти ӯро бубинад. Баъди хатми донишгоҳ, дар шуъбае, ки бунёди онро падараш гузошта буд, корро оғоз кард. Шабҳои бедорхобӣ, ҷаҳду ҷадал барои ба ҳаёт баргардонидани ҳар як бемори беҳису карахт, ҷустуҷӯву таҳқиқи муфассали сабабҳои беморӣ ва дарёфти роҳҳои ба ҳаракат овардани ин ё он узви  аз кор бозмондаи беморон ӯро водор менамуданд, ки  мунтазам омӯзад.

Ин ибтикорот самар оварданд ва ин олими ҷавон пас аз ду соли хатми донишгоҳ бо дифои рисолаи номзадӣ, бемории ҳанӯз дар тиб номаълум — синдроми наверо кашф намуда, «Синдроми Муродов» ном гузошт.

Бармаҳал, дар синни 33-солагӣ рисолаи докториро дар мавзӯи «Қатъ шудани фаъолияти ғайринафасии шуш ҳангоми осеби шадиди шуш» дар Академияи тиббии баъдидип­ломии шаҳри Санкт-Петербург бомуваффақият дифоъ намуда, дар синни 34 — солагӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия сазовори унвони профессор гардид. Аввалин асари монографиаш «Аломати қатъ шудани кори ғайринафасии шуш», ки барои мутахассисони соҳа чун обу ҳаво зарур аст, дар ин бахш марҳилаи сифатан навро оғоз бахшидааст. Дар асари  дигари монографӣ «Аломати хунравӣ ва осеби он ба кӯдакони навзод» номбурда дар заминаи таҳлилҳои амиқу доманадор  осеби мушаххаси хунравии шадидро  ба ҳар як аъзои бадан муфассал ва аниқ нишон додааст.

Қаблан номбурда чор китоби дарсӣ — «Ҳаводиҳии сунъии шуш ҳангоми тангии нафас», «Усулҳои умумии муолиҷа ҳангоми заҳролудии шадид», «Усулҳои карахткунии ҷузъӣ дар таҷрибаи ҷарроҳӣ ва гинекологиву момодоягӣ» ва «Эҳёсозӣ ва муолиҷаи босамар ҳангоми заъфи шадиди дилу раг»-ро таълиф карда буд.

Ҳанӯз 35 — сола буд, ки  ба тарбияи шогирдон иқдом намуд. Таҳти роҳбарии ӯ шаш рисолаи докторӣ ва 30 рисолаи номзадӣ дифоъ гардиданд, ҳоло 5 нафар баҳри ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва се нафар барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ фаъолият доранд. Иншои 9 китобу 6 монография, зиёда аз 320 таълифоти  илмӣ, соҳиби 5 патент, 44 пешниҳоди навоварӣ барои ихтироот будан ва ғайра бозгӯйи фаъолияти пурмаҳсули ӯст.

Дастовардҳои қаҳрамони матлаб замина фароҳам оварданд, ки соли 2000 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ гардад. Боиси ифтихор аст, ки ин ҳамватани мо давоми 14 соли охир раисии Шӯрои диссертатсионӣ доир ба анестезиология ва реаниматологияи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россияро ба зимма дошт. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои зиёди илмӣ мебошад.

Соли 2009 бо ордени «Шараф» дараҷаи II мукофотонида шудааст. Бо мукофотҳои соҳавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сарфароз гардидааст.

Айни ҳол ба ҳайси мудири кафедраи тибби иферентӣ ва муолиҷаи интенсивии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДТБКСТ), раиси Шӯрои диссертатсионӣ доир ба анестезиология ва реаниматология дар назди ДТБКСТ, сармутахассиси ғайривоҳидӣ оид ба илоҷи ихроҷӣ ва табобати боҷадали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти назаррас дорад.

Фарзандонаш низ бо донишу рафтори намунавӣ номбардорони сулола будани худро собит намудаанд. Фарзанди калониаш — Ардашер Муродов дар  25 — солагӣ рисолаи номзадиро дар соҳаи ҳуқуқ ҳимоя намуда, айни замон ба ҳайси судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Фарзанди дигараш Амиршер Муродов дар бахше, ки падар ва бобояш фаъолият доштанд, кор карда истодааст.

Бемуҳобот, қаҳрамони матлаб аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи тандурустӣ аст, ки миёни мардум маҳбубияти хос дорад. Дӯсташ медоранду эҳтиромаш мекунанд, ки  бесабаб нест. Агарчи  дар овони ҷавонӣ ба мартаба расид, табиати инсонияш бегазанд ҳамоно содиқу ҳалолкору шикастанафс побарҷо мондааст. Медонад, ки ҳар кори мушкилро ҳам метавон ба осонӣ иҷро намуд. Дар иҷрои он, ба ҷуз боварӣ, самимияту муҳаббат ва масъулият бояд дошта бошӣ. Ӯ маҳз аз садоқат ба касб машҳур шудаву   «илмаш ба амал ёр аст».

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»