Илтимос, дасти моро бигиред!

№109 (3903) 06.09.2018

Гулак копияМан Ёрова Зумрат — сокини пойтахт, модари ду фарзанд — Оминаи панҷсола ва Муҳаммад, ки се сол дорад. Шукри Парвардигори меҳрубон, духтарчаам сиҳату саломат аст. Вале Муҳаммад бо бемории «тетрада фало», яъне бо иллати сӯрохиҳо доштани дил ба дунё омад ва то имрӯз аз ин иллат азият мекашад? Дили хурдакаки ӯ 5 сӯрохӣ доштааст. Писаракамро ду маротиба дар беморхона табобат намудем, вале ҳолати ӯ беҳ нашуда истодааст.  Имрӯз ҳам зери назорати доимии духтурон қарор дорад. Муҳаммадҷонамро бояд ба ивази 50000 сомонӣ ё 5000 доллар ҷарроҳӣ кунанд. Аммо маблағ надорем ва пайдо карда ҳам наметавонем, зеро ман хонашинаму шавҳарам устои одӣ. Бинобар ин, бо маслиҳати дӯстон ба идораи рӯзнома омадем, ки тавассути он ба мардони саховатпешаву ҳимматбаланди миллати азизамон муроҷиат намоем, то ба қадри имкону тавонашон кумак намоянд, писаракамон Муҳаммадро наҷот диҳанд. Бо ҳамин умед ҳисоби бонкӣ кушодем, ки рақами онро пешниҳод мегардонем:

 

БДА ҶТ «Амонатбонк»

МФО 3501016626, РМА (ИНН) 010002120

Ҳ/м (К/счет) 20402972316264

Ҳисоби бонкии Ёрова Зумрат Сайфитдиновна

№20216972