Дар соли 1991 ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ яке аз пирӯзиҳои таърихии миллӣ гардид ва орзуи чандинасраи мардуми Тоҷикистонро ба воқеият табдил дод. Истиқлол барои мардуми тоҷик имкониятҳои навро барои рушд ва шукуфоӣ фароҳам овард ва имкон дод, ки таҳкими давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароит барои дигаргунсозии иҷтимоию иқтисодӣ шурӯъ шавад.
Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи душвору пурмашаққатеро бо мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ паси сар карда, сулҳу ризоиятро дар ҷомеа барқарор намуд. Ин таҷриба, ки бешубҳа, ба хирад ва матонати бевоситаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи беназир гардид.
Омилҳои асосии муваффақият дар расидан ба Истиқлоли давлатӣ муттаҳид кардани қувваҳои солими ҷомеа буданд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд қувваҳои гуногуни сиёсӣ, созмонҳои фарҳангӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятиро дар атрофи идеяи сулҳ ва ризоият ба ҳам биоранд.
Сулҳи тоҷикон намунаи беназири ба даст овардани сулҳ дар ҷаҳон гардид, ки имрӯз ҳамчун дастур дар ҳалли низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон истифода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро «арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик дар замони муосир» номидаанд.
Дар ҳақиқат, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард дар зарфи 33 соли истиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки мардуми шарафманди тоҷик дар таърихи худ ин гуна пешравию дастовардҳоро дар ёд надорад. Соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати иқтисодии миллиро мустақилона муайян намояд ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ривоҷу равнақ ёбад.
Агар мо аз давраи ба даст овардани истиқлол то имрӯз назар афканем, пас онро метавонем ба давраҳои куллан тағйирёбии шароитҳои иқтисодӣ ҷудо намоем. Аз ҷумла, аз соли 1991 то 1997 иқтисоди Тоҷикистон оқибатҳои харобиовари пошхӯрии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид. Қатъи робитаҳои иқтисодӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ боиси аз байн рафтани бисёр корхонаҳо, норасоии молҳо ва хидматҳо, инчунин, коҳиши шадиди ММД гардид. Кулли инфрасохтор вайрон ва сатҳи бекорию камбизоатиро зиёд намуд. Дар натиҷа, кишвар бо буҳрони амиқи иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд, ки бо гиперинфлятсия, норасогии буҷет ва имконнопазирии маблағгузории барномаҳои иҷтимоӣ оварда расонд. Гарчанде давраи 1991-1997 барои Тоҷикистон замони харобӣ ва озмоишҳои вазнин буд, лекин маҳз дар ҳамин давра барои ислоҳоти оянда ва барқарорсозии иқтисодиёт заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Давраи аз соли 1997 то 2000 бо оғози муътадилшавии иқтисодиёти Тоҷикистон пас аз ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ хос аст. Маҳз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 барои барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёт шароит фароҳам овард. Қадамҳои калидӣ дар роҳи муътадилсозӣ: анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, оғози либерализатсияи нархҳо, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, мустаҳкам кардани асъори миллӣ ва рушди бахши молиявӣ буданд. Ин чораҳо имкон доданд, ки пеши роҳи гиперинфлятсия гирифта шавад, мунтазамии иқтисодӣ муътадил гардад.
Дар ин давра иқтисодиёти Тоҷикистон ҳанӯз заиф ва осебпазир буд, аммо нишонаҳои барқароршавӣ аллакай зоҳир гардиданд, ки ба ояндаи шукуфон умеди нав бахшид. Бо вуҷуди он ки сатҳи зиндагии аҳолӣ паст боқӣ монд ва кишвар ҳанӯз аз оқибатҳои ҷанг ранҷ мекашид, дар солҳои 1997-2000 барои рушди иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд.
Давраи аз соли 2000 то 2008 ҳамчун давраи рушди устувори иқтисодӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Кишвар ба инкишофи мусбати рушд ноил шуд, ки дар ин давра, пеш аз ҳама, бо дигаргунсозиҳои сохторӣ иҷрои барномаҳои ислоҳотӣ, афзоиши устувори ММД, ҷалби маблағҳо, сармоягузориҳои хориҷӣ, рушди инфрасохтор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ муаррифӣ мегардад. Дар ин давра омилҳои асосии рушд инҳоянд: суботи сиёсӣ пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, афзоиши сармоягузорӣ ба саноати кӯҳӣ ва энергетика, инчунин, ҷалби сармоя аз дигар кишварҳо. Ин маблағгузорию сармоягузориҳо имкон доданд, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ таҷдид ва навсозӣ карда шаванд, инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ рушд ва ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Тоҷикистон бо гузаронидани як қатор дигаргунсозиҳои сохторӣ ва ислоҳотҳои иқтисодӣ дар сатҳи зиндагии аҳолӣ тағйироти куллии мусбатро эҳсос кард. Новобаста аз набудани диверсификатсияи иқтисодиёт давраи солҳои 2002-2008 барои Тоҷикистон давраи гузаронидани ислоҳотҳои куллӣ ва пешрафти назарраси иқтисодӣ муаррифӣ мегардад.
