Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ

Имконоти таҳсил дар хориҷи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ

№106 (4526) 26.08.2022

Коллаж«Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд».

қтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, 21 майи соли 2021)

Дар 31 соли соҳибис­тиқлолӣ ҷавонони мо дар соҳаи илму маориф имконоти зиёд пайдо карданд. Мактабу коллеҷ, литсею гимназия ва донишкадаву донишгоҳҳои зиёд дар кишвар таъсис ёфтаву бо ихтисосҳои бозоргир фаъо­лият менамоянд. Вале бартарӣ ё неъмати дигари истиқлолият, ин ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад, ки ҷавонони мо барои таҳсил дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ имкон пайдо карданд.

Матлаби зер доир ба имконоти таҳсил дар хориҷи кишвар, нақши бурсияҳои донишгоҳҳои хориҷӣ, иқдомоти Ҳукумати мамлакат, назари ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва ғайра маълумот медиҳад.

ИМКОНИЯТҲОИ ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

То ин дам бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо имзо гардида, ҷавонони зиёд аз ҳисоби бурсияҳои барои Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд. Ин имконотро Ҳукумати кишвар ба ҷавонон махсус барои омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ додааст.

Муносибатҳои байналмилалӣ маҳаки асосии ҳамкории байни кишварҳо дар самтҳои гуногун маҳсуб меёбад. Маҳз зимни сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар ҷои аввал гузошта шудааст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2009 қарор дар бораи таъсиси Маркази барномаҳои байналмилалиро қабул намуд, ки он аз 3 марти соли 2014 зерсохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Мақсад аз таъсисёбии марказ он аст, ки ҷалби хонандагон ва донишҷӯёни болаёқатро барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба танзим дароварда, бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар робита барқарор намояд. Инчунин, бо мақсади тайёр намудани кадрҳои ба бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобатпазир бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳоро ба имзо мерасонад.

Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд.

Соли 2022 аз Федератсияи Россия, Туркия, Хитой, Венгрия, Озарбойҷон, Руминия, Малайзия, Япония, Корея, Тайланд барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳо ҷудо гардидааст.

Аз соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсил­дошта» бо мақсади муттаҳид гардонидан, баррасии мушкилоту камбудиҳои ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, инчунин дастгирии ҷавонони боистеъдод таъсис дода шуд.

Ҳоло боз ду роҳи дигар ҳам ҳаст, ки ҷавонони тоҷик имкони дар хориҷи кишвар таҳсил карданро пайдо мекунанд. Якум, таҳсил дар барномаи махсуси ташкилоти «zypl.ai», ки давраи омодагӣ ва иштирок дар грантҳои донишгоҳҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ин маркази таълимӣ мактаббачагонро барои гирифтани грантҳо омода мекунад ва бо барномаи таълимии бонуфузтарин макотиби олии кишварҳои хориҷӣ шинос менамояд.

Дуюм, забони хориҷиро аз худ кардан ва бевосита ба макотиби олии касбии кишварҳои хориҷӣ мактуб навиштан аст. Ҳоло дар кишвар марказҳои забономӯзии зиёд мавҷуд аст, ки наврасону ҷавонон метавонанд забони хориҷии мехостаашонро омӯзанд ва ба воситаи интернет бо маъмурияти ин ё он мактаби олӣ тамос гирифта, барои таҳсил кардан дархост фиристанд.

Солҳои охир ҷавонони тоҷик бо роҳи дуюм тавонистанд, ки таҳсилашонро дар хориҷи кишвар хеле зиёд давом диҳанд.

Дар умум, айни ҳол шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар 27 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, 41 542 нафарро ташкил медиҳад.

ШАРОИТИ ТАҲСИЛ ДАР МАКОТИБИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ АЗ ЗАБОНИ ДОНИШҶӮЁН

Мо чанд ҷавони тоҷикро пайдо кардем, ки бо роҳҳои гуногун шомили муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ шудаанд.

Бедил Шамсов, яке аз онҳост, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо стипендияи президентӣ таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудаву барои идомаи таҳсил ба Федератсияи Россия рафтааст.

Номбурда гуфт, ки пас аз хатми донишгоҳ бо барномаи стипендиявӣ барои омӯзиши зинаи ординатура ба шаҳри Уфа сафар кард. Ду сол ин зинаи таҳсилро ба итмом расонид ва ҳоло аспиранти Донишгоҳи тиббии шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон мебошад. Имсол курси якумро ба итмом расонид ва шабона дар беморхона кор мекунад.

- Таҳсил ва корам дар шаҳри Уфа бисёр хуб ҷараён дорад. Пас аз хатми аспирантура самараи ин заҳматҳоро дар Ватан амалӣ мекунам, — афзуд ӯ.

Ҷонона Келдиева, хатмкардаи зинаҳои бакалавриат ва магистратураи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон буда, ҳоло дар Олмон қарор дорад.

Ӯ бо барномаи «Au Pair» имкон пайдо кардааст, ки ба Олмон барои таҳсилу зиндагӣ равад. Ин барнома ба хориҷиён имкон медиҳад, ки дар оилаи олмониҳо зиндагӣ кунанд ва забони олмониро аз худ намоянд.

Ҷонона метавонад як сол дар хонаи оилаи олмонияш зиндагӣ кунад. Агар он оила розӣ бошад, метавонад бо барномаҳои дигар таҳсилро давом диҳад ва дар оилаи онҳо иқомат кунад.

- Ният дорам, ки таҳсиламро тавассути барномаҳои дигар идома диҳам ва ҳамчун мутахассиси арзанда ба Ватан баргардам, — афзуд Ҷонона.

Салмон Юнусов ҳам аз ҷавононест, ки пас аз як соли таҳсил дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон имкони дар Олмон таҳсил карданро пайдо кард.

Тибқи барномае, ки ӯ ба Олмон рафтааст, таҳсил ва кор мекунад.

Номбурда соли сеюми таҳсилро ба итмом расонид, як ҳафта дарс мехонад ва ҳафтаи дигар дониши азхудкардаро дар амалия татбиқ мекунад.

- Падарам мегуфтанд, ки кӯшиш кун, то соҳиби ҳунаре шаву илм низ омӯз. Ҳолате мешавад, ки илм лозим намешавад, вале ҳунар ба кор меояд. Боз мешавад ҳолате, ки баръакс бошад.

ОХИРСУХАН

Боиси ифтихор аст, ки ҳоло ҷавонони тоҷик баробари ҷавонони дигар кишварҳо дар макотиби олии бонуфузи давлатҳои гуногун таҳсил мекунанду илм меомӯзанд. Ин натиҷаи истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷавонони кишвар баробари таҳсил дар хориҷа, пайваста дар муаррифии арзишҳои фарҳангию миллии мо саҳмгузор мебошанд. Моро мебояд, ки ҷиҳати дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ мондани таҳсили ҷавононамон дар хориҷи кишвар беш аз пеш кӯшиш намоем, то онҳо дар оянда ба сифати кадрҳои баландихтисос тавонанд дар пешрафти мамлакат саҳмгузор бошанд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»