Маро ба навиштани ин матлаб як намоиши телевизионӣ - шеърхониву шеърдонии чанд наврас, ки аз тариқи Муассисаи давлатии «Телевизиони Баҳористон» намоиш дода шуд, водор кард. Ин намоишномаи «Беҳтар аз дӯст» ном дошт.
Баъди ба итмом расидани барнома фарзандонам яке «Афсонаҳои халқи тоҷик», дигаре «Тобистон»-и Пӯлод Толис, савумӣ «Тӯй болои тӯй»-и Ҳоҷӣ Содиқро ба даст гирифта, ба мутолиа пардохтанд. Аз дидани ин манзара беихтиёр дар андеша фурӯ рафтам.
Дар ҳақиқат наврасон ба китобу китобхонӣ шавқу рағбати зиёд доранд. Фақат мебояд завқи донишандӯзии онҳоро бедор кард.
Ниёкон аз қадимулайём ба китобхонӣ шавқу рағбати беандоза доштанд. Биноан, бо рӯшноии чароғи бобоӣ то поси шаб китоб мехонданд, меҳри китобхонию донишандӯзиро ба фарзандон талқин мекарданд. Ривояту афсона нақл мекарданд, то дар зеҳни фарзандон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҷо гиранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба китоб ва китобхонӣ нуқтаи муҳимеро зикр кардаанд: «Китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад». Эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани кишварамон, ҳувияти миллӣ доштани шахс низ аз мутолиаи китоб вобаста аст.
Саъдии Шерозӣ дар васфи китоб барҳақ гуфтааст:
Китоб аз даст дода сустроист,
Ки ағлаб хӯи мардум бевафоист.
Моҳиятан китоб мояи ақлу тафаккури инсон буда, марҳамест бар зидди душман, туҳфаест баҳри дӯст, меросест ба фарзанд ва сарватест бебаҳо.
Биноан, онро «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» — гуфтаанд.
Сайёра ДАВЛАТОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и шаҳри Кӯлоб