- мегӯяд омӯзгори соҳибтаҷриба Гулсумбӣ Шерова
Андешаманд сухан мегӯяд. Ҳини суҳбат дар ниҳоди ҳар як шахс хоҳиши гӯш кардани ӯ пайдо мешавад. Гапро кашол намедиҳад. Кӯтоҳ, сода, саҳеҳ андешаашро баён мекунад. Чун сухан дар бораи таълиму маърифат ва омӯзгорӣ равад, вуҷудашро ҳиссиёти хосе фаро мегирад. Дар бораи таълиму тарбия, насли наврас ва мактаб бо майлу рағбат сухан мегӯяд.
- Омӯзгори асил ба омӯзиши пайваста ниёз дорад. Ба дили кӯдакон роҳ ёфтан осон нест. Онҳо бештар майл ба кӯча доранду оламашон рангин аст. Эркагӣ, нозуктабъӣ, зудранҷӣ, беқарорӣ хислати онҳост. Омӯзгор на танҳо хонандаро, балки ҷомеаро тарбия мекунад. Ӯ бояд дунёро бо маърифати инсонӣ «таъмир» намояд. Ахлоқи хонанда, ки бад шуд, ахлоқи ҷомеа бад мешавад, чунонки Афлотуни бузург мегӯяд: «Агар ахлоқи ҷамъиятӣ коҳиш ёфт, бо ҳеҷ неруе наметавон зарари онро ҷуброн кард». Кори омӯзгорӣ заҳматталаб аст. Дар як синф ба ҳама яксон таълим медиҳӣ, вале самару бардошт мухталиф аст, — мегӯяд Гулсумбӣ Шерова.
Муаллим муваззаф аст хонандаро тавассути донишу малакаи ҳосилкардааш соҳибмаърифат гардонда, ба роҳи рост ҳидоят кунад. Ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ гаравидани як идда ҷавонон натиҷаи солҳои бесарусомонист, ки омӯзгор имкони наврасонро пурра ба таълиму тарбия фаро гирифтан надошт.
Гулсумбӣ Шерова омӯзгорест хирадманд, мушфиқу меҳрубон, кушодачеҳра. Ӯ фарзанди кӯҳистон аст. Дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаку хушманзари ноҳияи Ванҷ ба воя расидааст. Сарбаландию ботамкиниро аз кӯҳсорон омӯхтааст.
Падараш маълумоти омӯзгорию динӣ дошт. Бо таълим ва тарбияи фарзандон, хоса духтаронаш, аҳамияти хоса медод.
- Ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқии инсонҳо – покӣ, некӣ, эҳтиром, кӯшиш, талаб, омӯзишро аввалин бор аз падар омӯхтам, — мегӯяд номбурда.
Фаъолияти омӯзгориаш аз таълими синфҳои ибтидоӣ оғоз гардид. Тӯли 5-сол дар Мактаб-интернати кару гунгҳои ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба сифати логопед (омӯзгори иллатшинос) фаъолият кард. Дар ин муассиса кор карданашро Гулсумбӣ Шерова ворид шудан ба олами дигар маънидод мекунад.
Муаллима баъди омӯхтани курсҳои иллатшиносию қиёфасозӣ бо як санъати хоси имою ишора ба кӯдакони кару гунг, ки то ҳол ҳаёти биологӣ ба сар мебурданд «забон» меомӯхт. Тавре муаллима мегӯяд, «кӯдакон дар аввал хеле андуҳгин менамуданд, баъди аз худ кардани таълими қиёфасозӣ онҳо ба ҳамдигар муошират мекарданд ва хеле хурсанд ҳам мешуданд. Бисёри ин гунгҳо мисли кӯдакони солим дониши хуб пайдо карданд».
Ӯ 22 сол аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и ноҳияи Сино омӯзгори синфҳои ибтидоист. Бо кӯдакон унс гирифтааст ва онҳоро дӯст медорад.
- Касб ҳаловати махсуси худро дорад, шахсро тавонманд мекунад, неру мебахшад. Омӯзгорӣ пешаест, ки пушаймонӣ намеорад. Тӯшаи мо аз ин дунё қаноатмандӣ аз касб аст, касби интихобкарда. Кош боз як бори дигар ҷавон шаваму ба насли навраси диёрам дарси садоқат, дарси муҳаббат ба Ватанро омӯзам, — хулоса мекунад Г. Шерова.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»