«Зиндагӣ ҳеҷ вақт ҷодаи ҳамвор буда наметавонад. Ҳар нафаре, ки ба дунё меояд, бояд чунон зиндагонӣ кунад, то аз худ номи нек, фарзандони солеҳ, хонаи обод ва ҳеҷ набошад, чанд дарахти мевадиҳанда ёдгор бимонад. Ман низ орзуи онро доштам, ки аз худ чизе боқӣ гузорам. Агар шоир ва нависанда мебудам, барои хонандагон девони шеър ё китобҳои хонданбоб боқӣ мемондам. Ё, агар касби табибиро интихоб мекардам, дарди садҳо беморро шифо мебахшидам. Умуман, барои мардум дар ҳар касбу кор хизмат кардан мумкин аст.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Гуфтаҳои боло иқтибос аз «Андешаҳои зиндагӣ»-и Камол Нуралиев аст, ки дар китоби «Марде бо андешаҳои зиндагӣ» соли 2016 ба табъ расид. Зимни таҳияи он, ки ба 70 — солагии академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Камол Нуралиев бахшида шудааст, мо хеле мушкилӣ кашидем. Мушкилӣ дар он буд, ки устод, бо вуҷуди шахси арзандаю шоиста будан, хоксориаш намегузошт, ки ӯро тавсиф намоянд. «Ман дар зиндагӣ он корҳоеро анҷом додам, ки бояд мекардам ва ин ягон қаҳрамонӣ нест…», — мегуфт ӯ.
Аммо, вақте ки зиндагиномаи вайро варақ мезанед, маълум мешавад, ки ба Ватан ва мардум хизмати зиёди шоистаю арзанда кардааст. Тӯли ҳаёти пурбаракат ҳам оилаи намунавӣ барпо карда, фарзандони некхислатро ба воя расонид ва ҳам боғи сарсабз бунёд намуд. Яъне, қаҳрамони мо нафарест, ки номи нек боқӣ гузошт.
Камол Нуралиев Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ)-ро соли 1969 бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ хатм намуд. Баъди таҳсил ва анҷоми хизмати ҳарбӣ зиёда аз 45 сол дар вазифаҳои гуногун — ассистенти кафедраи оҳану бетони Институти политехникии Тоҷикистон, устои сохтмон, меъмор, сармуҳандис, сардори идораи сохтмонӣ, сардори трести «Данғараводстрой», муовини якуми вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ фаъолият намуд. Саҳми ӯ дар сохтмонҳои Нақби ирригатсионии Данғара, шаҳраки Себистон, ободонии хоҷагиҳо, наҳри обгузари ВД — 2 ва ВД — 3, аз худ кардани заминҳои нав ва дигар иншооти муҳим калон аст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар он айём сохтмони Нақби ирригатсионии Данғара ва азхудкунии заминҳои нави обёрии иншооти зарбдори умумишӯравӣ эълон гардид.
Камол Нуралиев ҳамчун олим ва мутахассиси кордон дар конфронсу семинарҳои зиёд берун аз кишвар ширкат варзида, бо гузоришҳои муфассал Тоҷикистони азизро муаррифӣ кард. Ҳамчунин, зимни сафарҳои хизматӣ, аз ҷумла дар давлатҳои Австрия, Банғола, Германия, Шри-Ланка, Непал, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Россия, Эрон ва Афғонистон таҷрибаҳои пешқадам оид ба техникаю технологияи обёрӣ, обтозакунӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкуниро омӯхта, онҳоро дар Тоҷикистон татбиқ намуд.
Баъди ба нафақа баромадан, аз соли 2009 корҳои илмӣ — эҷодиро идома дода, роҷеъ ба масъалаҳои обёрӣ, обтаъминунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ ду китоб таълиф намуда, соҳиби ду ихтироот гардид. Мақолаҳои илмӣ — оммавиаш дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ расиданд. Нашри китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, вазъият ва дурнамо» (ҳаммуаллифон Абдусамадов М., Латипов Р. Б.) аз ҷониби олимону коршиносон баҳои баланд гирифта, фикру мулоҳиза ва тақризҳои онҳо дар шакли китоби алоҳида чоп гардид.
Вақте ки роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодии Камол Нуралиев ҳарф мезанем, нақши ӯро дар рушди Академияи муҳандисии Тоҷикистон, ҳамчун узви раёсат махсус зикр кардан зарур аст. Вай аз соли 2008 то охири умр дар пешрафти фаъолияти академия ва ҳалли масоили вобаста ба об ва муҳандисӣ корҳои назаррасро анҷом дод.
Нексириштӣ ва ҳимматбаландии Камол Нуралиев намунаи олии инсони асил будани ӯст. Вай ташаббус нишон дода, ҳамсинфон, ҳамкурсон ва ёру дӯстонро сарҷамъ намуда, суҳбатҳои самимию хоса барпо мекард.
Қобили зикр аст, ки Камол Нуралиев яке аз муассисони Клуби шоҳмотбозони навраси «Манучеҳр ва Рустам» мебошад, ки ҳадафи асосии он тарбияи наврасони лаёқатманд аст. Масъулини он мақсад доранд, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, ба хотири ёдбуди Камол Нуралиев сабқати ҷумҳуриявии шоҳмотбозони наврасро бо иштироки ҷоизадорони то синни 17 ташкил кунанд. Раёсати Академияи муҳандисии Тоҷикистон барои ғолиби сабқат ҷоизаи махсуси «Ҷоми Камол Нуралӣ» — ро таъсис додааст.
Яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи Камол Нуралиев парвариши ниҳолу дарахт ва бунёди боғ буд. Боғи намунавие, ки дар мавзеи Иғрони ноҳияи Данғара (дар майдони беш аз се гектар) бунёд кардааст, нашъунамои хуб дорад.
Агар умр вафо мекард, Камол Нуралиев орзуи бисёр дошт, аз қабили сафар ва дидани ҳама минтақаи кишвар, омода кардани қисми дуюми китоби «Андешаҳои зиндагӣ», саҳм гузоштан барои сохтмони бинои Академияи муҳандисӣ…
Боғи сарсабзу гулпӯш, китобу корҳои илмиву хайру савоб, фарзандони сазовор ва номи нек ӯро то абад дар қалби ҳазорон нафар ёру дӯст зинда медоранд. Тавре ки доимо таъкид мекарданд: «Бояд нек зиндагӣ кунем, то моро ба некӣ ёд кунанд».
Рустам ЛАТИФЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва
замин, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон,
Мунъим АБДУСАМАДОВ,
академики Академияи муҳандисииТоҷикистон, Аълочии хоҷагии қишлоқи Иттиҳоди Шӯравӣ,
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»