Ҳаштуми июли соли 2015 Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бинобар кӯтоҳандешии сиёсӣ, иштибоҳи дигари фоҳишро содир кард.
Гӯё, ки садои табли ҷангӣ дарвозаи ин ҳизби ғайрисуннатиро мекӯбида бошад, дар паёмаки изҳоротгунае, ки дар сомонаи nahzat.tj ба нашр расидааст, бо лаҳни тунди хоси ифротиёни наҳзатӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷумҳурӣ — Прокуратураи генералӣ мавриди ҳуҷуми бефарҳангона ва нолоиқи лафзӣ қарор гирифтааст. Наҳзатиҳо чун собиқаи ҷангии фаровон доранд, дарк кардаанд, ки дар ин лаҳзаҳои буҳронии азҳамрезии ҳизб «беҳтарин ҳимоя ин ҳамла аст». Мазмуну муҳтавои изҳороти ҲНИТ аз ҷониби коршиносони ватанӣ интиқоди бемавқеъ ва паст задани обрӯву эътибори Прокуратураи генералӣ арзёбӣ мешавад.Ҳадаф аз ин нигориш ба ҳеҷ сурат ҳимояи Прокуратураи генералӣ нест. Прокуратураи генералӣ иқтидоре дорад, ки худро ҳимоя намояд.
Чун ҲНИТ солҳои тӯлонӣ имову ишораҳои гурӯҳҳои коршиносро дар бораи бозгашт ба ваҳдати аслӣ нодида гирифт ва боз хост, ки дар ҷомеа аъзои ин ҳизбро фариштаи бегуноҳ карда нишон диҳад, мехоҳам дар зер ба таври мухтасар чанде аз ин ҷиноятҳоро, ки аз ҷониби ҲНИТ дар тӯли 18 сол содир шудаанд, пешкаши хонандагон гардонам.
- Маълум бошад, ки аъзои ҲНИТ дар ин муддат 2500 ҷинояти гуногун содир кардаанд. Ин омор ба хотири риояи амният расонаӣ намегашт, вале ин маънои онро надошт, ки мулк бедарвоза аст ва таҳқиқотҳои лозима дар ин ҷода анҷом намепазиранд. Инак, лаҳзаи ифшогарии ҳолатҳои қонуншикании ҲНИТ фаро расид, ки онҳоро як ба як бозгӯйӣ мекунем:
Якум, аввалин хиёнате, ки ҲНИТ ба миллати тоҷик кард, ин ба ҳайси қувваи ҷанганда ва тахрибкори минтақавӣ муаррифӣ кардани миллати соҳибтамаддун ва фарҳангии тоҷик аст.
Дуюм, ҳаракати бегонаи босмачигиро бо роҳи нав ва нағмаву усули тоза дар охири асри ХХ имтиҳон кард. Вилоятеро, ки то солҳои 90-уми асри гузашта (матлаб вилояти Хатлон аст) аз рӯи нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо вилоятҳои дигари Осиёи Марказӣ пешдаст буд, валангор карда, иттиҳоди қадимии мардумро зери по намуд. Тавтиаро барангехт ва охируламр боиси фирорӣ шудани як миллион тоҷик ба қаламрави давлати Афғонистон шуд. Ба хотири ба даст овардани Ҳукумат миллатро ба гурӯҳҳо тақсим ва муқобили ҳам қарор дод.
Сеюм, ҲНИТ гуноҳи нобахшидание содир кард, яъне роҳи инқилобии ҳалли масъалаҳоро ба тӯдаҳои ҷангҷӯ дар Тоҷикистону минтақа омӯхт. Аз он ки дар ин ҷанг 100-150 ҳазор нафар кушта шудааст, ҳатто пинаки наҳзатиҳои имрӯза намепарад ва бо он пурпӯстие, ки доранд, аз он лаҳзаҳои даҳшатбор ҳаргиз ёд намекунанд.
