Кашшофи олами маърифат

№113 (4633) 08.09.2022

4Дар илм библиографияшиносӣ мавқеи хоса дорад. Олимону муҳаққиқон, мутахассисони ҳамаи илмҳо ва унвонҷӯён ҳангоми фаъолияти хеш, аз ҷумла таҳияи рисолаю асарҳои илмӣ, ҳатман аз он истифода мебаранд.

Соҳаи библиографияшиносии тоҷик баъд аз солҳои 80-уми асри ХХ рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар ин давра як зумра муҳаққиқони ҳирфаӣ самтҳои гуногуни библиографияи миллиро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардиданд. Аз ҷумла, профессорон Раҳимҷон Шароф­зода, Абдураҳим Раҳимов, муҳаққиқони соҳа М. Қосимова, Ҳ. Исомуддинова, Р. О. Талман, Р. Н. Костина. ­­Х. Арбобова, ­­И. И. Рутенштейн, И. Норкаллаев, Г. А. Мушеев, З. М. Шевченко, С. М. Миров, Р. А. Кукушкина, Л. Г. Козирева, Н. Сай­фулина, М. Ҳ. Акобирова, Р. Набиева, Р. Кочкионова, С. Ғоибназаров, Ҷ. Раҷабов, А. Юнусов, А. Хоҷаев ва дигарон фаъолияти пурсамар доштанд. Дар ин давра мутахассисони ҷавон баъд аз хатми донишкадаҳои ватанию хориҷӣ дар самти китобхонашиносиву библиографияшиносӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Гадобек Маҳмудов аз зумраи онҳост, ки аввал дар Китобхонаи ҷумҳуриявии давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳайси китобдор — библиограф ва аз соли 1983 дар факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси омӯзгор ба кор ҷалб гардид. Омӯзгори ҷавон маҳорати хешро доимо сайқал медод ва аз устодони кафедра Р. Шарофов, А. Раҳимов, Г. Мушеев, Н. Сайфулина, Ш. Тошев ва дигарон нозукиҳои касбро омӯхт. Сипас, ӯ омӯзгори калон ва баъдтар мудири кафед­раи библиографияшиносӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъин мешавад. Дар давоми фаъолият баҳри омода намудани кадрҳои китобдории кишвар саҳми муносиб гузошт. Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷмӯаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Вазъ ва рушди библиографияи тоҷик», «Вазъи библиографияи ҷории давлатӣ дар Тоҷикистон», «Оид ба масоили таҳқиқи библиогра­фияи давлатӣ дар доираи талаботи замони муосир» ва ғайра интишор гардиданд. Илова бар ин, осори ӯ дар шакли рисола, китоби дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурамали корӣ, дастурҳои методӣ ба табъ расидаанд.

қаҳрамони матлаб аз соли 2013 то соли 2015 ба ҳайси декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ифои вазифа намуд. Дар ин давра ӯ ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ дод, ки мазмуну мундариҷаи рисолаҳои илмии донишҷӯён куллан тағйир ёфта, ба талаботи рӯзмарраи соҳа мутобиқ ва самтҳои инноватсионии рушд бештар инъикос гарданд.

Фаъолияти пурмаҳсулу таҷрибаи Гадобек Маҳмудовро ба назар гирифта, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин намуданд. Ин вазифаи пурмасъулият ба ӯ имконият фароҳам овард, ки малакаи назарии хешро дар китобхонаи бузургтарини кишвар мавриди амал қарор диҳад. Ӯ, ки аз мактаби бузурги олимони варзида гузаштааст, имрӯз ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, дастовардҳои инноватсионии соҳа, фаъолияти китобхонаҳои кишварҳои тараққикарда бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин навгониҳо дар фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон ва соири китобхонаҳои кишвар мавриди истифода аст.

Гарчанде серкор ва вазифаи пурмасъулиятро ба дӯш дошта бошад ҳам, аз таълими мутахассисони ҷавони соҳавӣ ва бозомӯзии мутахассисони ғайрисоҳавӣ дурӣ намеҷӯяд. Саҳми ӯ дар омода кардани мутахассисони соҳавӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, бозомӯзии кадр­ҳои ғайритахассуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва тадрис дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси китобдорони кишвар назаррас аст. Мавсуф муаллифи барномаҳои таълимии «Библиографияшиносӣ. Курси умумӣ», «Библиография­шиносӣ. Ташкил ва методикаи кори библиографӣ дар китобхона. Нишондоди методӣ», «Библиографияшиносӣ. Барномаи таълимӣ», «Биб­лиографияи Тоҷикистон. Барнома», «Фаъолияти библиографӣ дар китобхона. Барнома», китобҳои дарсии «Фаъолияти библио­графӣ дар китобхонаҳо. Китоби дарсӣ», «Библиографияшиносӣ. Китоби дарсӣ», рисолаи илмии «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо» ва ғайра мебошад.

Дар эҷодиёти ин олими сермаҳсул мақолаҳои илмӣ мақоми махсус дошта, натиҷаи тадқиқотҳояш мақолаҳои «Сос­тояние текущей государственной библиографии Таджикистана», «Становление и пути совершенствования репертуара таджикской книги», «К вопросу изучения государственной библиографии в свете обновления общества», «Сохт ва таъини дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхонаҳо», «Баъзе масоили омӯзиши библиографияи давлатии тоҷик», «Равандҳои асосии фаъолияти библиографии китобхонаҳо», «Истифодаи техноло­гияи муосири иттилоотӣ дар иттилооткунонии фарҳанги маънавӣ» ва ғайра мебошанд.

ҳамзамон, дар бознашри китобҳои дарсии устодон, таҳрири китобу дас­турҳо, инчунин таҳияи библиографияи шарҳиҳолии шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдро ба анҷом расондааст.

Саҳми ӯ дар таҳияи якчанд барориши «Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҳрири силсиланашрияи «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» назаррас аст.

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин олими варзида ҳампешагону мутахассисони соҳа меҳрномаҳои зиёд, ба мисли «Ба муҳаққиқи ҷавон оид ба сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ», «Махзани маърифат», «Дуррест, ки медурахшад», «Рӯзгоре барои ибрат», «Тарғибгари каломи беназир», «Номи неки муаллим» навишта, саҳми ӯро дар рушди илми библиографияшиносӣ, омоданамоии мутахассисон, пешрафти соҳаи китобдорӣ арзишманд баҳогузорӣ кардаанд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»