Соли 2009 Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои ҷаҳон, ба буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд. Коҳиши нархи алюминий, молҳои асосии содиротии кишвар ва коҳиши интиқоли пул аз хориҷи кишвар, боиси коҳиши шадиди ММД (ба 3,5%) гардид. Сармоягузорӣ ва даромади буҷет коҳиш ёфт ва сатҳи камбизоатӣ боло рафт. Ба ин мушкилот нигоҳ накарда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи буҳрони молиявӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ андешид, аз ҷумла ҳавасмандгардонии талаботи дохилӣ, дастгирии тиҷорати хурду миёна ва ҷалби сармояи хориҷӣ. Аллакай дар соли 2011 иқтисоди кишвар бо нишон додани афзоиши устувори ММД ба барқароршавӣ оғоз намуд. То соли 2017 Тоҷикистон ба рушди устувори иқтисодӣ ноил шуда, дар бисёр бахшҳо рушди устуворро нишон дод.
Давраи баъди соли 2018 дар иқтисоди Тоҷикистон бо талош барои рушди устувор дар пасманзари рафъи оқибатҳои буҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008 ва мушкилоти COVID-19 муаррифӣ мегардад. Самтҳои асосии рушд дар ин давра таҳкими низоми молиявӣ, рушди инфрасохтор ва саноат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ буданд. Сармоягузорӣ ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва тиҷорати хурд дар ноил шудан ба рушди устувор нақши муҳим мебозад.
Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ афзоиши даромади воқеии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, ки аз соли 2000 то имрӯз рушди иқтисодиёт боло рафта, мутаносибан даромади аҳолӣ низ афзудааст. Аз соли 2000 инҷониб, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 81% то 22% дар соли 2022 ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Маҳз тавассути иродаи қавии роҳбарияти давлат, хусусан сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат буд, ки як қатор ислоҳоти иқтисодӣ дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид.
Илова ба афзоиши ММД, даромади аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон дар ҷалби сармояи хориҷӣ низ муваффақиятҳои зиёд ба даст овардааст. Дар ду даҳсолаи охир ҳаҷми умумии сармоягузорӣ беш аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар солҳои 2007-2022 ҳудуди 70 кишвари ҷаҳон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ намуданд. Дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи душворро босубот ва рушди устувор тай намуд. Тавассути ба даст овардани истиқлол кишвар соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди Миллӣ гардид ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуд.
Маҳз ба шарофати сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардум таъмин гардид. Тоҷикистон бо бунёди давлати миллӣ, ки бо принсипҳои демократӣ, давлати ҳуқуқӣ, ҷомеаи дунявӣ ва рушди иҷтимоӣ асос ёфтааст, барои ҷаҳон намунаи беназир гардид.
Дар ин давра ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян шуда, ҳалли вазифаҳои асосӣ оғоз ёфтанд. Тоҷикистон яке аз пешсафони таъсиси самти инфрасохторӣ, сохтмони шабакаи роҳҳо дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ гардид.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои захираҳои об диққати махсус доданд, ки он дар эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» инъикос ёфтааст. Саҳми Тоҷикистон дар расидан ба сулҳу амният дар Афғонистон, аз ҷумла бунёди пулҳо дар болои дарёи Панҷ, низ намунаи сиёсати муваффақи хориҷии давлати мо мебошад. Ин ташаббусҳо эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Имрӯз иқтисоди Тоҷикистон рушди мунтазам ва босубот дорад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 рушди иқтисодӣ ба 8,3 фоиз расид. Соҳаҳои асосӣ, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ ва савдо, тамоили мусбатро нишон медиҳанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ояндаи Тоҷикистон рушди инноватсионӣ ва рақамисозии иқтисодиёт мебошад. Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» корҳо оид ба ҷорӣ намудани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои мухталиф амалӣ карда мешаванд. Ин ба густариши равандҳои тиҷорат, баланд бардоштани шуғли пурмаҳсул, самаранокӣ, ҳосилнокии меҳнат ва фароҳам овардани имкониятҳои нав мусоидат мекунад.
Барои иқтисодиёти Тоҷикистон зарур аст, ки боз ҳам фазои мусоиди сармоягузорӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосир ва ҳамкории муассир бо шарикони байналмилалиро ривоҷ диҳем. Муваффақият дар ин самтҳо имкон медиҳад, ки вобастагии худро аз шумораи маҳдуди молҳои содиротӣ коҳиш дода, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем, сатҳи зиндагии аҳолиро баланд бардорем.
Ҳоло Тоҷикистон дар назди чолишҳои нав қарор дорад, ки аз мо талошҳоро барои ҷорӣ намудани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди сармояи инсонӣ талаб мекунанд. Асоси ин талошҳоро сармоягузорӣ ва маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва технология, инчунин, фароҳам овардани шароит барои рушди тиҷорати хурду миёна омилҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ташкил мекунад.
Дар маҷмӯъ, бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда дорои тамоми имконияту захираҳои зарурӣ, бунёди ояндаи шукуфон ва рушди устувор мебошад.
Файзулло ХОЛБОБОЕВ,
номзади илми иқтисод,
ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