Китобҳои дарсӣ то кадом андоза таъмин мешаванд?

№92 (4675) 14.07.2023

278a0f96e4d7eb4a037cf6bca91f0da0 — копияДар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар айни замон норасоии китобҳои дарсӣ ба назар мерасад. Доир ба ин мушкилот бо сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Мирзо ҳамсуҳбат шудем.

- Дар соли таҳсили 2023-2024 дар нашри китобҳои дарсӣ тағйирот ворид карда мешавад?

-Ҳар сол нашри китобҳои дарсӣ тибқи дархосте, ки аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия­ҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад, ба нақша гирифта мешавад. Соли ҷорӣ нашри 76 номгӯи китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуд. Китобҳо нашри такрорӣ буда, ба мазмуну мундариҷаи онҳо тағйирот ворид намешавад. Танҳо аз нигоҳи инъикоси арзишҳои миллӣ дар мазмуну мундариҷаи адабиёти таълимӣ ва ҷой надоштани андешаҳои хурофотӣ, инчунин риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, мутобиқати мазмуну муҳтавои адабиёти таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаю барномаи таълим ва дастовардҳои муосири илмӣ қабл аз чоп мавриди арзёбӣ қарор дода мешавад. Тибқи талаботи стандартҳои мавҷуда истифодаи матн­ҳои дароз, мураккаб, аз ҳад зиёд пешниҳоди матнҳои назариявӣ, мафҳумҳои илмии бе шарҳу эзоҳ, қоидаҳои ҳаҷман калон, рақамҳои фаровон барои хонандагон, дастгоҳи номукаммали методӣ бояд дар китоби дарсӣ ҷой дода нашаванд.

- Муҳлати иҷораи китоб 3 сол муайян шудааст, вале дар баъзе мактабҳо он ҳатто 7-8 сол истифода мешавад.Чаро?

- Китоб солҳои зиёд метавонад истифода шавад. Тибқи ҳуҷҷати меъёрии «Тартиби ба иҷора додани китоб­ҳои дарсӣ ва маблағҳои гарони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ», тартиби пардохти маблағи китобҳои дарсӣ ба шакли иҷоравӣ дар 3 сол (соли якум 34 дарсад, соли дуюм — 33 ва соли сеюм 33 дарсад муқаррар шудааст. Пас аз 3 сол китоб метавонад дар сурати ба талабот ҷавобгӯ ва коршоям будан бо нархи 50 фоизи соли сеюми иҷора ба хонандагон барои истифода дода шавад. Агар ба стандарти фан ва барномаи таълим тағйи­рот ворид нагардад, китоби дарсӣ метавонад даҳсолаҳо истифода бурда шавад.

- Омилҳои душворфаҳм будани китобҳои дарсӣ кадомҳоянд?

- Албатта, дар нашри аввали китобҳои дарсӣ чунин мушкилӣ то ҷое дида мешуд. Дар ин маврид мақолаю тақризҳои зиёд дар саҳифаҳои матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нашр шуд. Кормандони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ якҷоя бо сохторҳои дигари марбута, инчунин муаллифони китобҳо барои беҳтар кардани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ аз ҷониби донишмандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гурӯҳҳои экспертизаи касбӣ ва экспертизаи ­ҷамъиятии китобҳои дарсӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар сохтори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон раёсати таҳия, ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ таъсис дода шуд. Китобҳои дарсӣ баъд аз хулосаҳои ниҳоии раёсати таҳия, ташхис ва тақризи адабиёти таълимии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба чоп пешниҳод мешавад. Ҳамаи ин тадбирҳо барои беҳтар шудани мазмуну мундариҷаи адабиёти таълимии дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ истифодашаванда, бартараф гардидани камбудиҳо мусоидат мекунад.

- Ҳоло дар ҷумҳурӣ чӣ миқдор китоби дарсӣ намерасад?

- Эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар аз рӯи дархости муассисаҳои таълимӣ, ки онҳо пешниҳод мекунанд, муайян карда мешавад. Ин дархост дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷамъбаст ва ба муовинони вазири маориф ва илм пешниҳод карда мешавад. Вазорати маориф ва илм бо назардошти дархости муассисаҳои таълимӣ, дар ҳолати аз 15 ҳазор зиёд будани дархости китоби дарсӣ, эҳтиёҷоти муассисаи таълимиро ба назар гирифта, чопи онро ба роҳ мемонад. Ҳар 5 сол мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ таҷдид гардида, чопи такрории онҳоро ба нақша мегиранд. Айни ҳол эҳтиёҷот ба китоб­ҳои дарсӣ дар асоси дархосте, ки солҳои қабл пешниҳод карда буданд, ба назар ­гирифта мешавад.

- Дар ҳолати ҷой доштани камбудӣ кадом чораҳо андешида мешавад?

- Дар ҳолати мавҷуд будани камбудӣ китобдорони муассиса дархост ва шуъбаи маорифи шаҳр ё ноҳия онро ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамояд. Дар асоси дархост Вазорати маориф ва илм чопи китоб­ҳоро, новобаста аз оне ки дар панҷ сол як маротиба чоп мешаванд, ба роҳ мемонад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»