Чуноне дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 омадааст, дар мамлакат «фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷои нишаст муҳайё карда шудааст».
Деҳаи Обҷувози деҳоти «Қалъачаи калон» дар 6 — километрии қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Истаравшан ҷойгир аст. Дар ягона муассисаи таълимии деҳа — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ба номи Шариф Каримов 688 нафар фарзандони сокинони деҳоти «Обҷувоз», «Болғарӣ» ва шаҳраки Дилшод дар ду баст мехонанд.
Бинои асосии мактаб ҳанӯз солҳои 50-уми қарни гузашта сохта шуда, аз синфхонаҳои тангу паст иборат аст. Саҳни мактаб хеле калону дар шафаташ наздик ба 1,5 га хоҷагии деҳқонии ёрирасон дорад.
Он биноҳоро хонандагон «Мактаби куҳна» меноманд, зеро дар қисмати поёнии мактаб соли 2008 бо роҳи ҳашар дар болои таҳкурсӣ (фундамент)-и аз замони шӯравӣ боқимонда 10 синфхонаи иловагӣ сохтаанд ва толибилмон онро «Мактаби нав» меноманд. Мутаассифона, айни замон ҳам мактаби куҳна ва ҳам мактаби нав дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
«Мактаби куҳна» аз 7 синфхона, утоқи корӣ, ташхисгоҳ (лаборатория) барои фанҳои физикаю химия иборат буда, соли 2001 як қисмати он фурӯ рафтааст. Маъмурияти мактаб ин қисматро аз нав бардошта, болопӯшашро дигар карданд.
- Бинои куҳнаи мактаб аз тариқи ҳашар бо хишти хом сохта шудааст. Хиштҳои он замона хушсифаттар будаанд, ки зиёда аз 70 сол боз бино побарҷост. Лекин хиштҳое, ки мардуми деҳа ройгон барои сохтмони синфхонаҳои нав доданд, зери борон мондаю заҳкашида будаанд. Онҳоро дар рӯи таҳкурсии куҳнаи мактаб бо лой бардошта, бо истифода аз ҳар гуна масолеҳи сохтмонии куҳна бомпӯш кардем. Дар натиҷа, деворҳои бардошта дар зарфи 10 сол шӯра зада, ба чаппа шудан наздик шуданд, — мегӯяд ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии мактаб Бекмурод Холиқназаров.
- Қиссаи сохтмони бинои ба истилоҳ, «нав» низ аҷиб аст. Соли 1967 дар синфи 8-уми мактаби куҳна мехондаму ҳамон замон муаллимон бобати садамавӣ гаштани бинои куҳнаи мактаб сухан мекарданд. Маъмурияти ҳамонвақтаи мактаб бо давуғеҷи зиёд масъалаи сохтмони бинои нави мактабро дар қисмати поёнии ҳавлӣ ҳал карданду донишҷӯёни Омӯзишгоҳи техникии рақами 14-и шаҳр таҳкурсии биноро аз рӯи лоиҳаи коттеджҳои финӣ бо роҳравҳои 1 метру 20 сантиметр паҳноидошта рехтанд. Мо — бачаҳо хурсанд шудем, ки то охири соли таҳсил соҳиби мактаби нав мешавем, вале таҳкурсии мактабро рехтанду сохтмони мактаб ба қавли мардум, «гӯшти уштур хӯрд». Баъдтар фаҳмидем, ки дар як деҳаи дигари шаҳри Ӯротеппа — Тӯтк сел мактабро шустааст. Комиссияи ҳамонвақта илоҷи корро аз тариқи ба ҷои мактаби деҳаи Обҷувоз, дар деҳаи Тӯтк бунёд намудани бинои нави мактаб «ёфтаанд».
Чор сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил кардам. 16 сол дар мактаб-интернати шаҳр кор карда, сипас, барои кор ба мактаб омадам ва дидам, ки ҳоло ҳам таҳкурсии дар ҳамон замон рехтаи бинои мактаб вуҷуд дорад… Чун соли 2001 як қисмати бинои куҳнаи мактаб фурӯ рехт, маъмурияти мактаб пайи сохтмони бинои нав шуд, — мегӯяд Б. Холиқназаров.
