Андешаҳо дар атрофи як мақола
Баъди ба нашр расидани андешаҳои Ҳафиз Бобоёров оид ба қарор додани ҲНИТ дар баробари Давлати Исломии Ироқу Шом ва ҳаракати «Толибон» баҳсҳои зиёде байни аъзои ҲНИТ ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба амал омад. Онҳо бо пофишорӣ иддаои доктори илми фалсафа Ҳафиз Бобоёровро маҳкум карда, ба ин васила нишон доданӣ мешаванд, ки ҳақ ҳастанду ба роҳи рост равонанд.
Маҳфили «Ҷаҳони андеша»-и Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо изҳори назарҳои хос ва нашри мақолаҳо дар мавзӯъҳои мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон машҳур аст, дигарбора дар сархати ахбори расонаҳо қарор гирифт.
Пажӯҳишгарони ин марказ дар вокуниш ба интиқоди Муҳиддин Кабирӣ — роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз кори олимони Академияи улум, ин ҳизбро ба гурӯҳҳои террористӣ ва Давлати Исломии Ироқу Шом ё ДИИШ шабеҳ донистаанд. Ба андешаи онҳо, хатари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам аз хатари ин гурӯҳҳои тундрав кам нест.
Ҳафиз Бобоёров ҳамчун доктори илми фалсафа чунин андеша дорад: «Аз номи Худо ва мусалмонон истифода бурдан ин худ як хатар аст. Ба мардум гузориш додан, ки гӯё мо тавҳин ба Худову ислом кардаем, чӣ маъно дорад? Дар ин изҳорот мо гуфтем, ки муроҷиати мо дар мақолаҳо ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, на ба диндорону онҳое, ки ба Худо бовар доранд. Мо аслан ба эътиқоду эътимоди мардум кор надорем. Ҳар вақте ки дар бораи ин ҳизб як интиқоде мекунем, ҳамеша мегӯянд, ки шумо мусалмононро дар назар доред. Дигар ин ки тавре солҳои охир мебинем, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фақат танқид мекунад, ки дар ҷомеаи мо мардум имкони чодар пӯшидану аз 18-сола поён ба масҷид рафтанро надоранд. Магар ба ғайр аз ин мо мушкилоти дигар надорем? Чаро барномаи рӯшане надоранд, ки пешниҳод кунанд».
Дар идомаи ин андешаҳо Ҳафиз Бобоёров чунин таъкид мекунад: «На мазҳаб, балки сиёсӣ кардани мазҳаб боиси рукуди ҷомеа мешавад. Яъне, мо ба ҷойи баҳси мушкилоти сиёсиву иқтисодии худ баҳси мазҳабро пеш меорем ва мегӯем: занон бояд сатр кунанд ё накунанд ё ришро чӣ тавр монанд. Дар амри маъруф, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ занонро таҳқир мекунанд, ки ин ҳама ҷомеаи моро ба сӯи инқилоби исломӣ таҳрик медиҳад. Ба ҷойи ҳалли мушкилот гурӯҳи маҳдуде бо номи «Наҳзатӣ» пайдо шудааст, ки мехоҳанд бо истифода аз эҳсоси мазҳабии мардум сари қудрат биёянд. Як гурӯҳро кофир эълон кардану аз номи Худо истифода бурдан нишонаи ҳамин аст. Аксарияти мардум ба Худо бовар доранд ва шояд ҳамин боиси субот бошад, ки мардум ба як қувваи табиӣ бовар доранд?!»
Воқеан ҳам сиёсӣ кардани мазҳаб оқибати хуб надорад ва мисоли рӯшани онро мо дар воқеаҳои охирини кишварҳои Араб, дар мисоли давлатҳои Миср, Сурия, Давлати Исломии Ироқу Шом ва ғайра, ки боиси харобиву фитна ва ҷангу ҷидолҳои зиёд гардиданд, хуб мушоҳида мекунем. Албатта, дар ин кор дасти Амрико низ ҳаст. Аз бедонишию бефарҳангии мусалмонон истифода бурда, бародарони ҳамдину ҳаммазҳабро ба вартаи ҳалокатовар тела доданд, ки натиҷаи он ба ҷуз вайрониву харобӣ ва қатлу куштори сокинони ин минтақа дигар чизе нест. Дар баробари ин, ҳаракате бо номи Давлати Исломии Ироқу Шом арзи ҳастӣ кард, ки аксари кишварҳои дунё вуҷуди онро барои минтақа хавфнок дониста, онро ба сафи созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дохил карда, маҳкум намуданд. Ислом дини мубораку пок аст ва набояд онро ба сифати як дини террористию ифротгаро нишон диҳем. Амалҳои ношоистаи ҳаракати Давлати Исломии Ироқу Шом ба мақому манзалат ва обрӯи дину мазҳаб зарбаи сахт ворид мекунад. Ба ин маънӣ шоир хеле хуб фармудааст:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.
Т.Р. РИЗОҚУЛОВ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор