Ман дар соҳаи таълими синфҳои ибтидоӣ таҷрибаи қариб 15 — сола дорам. Пас аз омӯзиши усулҳои нави таълим ба хулоса омадам, ки танҳо муносибати босалоҳият ба таълим шароит фароҳам меорад муаллим ва хонанда барои амалӣ намудани дониши азбаркардаашон мустақилона кӯшиш намоянд ва дар шароити муносиб аз он самаранок истифода баранд.
Аз соли таҳсили 2016-2017 ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ гузаронидани муносибати босалоҳият дар таълим аз иқдомҳои муҳимтарини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки маорифро чун соҳаи афзалиятнок дар шароити ҳозираи таълиму тарбияи насли наврас хеле муҳим арзёбӣ менамоянд. Ҳангоми татбиқи барномаҳо ва дастурҳои тавсиявӣ ман эҳсос кардам, ки роҳи пешгирифтаи Вазорати маориф ва илм дурусту бамаврид мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо мақсади татбиқи Стандарти фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ 30 номгӯй роҳнамои омӯзгор барои 8 фанни таълими зинаи таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1 — 4), 11 номгӯй замима ба китобҳои дарсиро ба ёрии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба табъ расонид, ки ҳар кадоми он самаранокии гузариш ба муносибати босалоҳиятро дар давоми соли хониш равшану возеҳ нишон медиҳад.
Дар соли таҳсили 2017-2018 маҳз дар партави омӯзиши ин дастурҳо ман бо супориши маъмурияти мактаб барои омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактаб якчанд машғулияти озмоишӣ гузаронида, дар синфи 3-юм дарси кушод додам. Пас аз баррасии васеи ҳамкасбон — аъзои иттиҳодияи методӣ доир ба машғулиятҳои салоҳиятнок боз чизҳои дигарро барои худ кашф намудам.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим дар миқёси минтақа беназир буда, ҷанбаҳои асосии ислоҳоти мундариҷаи таълимро инъикос менамояд.
Дар муассисаи таълимие, ки ман фаъолият мекунам, барои гузаштан ба муносибати босалоҳият ба таълим шароиту имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Пеш аз ҳама, бо ёрии соҳибкорону муҳоҷирини меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд ва маблағгузории Фонди саудии рушд соли 2013 бинои иловагии дуошёна сохта, ба истифода дода шуд. Дар он синфхонаҳои махсус барои таълими химияю физика ва забону адабиёт, муҷаҳҳаз бо ҳама гуна ашёи таълимӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин иқдоми ватандӯстона дар роҳи рушди маорифу мактаб нақши созанда бозида, бисёр мушкилоти соҳа бартараф гардид.
Дар айёми таътили тобистона бо қувваи худӣ синфхона ва бинои асосии мактабро таъмир карда, ба соли нави хониш омода намудем. Маҳз муҳайё будани шароити мусоид барои таълим роҳро барои боз ҳам беҳтарсозии фардои кори таълиму тарбия равшантар хоҳад сохт.
Аҳтам Мӯминов, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ № 26-и ноҳияи Рашт