Истироҳат гуворост, агар маблағ ҷудо гардад

№95 (4678) 24.07.2023

12 2Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023, таҳти №126 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, ки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакон ва наврасон истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, беруназшаҳрӣ, варзишӣ ташкил намоянд.

Дар робита ба ин хабарнигори рӯзнома бо директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муяссара Давлатзода мусоҳиб шуд.

- Истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар мавсими имсола чӣ гуна ба роҳ монда шуд?

- Бо мақсади амалӣ намудани банди 3-и фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоқикистон аз 24-уми апрели соли 2023 таҳти №468 «Дар бораи ташкили истироҳати тобис­тонаи кӯдакону наврасон дар соли 2023» рӯзҳои 30-31 — уми майи соли 2023 машварати ҷумҳуриявӣ оид ба ташкилу гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар заминаи истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол»-и Кумитаи иттифоки касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии номбурда 80 нафар мутасаддиёни сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Ҳамзамон, намояндагони вазорату идораҳои марбута бо маърӯзаҳои тавсиявӣ баромад карданд. Дар машварат иштирокчиён бо дастурҳои методӣ, ки аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия гардидаанд, шинос шуданд. Инчунин, аз ҷониби намояндагони шарикони рушд (ЮСАИД) «Дастури методӣ барои тақвияти малакаҳои хонандагон аз фанҳои хониш, математика ва табиатшиносӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи наздимактабӣ (барои мураббиён)» муаррифӣ гардид, «Дастур барои мутасаддиёни истироҳатгоҳи тобистона – Барномаи «Лаёқат» барои ташаккули салоҳияти истироҳаткунандагони синфҳои 5-7 ва 8-10», муаррифӣ гардид. Инчунин, дастурҳои методӣ «Салом, тобис­тон», «Омодагӣ ба сафари истироҳатгоҳи тобистона ва риояи қоидаҳои он», «Барои мураббиёни истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии кӯдакону наврасон» омода ва дастраси ҳама намуди истироҳатгоҳҳо гардонида шудаанд, ки мутасаддиёни истироҳатгоҳҳо дар фаъолияташон аз онҳо истифода мебаранд.

- Дар таътили тобистонаи имсола чӣ қадар мактаббача ба истироҳатгоҳҳо аз кадом қишри аҳолӣ сафарбар мешаванд?

- Мувофиқи маълумоте, ки аз ҷониби сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф ворид гардидааст, соли равон фаъолияти 1958 истироҳатгоҳ ва фарогирии 178671 нафар кӯдаку наврас барои истироҳат дар истироҳатгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст. То 30-юми июни соли 2023 аз рӯи маълумоти пешакӣ дастрасшуда дар басти якуми истироҳат 3524 нафар кӯдаку наврас дар 19 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаро гирифта шудаанд. Аз миқдори умумии кӯдакону наврасон кӯдакони ятиму бепарастор ва камбизоат 89 нафар ва мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ 146 кӯдакони болаёқат 112 нафар ва боқимонда кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад.

- Тартиби ба истироҳатгоҳҳо равон кардани кӯдакон чӣ гуна аст?

- Тамоми намуди истироҳатгоҳҳо дар асоси «Низомнома дар бораи истироҳатгоҳ» фаъолият менамоянд, ки он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон, қабули кӯдакону наврасон низ дар асоси низомномаи мазкур сурат гирифта, тариқи роҳхат амалӣ мешавад.

12 1-Оё шарту шароити истироҳатгоҳҳои имрӯза ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯанд?

- Санҷишҳо собит месозанд, ҳарчанд аз ҷониби мутасаддиёни раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо истироҳати тобис­тонаи наздимактабии кӯдакону наврасон ташкил шуда бошад ҳам, он ба бандҳои 5, 6, 7 — и «Низомномаи истироҳатгоҳи наз­димактабӣ, мувофиқат намекунад. Ин ба монанди надоштани ҳавзҳои шиноварӣ дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набудани ҳавзҳои сунъии резинӣ (бассейн), таъмир нашудани синфхонаҳои барои истироҳат ҷудогардида ва дар як қатор истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ мавҷуд набудани камераҳои назоратӣ, утоқи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, китобхонаи алоҳида, яхдон аз ҷумлаи норасоиҳо дар истироҳатгоҳҳо мебошад.

Яке аз мушкилоти асосӣ барои гуворо ташкил гардидани мавсими истироҳати тобис­тонаи кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷудо нагардидани маблағи муайян мебошад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»