Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Шурӯъ аз моҳи июн даври аввали истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар бошишгоҳҳои фароғатию варзишӣ оғоз гардид.
- Имсол 7054 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар се давр, ки ҳар даври он аз 15 рӯз иборат аст, ба истироҳат фаро гирифта мешавад.
Мо барои истироҳаткунандагон тамоми шароитро муҳайё намудаем. Дар ин самт хусусан, фаъолияти хуби мураббиҳои бошишгоҳҳои истироҳатии муассисаҳои таҳсилоти умумии №1, 2 ва гимназияи давлатӣ шоистаи таҳсин аст,- гуфт дар суҳбат мудири маорифи ноҳия Алишер Исоев.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»