Халқият ва миллатҳое дар таърих муваффақ будаанд, ки ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуда, сарнавишти хешро ба дасти худ сохтанд. Миллатҳое, ки ба илму донишҳои илмӣ эътимод надоштанд, ҳамеша дар ҳоли фақру дастнигарӣ қарор гирифта, роҳи хурофоту ҷаҳолатро паймуда, охируламр ба вартаи нобудӣ мубтало гардидаанд. Илм ва дониши илмӣ муайянкунандаи ҳадаф ва ба истилоҳ, ориентатсияи дурусти миллату халқиятҳо дар тӯли таърихи инсонӣ будаву ҳаст. Аз тарафи дигар, низоми давлатдории дунявӣ бар мабнои тарзи тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ устувор гардида, халқу миллатҳоро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати зиндагӣ раҳнамун месозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дидору мулоқот бо зиёиён, ки одатан дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад, бо истифода аз ҳузури намояндагони шинохтаи миллат масъалаҳои калидии соҳаи илму маорифи ватаниро баррасӣ карда, пешниҳодоти мушаххас ироа медоранд. Мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо намояндагони илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат баргузор шуд, аз силсилаи мулоқоте мебошад, ки бори охир моҳи марти соли 2020 доир гардида буд.
Роҳбари мамлакат дар ҷараёни суханронӣ вазъи илму маорифи ватаниро дар вобастагӣ бо мушкилоту муаммоҳои геополитикӣ матраҳ намуданд, ки зарур медонем чанд нуктаи онро ёдрас шавем.
Якум. Пешвои миллат дар оғози суханронӣ мақому ҷойгоҳи илм дар зиндагӣ, бурунрафт аз мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ҳувиятӣ ва маданиро, ки ҷомеаро дар тангнои мафкураю ҳувиятӣ қарор дода, ба вазъи буҳронӣ мунҷар кардааст, ба миён гузошта, ҳадафи асосиро таври зайл баён намуданд: «Мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд».
Дарвоқеъ, бидуни илм ва маорифи пешрафтаву модерн наметавон ба ҳадафҳои олӣ — сохтани давлати миллию дунявӣ ва ҷомеаи саноатию иттилоотӣ даст ёфт. Ба ин маънӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст».
Дуюм. Нуктаи ҷолиб, ки дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо ва суҳбату суханрониҳои Пешвои миллат ба мушоҳида мерасад, берун аз матни суханронӣ шарҳу тафсири масоили мубрам ва изҳори назар дар бобати масоили баҳсталаб мебошад. Ин бор ҳам Сарвари давлат бо такя ба собиқаю таҷрибаи кофии роҳбарӣ, биниши сиёсӣ, неруи фикрӣ, дониши назариявӣ ва завқу салиқаи эҷодӣ оид ба масъалаҳои мубрами илму маорифи ватанӣ таваққуф карда, вазъи илмӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, сиёсӣ ва мафкуравиро мушаххас ва таклифу пешниҳодоти ҷолибу зарурӣ намуданд. Ба интиқоди мунсифона, ки дар илм аз меъёрҳои асосию калидӣ маҳсуб мешавад, ошкоро ишора фармуданд: «Ман ҳама гуна танқидро қабул дорам, агар одилона бошад». Воқеан, интиқод ва равиши интиқодӣ агар мунсифона ва орӣ аз ғаразу кина бошад, ҳатман ба дард мехӯрад ва дар ҳалли мушкилоту уқдаҳои зиёд корсоз буда метавонад. Мутаассифона, анбуҳи матолиби интиқодие, ки сари мавзуоти мухталиф, минҷумла сиёсию мафкуравӣ ва илмию фарҳангӣ дар шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ мушоҳида мешаванд, аксаран бар мабнои ғаразу бадбинӣ, нафрат, фиребу шӯрангезӣ ва нотавонбинию кинаҷӯӣ буруз карда, воқеиёти давру замонро бозтоб намедиҳанд.