Чорум, ҲНИТ таҷрибаи истифодаи муздурони хориҷиро бар зидди ҳаммиллатони худ омӯхт. Гурӯҳҳои аҷири тоҷикситезро, аз қабили Ҷумъабойи намангониву Тоҳири Юлдош, Хаттаби урдунӣ, Абӯисҳоқи ироқӣ, Фазлурраҳмони покистонӣ ва садҳо нафар қотилони дигари хуношом ба сари тоҷик овард. Кореро кард, ки ягон хоин намекунад.
Панҷум, ҲНИТ аз ҷониби кишваре сармоягузорӣ мешудааст, ки ба мақомоти тафтишотӣ ҳоло номаш бо тамоми суратҳисобу усулҳои интиқоли пул маълум аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияи ҷамъиятӣ» барои ин гуна фаъолият ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Шашум, маҷрои табиӣ ва маъмулии рушд ва инкишофи Тоҷикистонро ҲНИТ аз байн бурд. Миллати тоҷикро, чӣ тавре ки гуфта шуд, як қавми пархошгар, қонунношунав, бедавлат, бераҳбар ва қочоқчӣ ба ҷаҳон арза кард.
Ҳафтум, ҲНИТ, чун қувваҳои ҷангии алтернативӣ созмон дод, монеаи таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони навин гашт, ки аҷрашро кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ кашиданд. Ин ҷараёнро чанд сол ба қафо кашид ва зимни тақсимот аз мероси ҳарбии Шӯравӣ тоҷиконро бенасиб гардонд.
Ҳаштум, наҳзатиҳо сулҳи тоҷиконро бо доллар муомила карданд, бар ивази хуни ҳамсангарҳояшон хонаҳои дакаданг дар кӯчаву гузари пойтахт барои қавму авлодони худ муҳайё сохтанд. Ин иншоотҳо дар маркази шаҳри Душанбе ва атрофи он барои наслҳои якум ва дуюми наҳзатиҳо ҳамчун захираи молии бузург хизмат менамоянд.
Нуҳум, ҲНИТ, ки ҳоло булбулакаш бар зидди Ҳукумат мехонад ва онро барои даст доштани кормандони давлатӣ дар ҷиноятҳои вобаста ба фасод муттаҳам мекунад, фаромӯш кардааст, ки дар тӯли фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ҳолатҳои аввалини вазифафурӯшӣ бар ивази пулу мол аз ҷониби худи онҳо ба мушоҳида расида буд ва факту рақамҳо дар ин маврид кам нестанд.
Даҳум, воқеияти рӯзҳои охир нишон медиҳанд, ки чӣ ҳилаҳоеро дар паи часпондани тамғаи наҳзатӣ дастандаркорони ин ҳизб ба мардум раво надидаанд, ки ҷинояти калонтаре аз он нест. Касеро, ки камтар тақводору пойбанди арзишҳои динист ё ҳадди ақал риш дораду либоси суннатӣ яксара аъзои комилҳуқуқи ҲНИТ донистаанд ва ба рӯйхати пинҳонии ҲНИТ бе ихтиёри шахсӣ шомил намудаанд.
Ҳамин тариқ, метавон беохир аз рӯйхати ҷиноятҳои ҲНИТ дар назди халқу миллат ёдовар шуд. Вале гуноҳи азимтарини ҲНИТ зарбаи муҳлик задан ба сохти дунявии давлатдории тоҷик аст.
Аз шароити мусоиди сулҳу субот истифода карда, наҳзатиҳои бо айёрии таърихӣ ва ҳилаи шаръӣ мусаллаҳ вазъиятро воруна тафсир карданд, ҷавононро мазҳабӣ сохтанд, мақоми занро бо хона ва ҳиҷоб маҳдуд намуданд. Сохтмони давлати исломиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карданд.
Фараҳбахш аст, ки инкишофи вазъият дар дилу дидаи аксарият аъзои ҲНИТ бунбастӣ будани ин роҳро бедор кард ва раванди хориҷшавӣ аз ҳизб маҷрои табииро касб намуд. Замон худ ба ҳазёну ёвагӯйӣ ва сафсатафурӯшиҳои ҲНИТ хатти батлон кашид. Миллат дигар ниёз ба ин гуна ҳизби диниро надорад. Вассалом!
Рашид Қурбонов, ш. Душанбе