Дар аксари лагерҳои истироҳатии ҷумҳурӣ давраи аввали фароғати мактабиён анҷом ёфт.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии кишвар дар 3777 лагери наздимактабӣ, истироҳатию меҳнатӣ, варзишию солимгардонӣ, фароғатию таълимӣ таътили тобистона мегузаронанд.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 30 марти соли ҷорӣ чор лагери истироҳатӣ – «Орзу», «Гулхан», «Шарора» ва «Зимчуруд» пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои қабули наврасон омода гардидаанд. Аллакай аз чор ноҳияи пойтахт дар давраи аввал дар ин лагерҳо 1000 нафар ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»