Ба ин манзур, Роҳбари мамлакат аз ҳозирин ва бахусус, блоки илмӣ-академӣ, ниҳодҳои маориф ва ҷомеаи маданӣ даъват ба амал оварданд, ки дар баррасии мушкилоту муаммоҳои рӯзгор аз равиши санҷидашудаи илмӣ ва интиқоди мунсифона кор бигиранд ва аз ин тариқ дар пешрафту таҳаввулоти фикрию иҷтимоӣ ва илмию маданӣ саҳми сазовор дошта бошанд.
Сеюм. Азбаски мухотабони асосии Пешвои миллат дар мулоқоти аҳли илм ва маориф ҳузур доштанд, аз фаъолияти баъзе пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ, ҳамчунин, бархе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ниҳодҳои тобеи Вазорати маориф ва илм интиқод карданд. Интиқоди Сарвари давлат аз сохторҳои мазкур ба он хотир аст, ки камбудиҳои соҳа сари вақт ошкор ва дар ин замина роҳи ҳалли онҳо пешниҳод гарданд. Аз сӯйи дигар, ошкор ва рафъи саривақтии навоқиси ҷойдошта дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи илму маорифи ватанӣ, талаботи замон аст ва интиқоди мунсифона ва расидагӣ ба масъалаву муаммоҳои соҳа боиси пешравии кор мегардад. Ба ин маъно, Президенти ҷумҳурӣ аз масъулини соҳа ва дастандаркорони пружаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамшарикӣ мушкилотро бартараф намуда, роҳро барои пешравӣ ҳамвор созанд.
Чорум. Дар мулоқот асосан ду соҳаи ба ҳам тавъам – илм ва маориф мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ин замина, тарбияи насли нави огоҳу саводнок ва бомаърифат аз ҷумлаи масъалаҳои калидии сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Пешвои миллат тақрибан дар ҳама суҳбату мулоқот, дидору вохӯрӣ ва гуфтугӯю суханрониҳо ба ин масъалаи меҳварӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз масъулин ва дастандаркорони соҳа тақозо менамоянд, ки ҷиҳати тарбияи насли нави огоҳу босаводу бомаърифат тадбирҳои судманд андешида, дар ин росто барномарезиҳои ҷиддӣ амалӣ намоянд. Дар мулоқоти ахирӣ ҳам ба ин нуктаи меҳварӣ — тарбияи насли нави босаводу бамаърифат тамаркуз карда шуд. Пешвои миллат зикр карданд, ки: «Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карда будам, ки тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон танҳо вазифаи мактабу маориф нест, балки дар ин ҷода падару модарон, тамоми қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд». Илова бар ин, вазъи тарбият мушоҳидакорона таҳлил гардида, аз сарнавишту тақдири минбаъдаи ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» нигарон шуданд. Нигаронии Сарвари давлат аз он аст, ки дастандаркорону масъулини озмун бо баргузор кардани озмунҳо ва ҳавасмандсозии ғолибони пружаҳои озмунӣ корро анҷомёфта ҳисобида, ба ояндаи иштирокчиёни ғолиб таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ҳол он ки бояд ғолибон ва нафарони фаъоли пружаҳои озмунӣ ҳамеша мадди назари масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ қарор гиранд ва барои то ба сатҳи кадрҳои баланди миллӣ расонидани онҳо барномарезиҳои мушаххаси илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва тарбиятӣ роҳандозӣ шаванд. Мутаассифона, пружаҳои озмунӣ ҳамасола баргузор мегарданд, ғолибон маълум мешаванд, ҳавасмандиҳои моддию маънавиро дарёфт мекунанд, аз тариқи телевизиону радио муаррифӣ мешаванд, аммо муаррифии шоиста ва муҳимтар аз ҳама, сарнавишти минбаъдаи онҳо касеро мутаваҷҷеҳ намесозад.
