Нуқтаи назар

Истиқлолият маркази ноҳияҳоро ба шаҳр табдил дод

№13 (4753) 26.01.2024

Месазад, ки номи таърихиашонро баргардонем

Юсуфшох ЯкубовБа шарофати соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, кӯшишҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллат ва рушду нумӯи иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва меъморӣ маркази ноҳияҳои мамлакат ба шаҳр табдил шудаанд. Аммо мардум, аз ҷумла маъмурони ноҳияҳо, аз истифодаи вожаи шаҳр худдорӣ менамоянд. Зарур донистем аз таърихи пайдо шудани шаҳрҳои қадими анъанавии тоҷик ва хусусияти он маълумот диҳем.

Дар гузаштаи дур чӣ гуна зистгоҳро шаҳр меномиданд? Оё маркази ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистонро метавонем шаҳр гӯем? Барои шаҳрҳои қадим шартҳои зерин ба назар гирифта мешуд: 1. Ҳудуди он бояд беш аз 5 га замин бошад. 2. Мавҷудияти пешаварӣ: кулолӣ, бофандагӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайра. 3. Мавҷудияти савдо: савдои яклухти хариду фурӯш, бозор, 4. Мавҷудияти идораҳои маъмурӣ, аз қабили раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо, раиси бозор. Мавҷудияти биноҳои ҷамъиятӣ: маъбад, додситон, дабистон, майдонҳои варзиш. 5. Аҳолии он беш аз 5 ҳазор нафар бошад. 6. Мавҷудияти хат. 7. Мавҷудияти девори ҳимоявӣ бо бурҷҳои тирандозӣ ва дарвозаҳои посбондор.

Марказҳои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикис­тон ҳамаи шартҳои зикршударо доранд, ба ғайр аз деворҳои ҳимоявӣ ва дару дарвоза. Дар замони қадим аз сабаби набудани давлати ягона ва лашкари доимии амал­кунанда барои ҳифзи марзу буми мамлакат деҳаҳо ҳам девори ҳимоявӣ доштанд. Дар замони Сомониён ҳимояи мамлакатро лашкар таъмин намуд ва деҳаҳо аз сари баландиҳо ба об наздиктар фуромаданд ва дигар девори ҳимоявӣ насохтанд, аммо дар шаҳрҳои қадим деворҳои ҳимоявӣ то ибтидои асри ХХ буданд, масалан, девори ҳимоявии Бухоро то ташкил шудани ҳокимияти шуравӣ амал менамуд.

Дар замони шуравӣ ноҳияҳо номи районро гирифта, дар марказҳо якчанд биноҳои маъмурии якқабата: райком (идораи ҳизбии ноҳия), райисполком (кумитаи иҷроияи ноҳия), суд, милитсия ва ғайра сохта шуданд, ки нисбат ба биноҳои дигари ноҳия шукӯҳманд менамуданд. Имрӯз бинои раиси ноҳия қасри ду ё сеқабата, биноҳои театр, суд, милитсия, пурокуратура ва ғайра ба қаср монанд мебошанд, ки дар шаҳри Москва вазоратҳои давлати шуравӣ чунин бино надоштанд. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ноҳияҳо биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, меҳмонхона, мактабҳои сеқабата, майдонҳои варзиш, дӯконҳо, бозорҳои боҳашамат сохта шудаанд, ки ҳатто дар пойтахт — шаҳри Душанбе 30 сол пеш набуданд.

