Кӯлоб. Кӯдакистони фаромӯшшуда кай таъмир мешавад?

№74 (4494) 16.06.2022

davИн кӯдакистон дар деҳаи Офтоблиқои деҳоти «Зиракӣ» ҷойгир буда, соли 1989 сохта шудааст ва масоҳаташ як гектар заминро ташкил медиҳад. Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 ҳуҷра ва биноҳои ёрирасон аст. Кӯдакистон аз хунукназарии масъулон ба харобазор мубаддал гаштааст.

Ҳангоми ба он ворид шудан бо зани солхӯрда рӯ ба рӯ гаштем, ки ӯ гуфт: «Кӯдакистон солҳо боз дар чунин ҳолати садамавӣ қарор дорад. Солҳои пеш шумораи зиёди кӯдакони деҳаро ба тарбия фаро мегирифт. Агар онро таъмир кунанду дубора ба кор андозанд, садҳо нафар кӯдак хурсанд мешаванд.

davҲар нафаре, ки аз самти Кӯлоб ба ноҳияи Муъминобод сафар кунад, ҳатман бо дидани ин бино таассуф мехӯрад. Дару тирезаҳои шикаста, деворҳои кафидаю ранг­паридаро дида, табъи кас хира мегардад.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Қадамшоҳ Ҳакимов дар суҳбат гуфт, ки бинои кӯдакистон дар тобеияти шуъбаи маориф набуда, балки дар тобеияти хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии деҳоти «Зиракӣ» мебошад. Мебоист, ки бинои кӯдакистонро ба муносибати 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ роҳбари хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъмиру навсозӣ мекард. Мутаассифона, бинобар надоштани маблағ, таъмири он ба соли 2022 мавқуф гузошта шуд.

davТаассуфовар он аст, ки панҷ моҳи соли 2022 сипарӣ гардидаасту аз таъмиру навсозии бинои кӯдакистон хабар нест.

 Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»