Ҳафтуми сентябри соли 2015, шаҳри Душанбе
Ҳамдиёрони азиз!
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки зода ва парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст, ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимод намуда, рафтори хиёнаткорона, ноҷавонмардонаи хоини миллат Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт маҳкум ва ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои обу хоки диёр, осоиштагии ҳар як хонадон даъват менамояд.
Воқеан, истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки тамоми наслҳои миллати бонуфузи тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён тӯли якҳазорсола барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин арзиши олӣ танҳо насиби насли кунунии тоҷикон, боиси шарафу ифтихори бузурги ҳамаи мо гардид.
Албатта, бисту чор соли истиқлолият дар қиёси таърихи чандҳазорсолаи давлату давлатдорӣ ва кӯшишҳои истиқлолхоҳии миллатамон фурсати калоне нест. Вале муҳимаш он аст, ки даврони истиқлолият неруи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми кишварро ба зуҳур оварда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии тоҷикону тоҷикистониёнро таҳким бахшид. Агар фаъолияти бистучорсолаи давлатдориамонро таҳлил намоем, хоҳем дид, ки он барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ буда, моро таҳти сарварии Пешвои миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо решаҳои тавонои чандинҳазорсолаи давлатдориамон пайваст намуд.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Соҳиби давлату Ватани худ будан, дар чаҳорчӯбаи қонуниятҳои озодӣ, ободӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, эҷод ва дигар шартҳои умумибашарӣ умр ба сар бурдан, ҳама самараҳои боғи истиқлолиятанд, ки дар тӯли 24 соли охир насиби тамоми тоҷикистониён гардидаанд.
Вале як нуктаро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз байни обу оташи шадиди айём гузашта, бо худшиносиву матонати миллиаш худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит сохт, ки соҳиби гузаштаи пурифтихор, таърихи тӯлонӣ ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.
Ҳадаф аз ёдрас намудани дастовардҳои даврони истиқлолият ин сабақ гирифтан аз таърихи пурфоҷиаи халқи кишвар ба қадри давлати милливу истиқлолияти он расидан, ҳифзи якпорчагии мамлакат ва ваҳдати бо қимати ҳазорон ҷон бадастомада аз бадхоҳони миллат мебошад. Зеро:
Ҳар чӣ дар олам харобӣ рух диҳад,
Чун бубинӣ аз нифоқ аст, аз нифоқ.
В-он чӣ таъмири харобиҳо кунад,
Дар ҳақиқат иттифоқ аст, иттифоқ.
Дар ин замина Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки тақдири имрӯзу ояндаи миллат барояш бегона нест, бо шунидани хабари хиёнаткорона ва разили Абдуҳалим Назарзода ва ба ҳалокат расидани гурдони далеру ҷасур, ки дар роҳи таъмини амнияти ормонҳои миллӣ қурбон шудаанд, тамоми ҷавонони матиниродаву содиқро даъват менамояд, ки дар зери як шиор — «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» муттаҳид бошанд ва ба бетарафию бемасъулиятӣ роҳ надиҳанд.
Ватан фарзандони қаҳрамон ва шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Номи онҳо ҳамеша зинатбахши саҳифаҳои таърихи халқамон мебошад.
Ҳамзамон Ватан хоинон, буздилон ва ноҷавонмардонро низ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун доғи сиёҳ боқӣ мемонанд ва бо нафрин ёд мешаванд, то ки наслҳои ояндаи Ватан аз ин гунаҳо дар ҳазар бошанд.
Мо — ҷавонони даврони истиқлолият, бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун ҳалқаҳои як занҷири пӯлодӣ ба ҳам омада, то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллиро ҳимоят менамоем.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!