Дар китоби «Авесто», дар бахши қадимтарини он «Ясно» 19, банди 8 гуфта мешавад, «кадомонанд он панҷ радон (роҳбарон) Намонопат — Хонахудо, Виспат — Деҳхудо, Шаҳрпат — Шаҳрхудо, Зантупат — Ноҳияхудо, Даҳюпат — шоҳи кишвар ва Хушатравайра — Шоҳи шоҳон. Ин номҳо дар алоҳидагӣ ҳамчун: Намон, Вис, Занту, Шаҳр, Даю номбар мешуданд. Хуб мешуд, агар мо ба ҷои калимаи ноҳияи арабӣ вожаи тоҷикии авестоии занту ё русторо истифода намоем. Мебинем, ки дар барқарор намудани номҳои таърихӣ номгузорон вақтҳои охир аз истифодаи бисёр номҳои таърихӣ, топонимӣ ва маъмурӣ канорагирӣ менамоянд ва бо баҳонаи он, ки ин ном безеб аст, номҳои таърихии хоси маҳалбударо бо номҳои нави хоси он мавзеънабуда иваз мекунанд. Масалан, номи Сафедоракро ба Сафеддара иваз намудаанд. Зимистон он ҷо пур аз барф аст ва Сафеддара гуфтан раво бошад, аммо вақте барфҳо об шуданд ва сафедӣ ба сиёҳӣ табдил ёфт, пас номашро Сиёҳдара гӯем? Бинобар ин, номҳои таърихиро дигар кардан мумкин нест. Номҳо ифодакунандаи як нишонаи ба худ хоси географӣ ва таърихии мавзеъ мебошанд. Онҳо бозгӯи таърихи ин ё он деҳа, шаҳр ва ноҳия ҳастанд ва иваз намудани онҳо хати батлон задани таърихи халқамон мебошад. Хуб мешуд, ки пеш аз иваз намудани номи маҳалҳо аз олимон мепурсиданд. Имрӯз номҳои топонимӣ ба монанди ёдгориҳои бостонӣ зарурати ҳифз намуданро доранд. Дар замони баланд шудани нуфузи туркзабонони муғулнажод бисёр номҳо аз тоҷикӣ ба туркӣ айнан, ба монанди Сурхоб -Қизилсу,Чоркӯл — Торткул, Сиёҳкӯҳ — Қаратоғ ва ғайра, тарҷума шудаанд. Имрӯз ба ҷойи барқарор намудани номҳои мазкур номгузорон номҳоро мувофиқи хоҳиши худ мегузоранд, ки хато аст.

 Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки вожаи ноҳия ба русто иваз шавад. Дар замони Сомониён вожаи русто маъмул буд ва имрӯз дар Эрон истифода мебаранд. Маркази рустоҳо шаҳр эълон шаванд: Рус­тои Турсунзода марказаш шаҳри Регар ном гирад. Номи Регар дар сарчашмаҳои замони Сомониён ёд мешавад. Маънои Регар макони регдор аст. Дар гузашта гирду атрофи он регзор будааст. Маркази рустои Шаҳринав шаҳри Ҳамоварон ном гирад. Дар гузашта Шаҳринав Аҳурон ном дошт ва марказаш Ҳамоварон буд. Дар «Шоҳнома» номи Ҳамоварон ёд мешавад ва зани Кайковус, шоҳи дуюми сулолаи Каёниён, Cудоба духтари шоҳи Ҳамоварон аст. Маркази Ҳисор шаҳри Шиман номида шавад. Вожаи Шиман дар Авесто ёд мешавад ва маънояш баландии равшан мебошад. Аз нофаҳмиҳо вожаи Шиман Шуман ва Шодмон шудааст. Маркази рустои Рӯдакӣ Сешанбе номида шавад. Сешанбе номи қадими ин мавзеъ аст ва бо ин ном дар «Таърихи Ҳумоюн»-и Гулшанӣ ёд мешавад.

Маркази рустои Ёвон шаҳри Ёвон монад. Номи Ёвон ба маънои замини камоб аст. Рустои Ҷомӣ марказаш Хуррамшаҳр номида шавад, ки бо ин ном мӯйсафедон дар гузашта онро ёд мекарданд. Маркази Хуросон шаҳри Лабкан ном гирад. Шоҳигарии бахши болои водии Вахш бо ҳамин ном ёд мешавад. Маркази Лабкан дар ҷои Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон ҷой дошт. Номи Лабканро барои он гирифтааст, ки замоне рӯди Вахш маҷрояшро иваз намуда, як қисмати шаҳрро шуста бурдааст ва ба ҳамин хотир номи шаҳр Лабканро гирифтааст. Соли 2000-ум сокинони деҳаи Сарбанд аз харобаи Ҳалқаҷар 200 сиккаи тиллоии шоҳ Хувишка, писари Канишкаи Кабирро ёфта буданд. Таҳқиқот дар харобаи он нишон дод, ки дар замони Кӯшониён дар он ҷо шаҳри калони маъмурию ҳунармандӣ ва пойтахти водии Вахш ҷой доштааст, ки бо ин ном дар сарчашмаҳои то истилои муғул ёд мешавад. Маркази рустои Кӯшониёнро Кӯшктеппа номидан равост. Кӯшктеппа номи тоҷикии Қӯрғонтеппа мебошад. Рустои Вахш марказаш Вахшон номида шавад. Вахшон номи фариштаи рӯди Вахш ва Тахти Сангин мебошад.

