Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Қиссаи мактабҳои куҳна ва нав»

№73 (3710) 20.06.2017

Раёсати маорифи вилояти Суғд мақолаи Ҳусейни Назрулло «Қиссаи мактабҳои куҳна ва нав»- и Истаравшан, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 30 майи соли 2017, №60 (3697) нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки айни замон дар шаҳри Истаравшан як қатор муассисаҳои таълимӣ ба бинои иловагӣ эҳтиёҷ доранд. Вале ҳолати биноҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №37 ва №46 нисбат ба дигар муассисаҳо ташвишовар аст.

Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати маорифи вилоят аз вазъи мактабҳои дар мақола зикршуда огоҳанд.

Бобати садамавӣ будани бинои мактаби мазкур бисёр менависанду ҳангома барпо кардаанд. Муаллифони мақолаҳо дархост доранд, ки ба ҷойи биноҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, бинои нав бунёд карда шавад.

Аз ҷумла, дар ин хусус дар рӯзномаҳои «Омӯзгор», «Ҳақиқати Суғд» низ мақола ба табъ расидааст.

Ҳар сол Раёсати маориф номгӯйи иншооти ба навсозӣ ниёздоштаро ҷиҳати ворид намудан ба нақшаи иншооти сохташаванда ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳод менамояд.

Аз ҷумла, соли 2017 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №37, 46- и шаҳри Истаравшан ба ин рӯйхат пешниҳод гардиданд.

Сохтмони бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 солҳои минбаъда ба назар гирифта мешавад.

О. КАРИМЗОДА,

сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд