Миллатҳои соҳибтамаддун дар ҳама давру замон ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ медоданд, илму донишро бузургтарин неъмат медонистанд ва барои пешрафти ин соҳа ҳамеша тадбир меандешиданд. Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддини Айнӣ ҳанӯз пеш аз инқилоби Октябр гуфта буд:
Аз файзи Яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.
Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.
Бемактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб.
Дар моҳии ҷон об аст ирфон,
Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.
Дар даврони шӯравӣ низ ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешуд. Хушбахтона, ин муносибат дар замони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон хубтар эҳсос мегардад. Ҳар сол бо дастуру супориши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ, ки бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъминанд, бунёд меёбанд. Қадру манзалати омӯзгор боло рафта, омӯзгорон барои хизматҳои шоистаашон аз ҷониби давлат қадрдонӣ мешаванд.
Кормандони шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод муҳимии масъаларо хуб дарк кардаанд. Шиносоӣ бо вазъи соҳаи маориф дар ҳудуди ноҳия нишон дод, ки тағйироти куллӣ ба чашм мерасад. Имрӯз сарварии шуъбаи маорифро омӯзгори ҷавону эҷодкор ва боистеъдод Саидшариф Одиназода ба уҳда дорад. Аз суҳбат бо ӯ маълум гардид, ки барои пешрафти соҳа дар ноҳия нақшаҳои зиёд дорад.
Дар ноҳия айни ҳол 85 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 29 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 27 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва як мактаб — интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият менамоянд.
Ба бунёди мактабҳои нави замонавӣ низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Соли 2015 дар деҳаи Яхчи деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов, деҳаи Сабзиқадами деҳоти «Муҷихарф» биноҳои нави таълимӣ ҳар кадоме барои 240 нафар хонанда сохта шуд. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Зоруни деҳоти «Муҷихарф» шаш синфхонаи иловагӣ барои 120 нафар, бинои таълимии муассисаи таҳсилоти ибтидоии №78 барои 80 нафар аз ҷумлаи корҳои дар ин самт ба анҷомрасонида мебошанд. Сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти асосии №30 дар деҳаи Якбараи деҳоти «Сафедчашма» барои 320 ҷой оғоз гардидааст. Имрӯз анқариб дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ноҳия биноҳои таълимии навсохт ба чашм мерасанд, ки бо зебоии худ симои деҳаҳоро тағйир дода, барои таълиму тарбияи насли наврас шароит фароҳам меоваранд.
Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 798 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 88 нафар занон ба таълиму тарбияи кӯдакон машғуланд. Аз ин шумора 450 нафарашон соҳиби маълумоти олии касбианд. Шумораи хонандагони мактабҳои ноҳия соли равон ба 15270 нафар расидааст, ки аз ҷумла 7067 нафарашон духтарон мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳибтаҳсилот аз 2 октябри соли 2010, таҳти №475 «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016» қарор қабул кардааст. Дар ноҳияи Нуробод мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ гардидани қарори мазкур чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар ин замина, таъсиси Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт низ барои сари вақт амалӣ гардидани барномаи мазкур кумак мерасонад. Соли равон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 нафар омӯзгорон ба шуъбаи ғоибонаи ин донишкада аз рӯи ихтисосҳои гуногун дохил шуданд. Масъулини соҳа бовар доранд, ки баъди ду-се сол норасоии мутахассисони соҳибкасб дар ноҳия пурра ҳал мегардад.
Қабули хатмкунандагон аз ноҳияҳои дурдаст тариқи квотаи президентӣ, ки ғамхории дурандешонаи Сарвари давлат мебошад, на танҳо барои таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия мусоидат менамояд, балки барои таъмини дигар соҳаҳо бо мутахассисон низ манфиатовар аст. Соли равон 26 нафар, аз ҷумла 13 нафар духтарон тариқи квотаи президентӣ донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гардиданд ва 19 нафари онҳо омӯзгорони оянда мебошанд.
Фасли зимистон барои сокинони навоҳии кӯҳистони ҷумҳурӣ мушкилоти зиёд пеш меорад. Дар ноҳияи Нуробод баҳри омодагӣ ба зимистон чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Соҳаи маорифи ноҳия барои муассисаҳои таълимӣ қадри даркорӣ ангишт ва ҳезум захира намудааст. Масъулини соҳа бовар доранд, ки кормандон ва хонандагон фасли сармо ба мушкилот мувоҷеҳ нахоҳанд шуд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2015», ки мувофиқи он барои 15 нафар хонанда як компютер пешбинӣ шудааст, дар ноҳияи Нуробод пурра татбиқ гардидааст. Муассисаҳои таълимии ноҳия ба 367 адад компютер, 69 принтер ва 36 генераторҳои барқдиҳанда таъмин шудаанд. Ба истиснои панҷ муассисаи таълимӣ (аз норасоии синфхонаҳо) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ кабинетҳои фанни технологияи информатсионӣ ташкил шудаанд.
Баҳри пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб, тарғиби ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯриву суҳбат ва дигар корҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои тарбиявӣ ва беруназсинфию беруназмактабӣ бурда мешавад, ки дар онҳо бо мақсади бедор намудани ҳисси ифтихор аз забони тоҷикӣ, давлатдории миллӣ ва муқаддасоти миллӣ корҳои зиёд ба сомон расонида мешавад. Бо шоирону нависандагони муосир вохӯрии хонандагон чанд маротиба баргузор шудааст.
Фаъолияти маркази таҳсилоти иловагии ноҳия низ рӯ ба пешравӣ дорад. Айни ҳол дар марказ 12 маҳфил амал менамояд. Аъзои маҳфилҳои маркази мазкур дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Аз ҷумла хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 Мунираи Латиф дар озмуни ҷумҳуриявии «Чеварони гулдаст» соҳиби ҷои аввал гашта, бо мошинаи дарздӯзӣ қадр гардид. Хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Заринаи Борон соҳиби шаҳодатномаи узви вобастаи Академияи хурди илмҳо, хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Қурбоналӣ Аслонов бо ифтихорномаи Академияи мазкур қадр карда шудаанд.
Умед аст, ки кормандони соҳаи маорифи ноҳия минбаъд низ барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия кӯшиш менамоянд.
Д. Талаб, «Садои мардум»