Маркази рустои Ҷалолиддини Балхӣ шаҳри Ҳеловар номида шавад. Вожаи Ҳеловар аз ду бахш: «ҳел» иҳота ва «вар» макони зист аст. Ин ном дар адабиёти географии замони Сомониён ёд мешавад, ки яке аз шаҳрҳои замони Сомониён дар водии Вахш буд. Маркази рустои Дӯстӣ шаҳраки Чилкӯл номида шавад. Номи Чилкӯл дар асоси кӯлҳои Бешаи палангон пайдо шудааст ва баъдан номи Чилкӯлро ба Ҷиликӯл табдил додаанд.

Рустои Ҷайҳун марказаш шаҳри Қумсангир аст. Вожаи Қумсангир тоҷикӣ буда, аз калимаи кӯҳу санг маншаъ мегирад.

Маркази рустои Панҷ шаҳри Саройкамар номида шавад. Саройкамар дар навиштаҳои Алии Яздӣ (асри XIV) бо номи Солисарой ёд мешавад, ки баъдан номи Саройкамарро мегирад.

Маркази рустои Қубодиён шаҳри Тахти Қубод ва маркази рустои Тӯс — Шаҳритус номида шаванд. Асосгузори давлати Каёниён Кайқубод аз ҳамин сарзамин буд ва Тӯс паҳлавони номдори он ҷост.

Маркази рустои Носири Хусрав шаҳраки Панҷканд номида шавад. Он мавзеъ дар сарчашмаҳо бо ду ном: Буроб (Чилучорчашма) ва Панҷканд ёд мешавад. Маънои Панҷканд панҷ хона, панҷ деҳа аст. Муғулнажодон Панҷкандро Бешкент карда буданд ва бекигарии он бо ин ном то асри ХХ вуҷуд дошт.

 Маркази Ваҳдат шаҳри Навбозор аст. Навбозор дар сарчашмаҳо, аз ҷумла «Таърихи Ҳумоюн» ёд мешавад. Дар Навбозор заробхона буд ва бо номи Навбозор сикка бароварда мешуд. Дар натиҷаи нуфузи муғулнажодон номи Навбозор ба Янгибозор табдил шуд.

Маркази Файзобод шаҳри Вашгирд аст. Дар «Шоҳнома» Вашгирд бо номи Висагирд ёд мешавад. Маънои Вашгирд замини васеъ аст.

Маркази Нуробод шаҳри Дарбанд, маркази Рашт шаҳри Ғарм номида шаванд. Дарбанд ва Ғурканд дар сарчашмаҳои географии замони Сомониён ёд мешаванд. Маънои Ғурканд кӯҳшаҳр аст ва Ғарм низ ҳамин маъноро дорад.

Рустои Тоҷикобод марказаш шаҳри Лабиоб ( Қалъаи Лабиоб) аст. Қалъаи Лабиоб дар «Таърихи Ҳумоюн» ёд мешавад. Рус­тои Лахш марказаш шаҳри Зинкӯҳ (Зинкӯҳ маънои зери кӯҳро дорад), номи қадими Ҷиргатол мебошад.

Номи қадимии ноҳияи Сангвор Вахё аст ва аз номи рӯди Вахш Ваҳвӣ-Нек реша мегирад. Сангвор номи деҳа мебошад ва дар замони шуравӣ ноҳияи Сангвор ташкил шуда, марказаш Лайрун буд. Дар Лайрун харобаи қалъаи қадим вуҷуд дошт, ки имрӯз ба замини кишт табдил шудааст ва он маркази қадими Вахё буд. Бахши поёни ноҳия Хулоз ном дошт ва марказаш Чилдара буд. Хуб мешуд, агар русто Вахё ва марказаш шаҳри Тавилдара (дурусташ Тайдара — поёни дара мебошад) номида шавад.

Маркази Дарвоз шаҳри Карон, маркази Ванҷ шаҳри Рохарв номгузорӣ шаванд. Вожаи «карон» аз калимаи «корона»-и ҳиндуавропоӣ — тоҷ реша мегирад ва «корона»-и русӣ низ ҳамин маъноро дорад. Вожаҳои Ванҷ маънои баландҷой ва Рохарв роҳи обро ифода менамоянд. Маркази Рӯшон шаҳри Вомар, маркази Шуғнон шаҳри Хоруғ номида шаванд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ низ Рохарв маркази Ванҷ, Вомар маркази Рӯшон ва Хоруғ маркази Шуғнон мебошанд. Шоҳи Дарвоз дар ибтидои асри XV11 аз Карон ба Қалъаихумб мекӯчад ва он ҷо марказ мешавад.

Дар гузашта маркази ноҳияи Шоҳдара Роштқалъа номида мешуд. Маънои Рошт ва Рашт сурх аст. Ишкошим маркази шаҳраки Намадгуд номида шавад, зеро Намадгуд ҳама вақт маркази Ишкошим буд.

Маркази рустои Муъминобод шаҳри Чорсӯ ном гирад. Чорсӯ номи қадими Муъминобод аст ва дар сарчашмаҳо бо ин ном ёд мешавад. Маркази рустои Шамсиддин Шоҳин шаҳри Тирай аст. Маънои Тирай баландӣ буда, номи қадимии ин диёр мебошад.

Маркази Ҳамадонӣ шаҳри Андичароғ ном гирад. Андичароғ номи қадимии ин диёр аст, ки дар сарчашмаҳои замони Сомониён ёд мешавад ва харобаи он дар назди деҳаи Сайёд аст ва аз ҷониби бостоншиносон ҳафриёт шудааст.

Маркази Фархор шаҳри Сакас­па номида шавад. Номи Сакаспа бо андак тағйир дар шакли Саксанохӯр боқӣ монда, харобаи он ҳафриёт шудааст. Сакаспа номи қадимии маркази Фархор аст ва дар сарчашмаҳои юнонӣ бо ин ном ёд мешавад. Панҷ ҳазор сол пеш Фархор дар болои Уртабуз ҷой дошт. Вожаи «ур» баландӣ ва кушодро ифода мекунад, яъне баландии кушод. Маънои Уротеппа теппаи баланд аст, Урметан ватани баланд ва Урғут кӯҳи баланд аст. Вожаи Фархор шакли дигаршудаи Парғар аст. Дар сарчашмаҳо бо номи Парғар ёд мешавад, яъне доман ё паҳлуи кӯҳро ифода мекунад.

То асри V мелод номи Кӯлоб Аспиён ва марказаш шаҳри Давонаспа ном дошт ва ин ном ба хотири ватани аспони зоти тоҷикӣ, аспони «бодпо», «осмонӣ» буданаш пайдо шудааст. Вақте ин мулк аз ҷониби қабилаҳои ҳиёнӣ — ҳайтолиён гирифта мешавад, номи Аспиён ба Ҳайтолиён бадал мегардад ва ниҳоят ба Хатлон иваз мешавад. Дар ноҳияи Восеъ кӯле бо номи Қайнар ҳаст, ки номи тоҷикии он Нозкӯл аст. Дар он ҷо харобаҳои шаҳри қадиме вуҷуд дорад, ки шояд шаҳри Давонаспа бошад.

Маркази Восеъро шаҳри Ҳулбук ном гузоштаанд. Хуб мешуд, номи Ҳулбук дар ҷойи азалияш мемонд ва маркази Восеъ номи Давонаспаро мегирифт.

Бояд маркази Данғара шаҳри Кӯлак номида шавад. Мавлоно Тоҷиддинро бо номи Тоҷиддини Кӯлакӣ дар сарчашмаҳо зикр намудаанд, ки ба харобаи Золи Зарди дар Корезҳо буда рост меояд. Дар гузашта Золи Зард маркази динии зардуштӣ — маъбади Об буд. Данғара дар асрҳои XV-XIX майдони беш аз 60 га заминро ишғол менамуд ва кӯлҳои зиёд дошт. Он яке аз марказҳои фарҳангии Хатлон шуморида мешуд, номи ноҳия Дашти Кӯлак буд. Ба хотири номи таърихӣ — Кӯлакро нигоҳ доштан марказро шаҳри Кӯлак номидан равост.

Рустои Темурмалик марказаш шаҳраки Селакон номида шавад. Номи Селакон дар сарчашмаҳои асрҳои Х-ХI ёд мешавад ва мо медонем, ки дар баҳорон дар ин мавзеъ сел зиёд меомад ва номи мазкур бо ҳамин сабаб гузошта шудааст. Дар асри ХIХ ноҳия номи Қизилмазорро мегирад ва ҳоло номи қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмаликро соҳиб шудааст.

Рустои Балҷувон марказаш шаҳри Аспиён номида шавад. Дар Балҷувон ду мавзеъ аст бо номи Аспиёни Боло ва Аспиёни Поён ва маънои Балҷувон мавзеи боло, болоҷойро ифода менамояд. Дар гузашта он ҷо чарогоҳи тобистонаи аспони хатлонӣ буд.

Маркази Ховалинг (Ховолинг) шаҳри Мунк номида шавад. Мунк номи гиёҳи доруворӣ аст ва дар асрҳои IХ-XII калонтарин шаҳр дар кишвари Хатлон буд. Маънои Ховолинг аз ду бахш: хово — хоб ва ланд — замин аст, яъне замини хобрафта.

Рустои Айнӣ таърихан Парғар — доманкӯҳ ном дорад ва дар ҳуҷҷатҳои суғдӣ бо ин ном ёд мешавад ва баъд номи Фалғарро мегирад. Мардум аз нофаҳмӣ вожаи Фалғарро дар замони шуравӣ ба Заҳматобод иваз карданд ва имрӯз он номи Айниро гирифтааст. Маркази рустои Айнӣ шаҳри Варзиманор номида шавад. Вожаи Варзиманор маънои манораи баландро дорад.

 Рустои Масчо, дурусташ Мадҷо, яъне миёнаҷой мебошад, марказаш шаҳраки Мадрушкат номгузорӣ шавад. Номи Мадрушкат дар ҳуҷҷатҳои суғдӣ ҳамчун маркази русто ёд мешавад. Маркази Масчои нав Дилварзин ном гирад. Номи таърихии Зафаробод Хуватоғ аст, ки ҳоло бо ин ном истироҳатгоҳ вуҷуд дорад. Харобаи шаҳри Хуватоғ бо номи Нуртеппа аз ҷониби бостоншиносони тоҷик ҳафриёт шудааст ва яке аз панҷ шаҳри ба муқобили Искандари Мақдунӣ муборизабурда ёд мешавад. Маънои вожаи Хуватоғ кӯҳи офтобӣ мебошад. Хуб мешуд, агар ин номро маркази русто мегирифт.

Рустои Шаҳристон марказаш шаҳри Бунҷакат номида шавад. Бунҷакат дар асрҳои V-XII маркази Истаравшан буд. Истаравшан номи кишвар аст. Маркази он дар асрҳои IV-III то мелод Бағонкат ном дошт ва дар замони ислом номи Муғтеппаро гирифта, дар асрҳои баъд номи Уротеппаро мегирад. Бағонкат маънои бинои муқаддас, шаҳри муқаддасро дорад ва ин ном дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр боқӣ мондааст. Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки маркази Истаравшан Бағонкат номида шавад. Вожаи Истаравшан аз ду бахш ист — баланд ва равшан мебошад.

Маркази рустои Деваштич шаҳри Ғончӣ ном гирад. Маънои Ғончӣ кӯҳҷойро ифода менамояд. Маркази рустои Ашт шаҳри Шайдон номида шавад. Ашт аз номи фариштаи рӯзи 26-уми гоҳномаи авестоӣ «Ашто» гирифта шудааст. Ҳарфи «О» афтида Ашт шудааст. Аммо дар талаффузи гӯиши мардуми Ашт истифодаи ҳарфи «О» боқӣ мондааст. Онҳо ибораҳои «дурустедо», «хуш омадедо»-ро фаровон истифода мекунанд, ки эҳтиром ба фариштаи ростӣ «Ашто» мебошад. Вожайи шайд ба маънои вожаи арабии шайд: шайтон, фиреб ва макр нест. Вожа ба забони авестоӣ нисбат дошта, аз ду бахш: шай — равшан ва дон — об, яъне маънояш оби равшан, пок мебошад. Ҳамин маънӣ ба номи Шайдони Сари Хосор низ тааллуқ дорад.

Маркази рустои Ҷаббор Расулов шаҳри Лайлак номида шавад. Лайлак номи таърихии ин ноҳия мебошад ва бахши он дар дасти қирғизҳост. Лайлак номи парандаи қосиди баҳор аст.

Маркази рустои Спитамен шаҳри Навкат номида шавад, зеро ин номи қадимии ин ноҳия аст. Маркази Исфара шаҳри Исфара ном дорад, ки дуруст аст. Вожаи Исфара аз ду бахш: ист ба маънои баланд ва фар — рӯшноӣ аст, яъне мамлакати баланди равшанро маънӣ медиҳад.

Юсуфшоҳи ЁҚУБШОҲ,

доктори илми бостоншиносӣ,

 академик