Биноан, Пешвои миллат таъкид карданд: «Имрӯз мо ба мутахассисони баландпоя нисбат ба ҳар вақти дигар ниёзи бештар дорем, вале на ҳамаи донишмандон дар интихоб кардану ба камол расонидани истеъдодҳои ҷавон ҳиссагузорӣ мекунанд. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки механизми тарбия намудани наврасону ҷавонони боистеъдодро на фақат тавассути озмуни «Илм — фурӯғи маърифат», балки бо роҳи ташкили дигар озмунҳо низ таҳия ва тасдиқ намояд».
Панҷум. Роҳбари мамлакат масъалаи эҳтиром ба арзишҳои миллию дунявӣ, ки сабаби пешрафти миллату давлатҳо дар тӯли таърих гардидаанд, матраҳ карда, таъкид намуданд, ки силсилатаҳқиқоти илмӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ-ихтисосӣ бояд бар мабнои равиш-методологияи илмӣ, риояи принсип-мабнои давлатдории дунявӣ, бо дарназардошти манофеи миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва эҳсоси ватандорию ифтихорофаринӣ анҷом гиранд. Дар акси ҳол таҳқиқоту пажӯҳишҳо ниёзҳои иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, илмӣ, академӣ ва мадании ҷомеаро бароварда намесозанд ва ба дарди касею ниҳодею мақоме намехӯранд. Ба ин маънӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус хотирнишон созам, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳамеша афзалият доранд. Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд».
Дар зимн, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабию хушкандешӣ ва дар ин робита, ба бемории вогиру фарогири бегонапарастию беҳувиятӣ мубтало гардидани бахши калоне аз насли наврасу ҷавони ҷомеа нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст. Президенти мамлакат ҳушдор доданд: «Мафкураи ифротию тунди динӣ-мазҳабӣ бузургтарин хатару таҳдид ба давлату ҷомеа аст, ҳатто сахттар аз яроқи ҳастаӣ-ядроӣ». Бо таваҷҷуҳ ба ҷиддияти масъала, Сарвари давлат аз ҳозирин, хоса аҳли илму маорифи кишвар, даъват карданд, ки барои ҳифзи арзишҳои бостонии миллӣ, мероси гаронмояи аҷдодӣ, ҳувияти тоҷикӣ, тарзи тафаккури илмию дунявӣ ва саранҷом, манофеи миллӣ-давлатӣ саъю талош варзанд. Хитоби Пешвои миллат ба аҳли илму маориф мабнӣ бар ин ки «агар коре аз дастатон барнамеояд, ақаллан ду-се нафарро аз роҳи бад баргардонед, басанда аст», бояд сармашқи кор бошад. Бинобар ин, камтарин хидмате, ки аз дастамон бармеояд, барои боло рафтани сатҳи огоҳӣ ва хирадмандии насли наврасу ҷавон ва умуман, ҷомеа бояд анҷом диҳем. Муҳимтар аз ҳама, донишманд, маорифпарвар, равшангар ва зиёии асил он чӣ ки тӯли умр андӯхтааст, бидуни вақфаву диранг ба дигарон меомӯзад ва рисолати хешро дар ростои омӯхтан, огоҳ сохтан ва бедор кардани насли миллат шарафмандона анҷом медиҳад. Ба қавли Фирдавсӣ:
Чу доно тавоно буду додгар,
Азеро накард эч пинҳон ҳунар.
Шашум. Дар чандин мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони илму маорифи кишвар Роҳбари мамлакат ба таҳияи китобҳои дарсӣ, илман асосноккунии маводи таълимӣ, риояи равиш-методологияи илмӣ дар таълифу таҳияи китобҳои мактабию донишгоҳӣ, ба фазою шароити муосири миллӣ мутобиқ сохтани васоити таълимӣ-методӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро муваззаф месозанд, ки дар беҳбуди ин самти муҳими мафкурасозии миллӣ-давлатӣ талош варзанд. Мутаассифона, ҳамоно вазъи таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ва ба фазою муҳити илмию миллӣ мутобиқ сохтани онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Танзими ин раванд, ки воқеан, раванди мафкурасозии миллӣ маҳсуб мешавад, ба таври бояду шояд анҷом напазируфтааст. Ин аст, ки Пешвои миллат бо истифода аз ҳузури олимону маорифчиёну зиёиёни ватанӣ ин масъалаи доғи рӯзро такроран таъкид намуда, аз ҷумла, иброз доштанд: «Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки солҳои зиёд дар назди ин муассисаҳо қарор дорад, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад. Сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд. Зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин росто, ба инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳни фаъоли хонандагону донишҷӯён бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд». Акнун чигунагии иҷрои дастуру супоришот ба ибтикороти масъулин ва дастандаркорони самт вобастагӣ дорад. Агар масъулин ва муҳимтар аз ҳама, муаллифону мураттибони китобҳои дарсӣ тафаккури илмӣ, дидгоҳи миллӣ ва мавқеи давлатӣ дошта бошанд, ҳатман китобҳои дархӯри замон таҳия карда, дар тасаллути фазои миллию дунявию илмии ҷомеа саҳми муносиб хоҳанд гузошт. Агар бемасъулиятиро дунбол кунанд, насли наврасу ҷавони ҷомеа дар банди хурофоту таассубу ҷаҳолат гирифтор шуда, тадриҷан беҳувиятию худбохтагӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор гардида, охируламр миллат аз по меафтад. Аз по дарафтидани миллат шикасти давлати миллиро дар пай дорад. Аз ин рӯ, бетаваҷҷуҳӣ ба ин масъалаи ҳассос бетаваҷҷуҳӣ ба ояндаи миллату давлат аст.
Ҳафтум. Бахши хотимавиро Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ба воқеиёти имрӯзӣ — сатҳи бозиҳои геополитикӣ, буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрдҳои тамаддунӣ, ташаннуҷи авзои минтақавию ҷаҳонӣ, рақобатҳои сиёсию мафкуравӣ, ояндабинии таҳдиду хатароти ҷиддӣ ва ташаббускорию созандагии афроди баномусу боғурури қаламрави давлати миллӣ ихтисос доданд. Бахусус, дар заминаи ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илму дониш, боло бурдани сатҳи тафаккури илмӣ ва то ба сатҳи як кишвари мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани Тоҷикистони азиз андешаҳои созанда баён гашт. Минҷумла, Роҳбари мамлакат ишора карданд: «Ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд». Дар айни замон сатҳи поёни маърифатнокӣ, камбуди тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ хурофазадагию хушкандеширо дар ҷомеа тасаллут бахшида, миллатро ба чоҳи бетаги ҷаҳолату нодонӣ тела медиҳад, роҳи бунбаст, сардаргумиро замина мегузорад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат сабабу омилҳои хурофотзадагию иртиҷоъпарастии ҷомеаро мушаххас карда, изҳор доштанд, ки: «Яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз, илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст».
Президенти ҷумҳурӣ ба неруи бузурги артиши илму маорифи кишвар боварманд аст ва доимо ба неруи олимону маорифиёну зиёиёни ватанӣ такя мекунад. Ин аст, ки дар бахши хулосавии суханронӣ ҳам таъкид намуданд: «Бовар дорам, ки шумо – олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед».
Бо таваҷҷуҳ ба таъкидоти хулосавӣ-барномавии Роҳбари давлат олимону донишмандон ва аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки дар ростои шинохти воқеиёти замонӣ, ташхиси уқдаҳои фикрию иҷтимоӣ, решашиносии мушкилоти равонию ҳувиятӣ, боло бурдани сатҳи огоҳии иҷтимоию маданӣ, тақвияти хотираи таърихӣ, таҳкими ҳувияти тоҷикӣ, ҳифзи манофеи миллӣ ва рушди давлатдории дунявӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, роҳро барои тарбияи насли нави ҳувиятсози миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ҳамвор созанд.
Н. НУРОВ,
ходими илмии АМИТ