Аз синфхонаҳои «Мактаби куҳна» дидан кардем. Дар самти рости ҳавлӣ китобхона, кабинети технологӣ, устохонаи таълимӣ ва созмони талабагӣ ҷойгир буда, девори аксар синфхонаҳо тарқиш пайдо кардааст. Китобхона, ки дар як утоқи хурд ҷойгир аст, хеле торик буда, ҳатто фурӯзонак надорад.
- Солҳост, ки истифодаи қувваи барқро дар китобхона манъ кардаем, зеро дар он хатари ба вуҷуд омадани сӯхтор мавҷуд аст, — мегӯяд раиси кумитаи иттифоқи касабаи мактаб Ҷӯрабой Холов.
Девори устохонаи таълимӣ аз таҳдоб ғеҷидааст. Барои он ки бом ба сари мактабиён фурӯ наравад, зераш чанд такягоҳи чӯбӣ гузоштаанд.
Дар қисмати чапи даромадгоҳ синфхонаҳои дигари «Мактаби куҳна» ҷойгир шудаанд. Ин қисмат бо «толори варзишӣ»- е оғоз мешавад, ки 6 метр бару 12 метр дарозӣ дорад. Болорҳои толор хамидаанд ва то ин ки фурӯ нараванд, дар мобайнашон болори дарозеро гузоштаанд.
Бояд гуфт, ки таҳсилро ҳам дар бинои «нав» ва ҳам «куҳна»- и мактаб Қисми мустақими ҳарбикунонидашудаи (КМҲ) рақами 10-уми Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр қатъиян манъ кардааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 –и деҳаи Тӯтки деҳоти «Пошкент» дар қисмати шарқию ғарбии шаҳр ҷойгир аст. Дар ин таълимгоҳ 540 нафар хонандагони деҳоти «Тӯтк» ва «Поҷиндаки Гунбаз» дар ду баст таҳсил доштаанд.
- Бинои куҳнаи мактаби деҳаи Тӯтк, ки аз 8 синфхона иборат буда, соли 1967 бар асари борони сел осеби сахт дид.
Биноан, комиссияи давлатӣ дастур дод, ки бо истифода аз масолеҳи сохтмонии барои мактаби деҳаи Обҷувоз ҷудошуда дар қисмати болоии деҳаи Тӯтк мактаби нави иборат аз 13 синфхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон созанд. Ба сохтмони ин бино низ имсол 50 соли расо мешавад.
- Бо дарназардошти ҳолати ногувори он, ҳанӯз аз солҳои 2005- 2006 аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, то ба роҳбарияти вилоят ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ хаттӣ муроҷиат кардем, — мегӯяд яке аз пирони деҳа Саид Шарифов.
Аз бинои куҳнаи мактаб, ки қобили истифода нест ва ҳам аз бинои ба истилоҳ «нав»-и мактаби деҳаи Тӯтк дидан кардем. Ҳолати биноҳо ба маънои том риққатовар аст.
- Барои ислоҳи вазъ фаъолони деҳа 15 сол аст талош доранд. Яке аз онҳо Халил Сангинов 6 маротиба ба қабули собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси кунунӣ Абдураҳмон Қодирӣ, 5 маротиба ба ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва 8 маротиба ба шаҳри Душанбе, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм рафта буд.
Бино ба гуфти номбурда, барои сохтмони бинои нави мактаби деҳа фаъолон се лоиҳа омода кардаанд.
Бори аввал, соли 1981 лоиҳаи сохтмони мактабро Институти давлатии «Таджикселстрой» бо 18 синфхона ва барои 640 хонанда таҳия кард. Вале бо баҳонаи куҳна гаштани лоиҳа масъулин дастур доданд, ки он нав карда шавад. Соли 2008 Институти лоиҳакашии «Тоҷиклоиҳа» барои 480 хонанда ва бо арзиши лоиҳавии 10 миллиону 800 ҳазор сомонӣ лоиҳа таҳия намуд.
Сабаби қабул нагардидани онро масъулин зиёд будани арзиш арзёбӣ карданд.
