Боиси хушбахтист, ки 23-юми феврали соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул шуд.
Асотири паҳлавӣ ва асримиёнагии форсии тоҷикӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тавъаманд ва дар танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Мардуми тоҷик аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми минтақаҳои гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли Офтоб, Борон, Оташ, Хок ва Бод даст задаанд. Дар қолаби тафаккури устурии мардуми мо унсурҳои табиӣ, ки инсон ҷузъи ҷудонопазири онҳост, ҷойгоҳи асосӣ доштааст. Ин буд, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми «Вандидод»-и «Авасто» Шаҳриёри Ориёӣ аз Аҳурамаздо танҳо заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯи заминро бо таҷлили Наврӯз шурӯъ мекунад. Бар асоси он, Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, равшанӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, озодӣ бар бардагӣ, истиқлол бар беистиқлолӣ, созандагӣ бар харобкорӣ, тавоноӣ бар нотавонӣ ва ҳувият бар беҳувиятист. Инчунин, Наврӯз номи зиндагӣ ва пирӯзии зиндагӣ бар нозиндагист. Наврӯз бо омаданаш зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад. Ба ин маънӣ фармудаанд:
Ин ки номи зиндагӣ Наврӯз шуд,
Зинда бар нозиндагӣ пирӯз шуд.
Дар асотири марбут ба Наврӯзу Ҷамшед бемаргӣ ва тасаллути инсонӣ бар нестӣ аз авлавиятҳои хоса маҳсуб меёбад. Фирдавсӣ дар достони Ҷамшед ҷаҳони Наврӯзии Ҷамшедиро, ки орӣ аз дарду ранҷу беморию пирӣ будааст, чунин тасвир намудааст:
Чунин сол сесад ҳамерафт кор,
Надиданд марг андар он рӯзгор.
Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,
Миён баста девон ба сони раҳӣ.
Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,
Зи ромиш ҷаҳон пур зи овою нӯш.
Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кишоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира, тавозун ва таодули зиндагист. Чун мардум аз сардию сармои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва хуршедро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз ҷашн мегиранд ва аз зиндони торикию ҷаҳолат раҳиданро фоли нек дониста, таври худогоҳ ва нохудогоҳ бад-ин мазмун садо дармедиҳанд:
Сардӣ гузашту гармии деринтизор расид,
Дай фасли зиндагӣ ба сар омад, баҳор расид.
Зиндони ҷаҳлро бираҳону биё, кунун,
К-айёми ақли мардуми худихтиёр расид.
Марҳилаи худшиносии миллии мо бо Наврӯз ва маросимоти наврӯзӣ оғоз меёбад ва ба ин далел, он ба унвони шиноснома, ҳамоса ва тамаддуни пурбори миллӣ дар хотираи таърихӣ маҳфуз мондааст. Ба ин маънӣ:
Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,
Дар силсилаи русум асосӣ бошад.
Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,
Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад.
Дар зимн, Наврӯз фарҳанг ва тамаддун аст ва дар гузашта, ҳангоми савгандёдкунӣ, дар баробари номи Яздону шаҳриёр, номи Наврӯзро мегирифтанд ва ба номи он қасам ёд мекарданд. Фирдавсӣ аз забони қаҳрамонони «Шоҳнома» чунин навъи савгандро, ки бо Наврӯз алоқаманд буд, ба ёд меоварад:
Ба Яздону номи ту, эй шаҳриёр,
Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррам баҳор!
Ба ин тартиб, Наврӯз дар мақоми шиносномаи миллӣ ва тамаддуни вежаи миллӣ дар арсаи зиндагӣ ҳазорсолаҳо боз ҷавлон мекунад ва таҷдиду навсозиро бар куҳнапарастию вопасгаройӣ тарҷеҳ медиҳад. Бо он ки аҷнабиёну мутаассибони ҳама давру замон бо Наврӯз ҷанг эълом доштанд, аммо рӯҳияи ҷашнӣ ва тамаддуни вежаи Наврӯзиро аз байн бурда натавонистанд ва ночор андаруни ин тамаддуни пурбор ҳазм шуданд. Чун Наврӯз ба унвони тамаддуни вежа бо навӣ, навсозӣ ва навпарастӣ тавъам аст, фарсудагию куҳнагиро қабул надорад ва танҳо дар масири навию навпардозӣ ҳаракат мекунад. Ин аст, ки:
Аз навойинӣ чу кардӣ ибтидо,
Умри навгонӣ надорад интиҳо.
Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, қабл аз ҳама, маънои ҷаҳонӣ шудани фарҳанги мардумӣ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, моро зарур аст, ки ин ҷашни бостонии миллиро ба карнавали умумимиллӣ ва умумиҷаҳонӣ табдил диҳем. Бо таваҷҷуҳ ба ин, роҳандозӣ кардани тадбирҳои зайл ба манфиати кор хоҳад буд:
Аввалан, бо такя ба неруи олимон, коршиносон, зиёиён ва равшанфикрон омода намудани тарҳи карнавали наврӯзӣ.
Баъдан, ба вуҷуд овардани фазои табиии ҷашнӣ дар имтидоди фарвардинмоҳ (нимаи аввали март ва ибтидои моҳи апрел).
Сеюм, ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони дохилӣ ҷиҳати бунёд ва ба талаботи замон мутобиқ кардани инфрасохтори наврӯзӣ.
Чаҳорум, ҷилавгирӣ аз қолабӣ баргузор намудани маросими наврӯзӣ ва ба ҳолати табиӣ ва муътадил баргардонидани оинҳои миллӣ.
Панҷум, дарёфт, омӯзиш ва эҳёи суннатҳои наврӯзӣ, ки дар баъзе аз манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ, мисли навоҳии Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшону Шуғнон, Ишкошим ҳанӯз миёни доираҳои маҳдуди аҳолӣ роиҷ мебошанд.
Шашум, тавассути воситаҳои ахбори омма, пойгоҳ ва сомонаҳои иттилоотӣ — таҳлилии интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб намудани суннат ва оинҳои миллию мардумӣ, пахши ҷараёни баргузории сайрҳои идона, гаштугузорҳои оммавии наврӯзӣ.
Ба ин монанд тадобири фаровонеро метавон амалӣ кард, ки дар замина ҷашни Наврӯз ва соири оинҳои миллӣ ба таври шоиста дар миқёси байналмилалӣ муаррифӣ гарданд.
Нозим НУРОВ,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода