Он чизе ба Муштарӣ ҷоиз аст, ба барзагов ҷоиз нест. Рамзи кишвари Россия ҳамеша се аспи қавии пешбаранда буда. Наход рамзи Тоҷикистон намои номуваффақонаи қантарус (ҷонвари афсонавие, ки дар асотири Юнони қадим нимаи болои танаш чун одам ва нимаи поён чун асп тасвир карда мешавад)-и маз-ҳабӣ бошад? Кӯшиш мекунем, ки сари ин нукта истода гузарем.
Гуфтаи муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокир Ҳакимов ин ҳақиқатро бозгӯ мекунад, ки вақте исломиён (наҳзатиён) бо сотсиал-демократҳо муттаҳид шаванд, тағйироти қобили таваҷҷуҳе ба нафъи номзади ягонаи мухолифин ба вуҷуд меояд. Аҳсан демократҳо, аҳсан муллоҳо!!!
Ин дафъа бо гузоштани ароба пеши асп муовини раиси сотсиал-демократҳо кӯргиреҳи сабқати пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистонро боз намуда, маҷрои ҷараёни сиёсиро ба ақиб ва нақшаи онро ба услуби куҳнашудаи солҳои 90-уми асри гузашта бозгардонид.
Инсони тануманд, ҳушёр, дорои маҳорати иртиботӣ ва бо сифатҳои як марди маъмулии шарқӣ, бо назардошти нақши бауҳдадоштааш дар ин бобат гуфт, ки онҳо дар мавриди иттифоқи муштарак ё ба тафовуқ расидаан ё дар роҳи пешбарии номзади ягона аз ҷониби исломгароёни Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013-ум қарор доранд.
Бо вуҷуди он ки таърих тамоюлҳои шартӣ надорад, ба назар мерасад, ки дар шароити Тоҷикистон он такрор мешавад. Баёнияи Шокир Ҳакимов ба муроҷиати демократи собиқ Шодмон Юсуф ва даъватҳо баҳри пуштибонии номзади ягонаи исломӣ-демократӣ ва фронти халқӣ шабеҳ аст ва на танҳо ин, балки баъдтар ҳамон Шодмон Юсуф, котиби Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби коммунистӣ дар Академияи илмҳо принсипи ленинии чаправӣ ва ормонҳои сотсиалистиву шиорҳои марксизм-ленинизмро комилан фаромӯш карда, зидди раисони вилоятҳои алоҳида гуруҳи мусаллаҳи «Наҷоти Ватан» ташкил кард.
Кист ин ҷасур, ки сукутро мешиканад ва фарёди ғолибона зада, номзадии худро дар интихобот пешниҳод мекунад. Наход раҳбари бевоситаи Шокир Ҳакимов Раҳматулло Зойиров бошад. Зойиров дар арафаи интихобот бо сафараш ба Ӯзбекистони ҳамсоя, кишваре, ки раҳбарияти он ҳамвора аз ҳисси бадбинӣ кӯшиш мекунад ба созандагиҳои Тоҷикистон бо эълони блокадаи иқтисодӣ ва маҳдудсозии ҳуқуқии шаҳрвандони тоҷик дар Ӯзбекистон халал ворид созанд, иштибоҳи ошкоро содир намуд. Ин кори Зойиров мисли он аст, ки дар давраи ҷанги сард ба кишвари «ғайридӯст» сафар кунӣ, ки ин, албатта, далели шак доштан ба худу эътибори худ аст.
Зойиров раъйдиҳандагонро мутмаин месозад, ки бо раҳбарони узбекистонӣ дидор накардааст. Аммо мақоле аст, ки «Чун зану мард якҷо ҷамъ шуданд, ҷоиз нест бигӯйӣ, ки онҳо чизе мехонанд».
Даъвои забонӣ. Худи сафар ба Ӯзбекистон дигар манзалатҳои Зойировро чун сиёсатмадори ватандӯст аз байн мебарад.