Биноан, лоиҳаи сеюм барои 240 хонанда бо арзиши 8 миллион сомонӣ аз ҷониби ҶДММ «Абрас»- шаҳри Душанбе омода ва пешниҳод гардид.
Хулоса, пас аз муроҷиати бисёрсола собиқ раиси шаҳри Истаравшан И. Ғ. Абдуллозода ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саидов мактуб дар мавриди дастгирии масъаларо 7 ноябри соли 2002 ирсол намуд. Дар навбати худ, вазир онро баррасӣ карда, амалӣ шуданашро аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дархост кард, — мегӯяд Халил Сангинов.
Чун «аз санг садо шуду аз масъулин не», намояндагони деҳоти «Тӯтк» ва «Поҷиндаки Гунбаз» соли 2013 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд. Собиқ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров муроҷиати шаҳрвандонро барои баррасӣ боз ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саидов ва собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ирсол намуд. Дар натиҷа, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони мактабро ба нақшаи дурнамои солҳои 2014- 2016 дохил намуда, барои сохтмони он ҷудо намудани 1500 ҳазор сомониро пешбинӣ кард.
Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо мактуб аз панҷуми майи соли 2014 аз ворид гардидани лоиҳаи сохтмони мактаб ба нақшаи дурнамои Раёсати сохтмони асосии вилоят дар солҳои 2014 — 2016 иттилоъ дода буд, ки тибқи он соли 2015-ум 450 ҳазор сомонӣ бояд ҷудо карда мешуд. Мутаассифона, на маблағ ҷудо шуду на сохтмони мактаб оғоз. Аз ҳамон сол мунтазам ба қабули раиси вилояти Суғд меравам ва раис Абдураҳмон Қодирӣ иҷрои ҳатмии масъаларо ба зердастон супориш медиҳад. Мутаассифона, сохтмони мактаб 4 сол аст аз ин сол ба соли дигар гузаронида мешавад, — мегӯяд Халил Сангинов.
Аҷиб аст, ки мактабҳои деҳоти «Обҷувоз» ва «Тӯтк» тақдири якхела доранд ва муносибати масъулин ба ҳар ду хунукназарона аст.
- Ҳарчанд дар муддати 15 соли охир бобати бартараф намудани мушкилии мавҷуда унвонии мақомоти дахлдори шаҳри Истаравшан ва вилояти Суғд борҳо муроҷиат намуда бошем ҳам, мушкили мо осон намешавад, — мегӯяд раиси деҳаи Обҷувоз Азиз Додокалонов.
Сокини деҳаи Обҷувоз Хуршеди Азиз мегӯяд, ки роҷеъ ба вазъи бади мактаби деҳа таҳти унвонҳои «Фиреби мактаб ё мактаби фиреб?» ва «Ваъдабозӣ то ба кай?» дар рӯзномаҳои «СССР» ва «Ҳақиқати Суғд» ду мақолаи танқидӣ ба нашр расонидааст.
- Аз тариқи телевизиони вилоятӣ низ ҳолати ногувори мактабҳои деҳаҳои Тӯтк ва Обҷувозро нишон доданд. Вале ин ҳама пинаки масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро вайрон намекунад, — мегӯяд номбурда.
- Мутаассифона, масъулини шаҳру вилоят аз ифшои камбудиҳо дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарос доранд ва ҳангоми вохӯриҳо бо Сарвари давлат аз баромадкунандагон тақозо мекунанд, ки бобати камбудию нуқсонҳо лаб во накунанд. Агар ҳамин тавр намешуд, шояд сохтмони чунин мактабҳо кайҳо ба анҷом мерасиданд, — бо таассуф мегӯяд мӯйсафеди 85 — сола Саид Шарифов.
Вақте ки пайи омода намудани матлаб будем, дар мактабҳои зикршуда директоронро пайдо накардем. Шояд онҳо тарсиданд, ки аз роҳбарияти болоӣ гап мешунаванд.
Дар маҷмӯъ, аз ин сол ба соли дигар «кӯчидан»-и сохтмони бинои ин ду мактаб ва посухи масъулони соҳа мақоли халқии «Бузак намур, баҳор меояд»- ро ба хотир меорад.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»