Инъикоси масоили об дар воситаҳои ахбори омма

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

14 майи соли равон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Инъикоси масъалаҳои захираҳои об дар воситаҳои  ахбори омма»  бо ташаббуси кафедраи таърих ва назарияи журналистика ва воситаҳои  ахбори оммаи электронии донишгоҳ  баргузор гардид.

Мизи мудавварро мудири кафедра, доктори илмҳои филологӣ  Масрур Абдуллоев ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки чорабинии мазкур бахшида ба «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, гузаронида мешавад. Қобили зикр аст, ки  ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об ҳамеша аз ҷониби СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ  ҷонибдорӣ мешаванд. Дар доираи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013» моҳи августи соли ҷорӣ конфронси байналмилалӣ  дар сатҳи олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин М. Абдуллоев зикр намуд, ки  дар инъикос ва муҳокимаи ибтикороти байналмилалӣ ва минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  воситаҳои  ахбори омма нақши хеле муҳим доранд.  Аз ин лиҳоз интихоби мавзуи мазкур бесабаб нест, зеро мо дар даврони ҷомеаи иттилоотӣ зиндагӣ мекунем.

Инчунин дар мизи мудаввар  дар мавзуи: «Нақши воситаҳои  ахбори омма  дар инъикоси масъалаҳои минтақавии вобаста ба об» муаллимаи кафедра Ш. Соибназарова ва «Масъалаҳои об чун проблемаи рӯзмарраи журналистикаи экологии тоҷик» аспиранти кафедра Ш. Тоирова суханронӣ намуданд.

Сипас, дар атрофи масъалаи мазкур аҳли нишаст фикру андешаҳои худро иброз карданд.

Ш. АБДУЛВОҲИД, «Садои мардум»