Ба бебунёдии иттиҳоди исломиёну демократҳо худи мухолифати ғоявии дини ислому демократия далел буда метавонад. Асоси аввалӣ (ислом) бар пояи ар-зишҳои консервативии ҷомеаи суннатӣ, ки Тоҷикистон ҳам ба ин зумра дохил мешавад, бунёд ёфтааст. Иттиҳоди онҳо зарбулмасали «На дӯст, на душман, лекин ҳамин хел…»-ро ба хотир меорад. Чун демократия идеологияи аз хориҷ омада аст, ки бо вуҷуди гузашти солҳо дар Шарқ ҳам реша надавонидааст ва дар зеҳнҳо ва тарҷеҳоти сиёсии ҷомеа чун маҳсули ғоявии баррасинашуда боқӣ мондааст. Аз ҳамин сабаб демократҳо ва сотсиал-демократҳо давоми бист сол дар ҳаракатҳои сиёсӣ нақши дуюмдараҷа доштаанд.
Аз ҷумла дар солҳои навадум демократҳо дар оғоз ба дунболи ҳаракати оппозитсионӣ, чун барпо кардани митингу баромадҳо буданд. Бо оғози амалиётҳои ҷангӣ исломиён ташаббусро ба даст гирифта, Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистонро дар Афғонистон таъсис доданд ва бо ҳамин тартиб муллоҳо ба ташкилотҳои леводемократии монанди «Фидоӣ» ва «Туда» -и соли 1979-уми Ирон шомил шуданд.
Иттиҳоди демократҳову исломиён дар рӯ ба рӯйи аз саҳнаи сиёсӣ нопадид шудани Ҳизби демократии Тоҷикистон ва ҷунбиши «Растохез» ва аз даст додани нашрияҳову тарафдоронаш қарор гирифт. Демократҳо ҳанӯз аз ин ҷудо шудани тӯлонӣ бо исломиён ба худ омада наметавонанд.
Ин аниқ аст, ки дигар имрӯз амалкарди ҳизби демократӣ чун як ҳизби мухолифи даврони менеҷерии С. Исмонов нест ва гумон аст, ки ҳеҷ вақт ҳам нашавад. Далели ин тасмими таъсиси номумкини иттиҳоди демократияву теократия (яктопарастӣ) аст.
Сотсиал –демократҳо бо нодида гирифтани ин падида дар Тоҷикистон ба ҳамон самте равонаанд, ки қаблан, баъди иттиҳод бо исломиён рафта буданд. Онҳо дарк кардаанд, ки дар ҷомеа нуфузи ҳақиқӣ надоранд. Эълони рӯйхати аъзои ҳизб ҷуз тахайюл ё сохтакорие беш нест.
Албатта, ҳеҷ кас ҳаққи зери суол бурдани пешбарии номзадҳо ба интихоботи президентиро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, надорад, аммо моҳияти пушти сари ҳам истодани исломиён ва демократҳо ба тавсиаи табиии раванди сиёсӣ дар Тоҷикистон ихтилоф дорад.
Ин қаҳрамонҳои озодӣ дар давраҳои ҷунбиши сотсиалистӣ дар Аврупо аз ғояҳои бародариву озодӣ ва баробарӣ дар байни аъзои ҷамъият тарафдорӣ карда, ситоиш аз пирӯзии қонун ва бунёди ҷомеаи сотсиалӣ бо дидгоҳҳои мутавассити мазҳабиву секуляризмро карда буданд. Илова бар ин, инҳо (сотсиал-демократҳо) ҷудогии дин аз давлатро аз шартҳои аслии рушду пешрафт дар асрҳои миёна ҳисоб мекарданд…
Ҳамин тавр, оё таъсиси иттиҳоди усулҳои баробарии ҷамъиятӣ ва ҳилоли исломӣ даст медиҳад ё на? Оё онҳо метавонанд пирӯзии панҷфисадаро ба даст оваранд? Потенсиали аъзои ҲСДТ ва ҲНИТ дар бист соли мавҷудияташон чӣ гуна аст?
Ба ин ва дигар саволҳо субъектҳои интихобот дар ҷаласаҳои ҳизбӣ ҷавоб медиҳанд. Назора мекунем, ки оё андешаи солим ғалаба мекунад ё иттиҳоди ноустувори мухолифи раванди сиёсӣ?
Д.ПАНО, унвонҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон