Аз рӯйи мушоҳидаву таҳлил ва андешаи ҷомеашиносон давоми даҳсолаи охир ҳолатҳои содирнамоии ҷиноят миёни ноболиғон рӯ ба афзоиш дорад. Мутахассисон яке аз омилҳои зиёдшавии ин зуҳуротро дар сатҳи пасти дараҷаи донишҳои ахлоқиву ҳуқуқии наврасон медонанд.
Дар ин радиф моҳи гузашта муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Исмонов аз афзудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон изҳори нигаронӣ намуд. Ба андешаи ӯ, дар маҳалҳое, ки сафи ҷинояткорӣ афзудааст, маълум мешавад, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Ӯ зикр намуд, ки давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби ноболиғон 530 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 92 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ҷумла афзоиши ҷинояткорӣ бештар дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба ин масъала мудири бахши муассисаҳои интернатӣ ва таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров зимни суҳбат гуфт, ки бо фармоиши вазири маориф ва илм нақшаву чорабиниҳои махсус барои пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ байни кӯдакону наврасон дар доираи «Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» аз тарафи масъулини соҳа ҷоннок шудааст. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сафи ҷинояткорӣ байни ноболиғон рӯ ба афзоиш аст. Инчунин ӯ илова кард, ки ҳоло 84 муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мавҷуд аст ва дар онҳо курсҳои зиёди омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст, вале кӯдакон майли рафтан ба чунин муассисаҳои иловагии махсусро надоранд. Дар робита ба ҳамин масъала дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дарси тарбиявӣ, кружокҳои гуногуни фанниву таълимӣ ва омӯзиши компютеру забони англисӣ роҳандозӣ шудааст, то мактаббачагон вақти зиёдатии худро беҳуда сарф накунанд.
Солҳои охир дар байни хонандагони баъзе муассисаҳои таълимии кишвар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла задухӯрдҳои гурӯҳӣ ва ё ба истилоҳ «ҷанги байнимактабӣ» миёни хонандагон зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар ин бобат Ҷалолиддин Амиров бо таассуф чунин гуфт:
-Ин зуҳуроти номатлуб падидаи нав набуда, то ҳол ба пуррагӣ решакан нашудааст. Муноқиша ва ё кашмакашҳо байни хонандагони макотиб ё дохили як мактаб аслан байни синфҳои болоӣ сар мезанад, ки бештар худро «лидер», «зӯр» вонамуд мекунанд. Ин ҳолат бештар дар пойтахт ба қайд гирифта шудааст, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тариқи мактуби махфӣ рӯйхати тамоми бачаҳое, ки ба муштзӯриву дигар амалҳои носавоб даст мезаданд, ҷамъ карда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод кард.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки дар шаклгирии ин зуҳурот метавон худи мактаб ва ё роҳбарияти ҳамон муассисаи таълимиро гунаҳкор кард, зеро онҳо қаблан аз ин падида огоҳ буда, сари вақт ба мақомоти дахлдор ва ё волидайн хабар намедиҳанд.
Ҳамзамон, мувофиқи таъкиди мутахассисони соҳаи равоншиносӣ, ин падида бештар ҷанбаи психологӣ дорад, зеро наврасон, яъне хонандагони синфҳои 10-11 давраи гузаришро аз сар мегузаронанд ва дар ин давра ҷисми инсон ба тағйироти физиологӣ дучор мешавад.
Пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон, пеш аз ҳама, қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Махсусан Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳаи маорифу муассисаҳои таълимӣ бояд дар иҷрои ин амри муҳим нақши бештар дошта бошанд. Ба наздикӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳо муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Зебуниссо Холдорбекова якҷоя бо намояндагони Маркази ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии №44, №62 ва №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо падару модарон ва омӯзгорон вохӯрӣ доир намуд. Зимни вохӯрӣ Зебуниссо Холдорбекова аз содиршавии ҷиноятҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу муноқишаҳои хонандагон ва оқибатҳои ногувори онҳо мисолҳо оварда, падару модаронро ҳушдор ва огоҳ кард, ки нисбати фарзандонашон беаҳамиятиву бемасъулиятӣ зоҳир нанамоянд ва аз қонунҳои амалкунандаи кишвар бохабар бошанд. Чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид дар дигар мактабу муассисаҳои таълимии кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.
Дарвоқеъ , ташаккул ёфтани шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ахлоқии ноболиғон, пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад. Дар робита, масъулинро мебояд ба ҷомеа филмномаҳое таҳия намоянд, ки қаҳрамононашон намунаи ибрати ҷавонону наврасон бошанд, зеро ба ин васила метавон ба шуури насли наврас зудтар таъсири мусбӣ расонд ва эшон низ ба филмҳои тарбиявӣ эҳтиёҷи беандоза доранд. Бинобар ин, масъулини соҳаҳои театру синамо ва воситаҳои ахбори омма бояд, бо назардошти талабот ва мушкилоти ҷомеа, бештар матлаб омода кунанд.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»