Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, аз ҷониби аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ хеле хуш пазируфта шуд. Зимни суҳбат ва мушоҳидаҳо пай мебарем, ки онҳо бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат камари ҳиммат бастаанд.
Мушкилоти умдае, ки аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардид, норасоии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад. Фарҳангиён муаррифгарони таъриху тамаддун ва адабиёту санъати миллат на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонанд. Аз ин рӯ, кормандони соҳа бояд дорои маърифату санъати воло ва дараҷаҳои тахассуси соҳавӣ бошанд.
Дар Паёми Пешвои миллат омадааст: «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд». Дар самти тарбияи насли наврас истифода аз таҷрибаи ғании ниёгон мақоми хоса пайдо кардааст. Айни ҳол, дар баробари арзишмандии таҷҳизоту технологияи инноватсионӣ дар тарбияи инсони пешрафта истифода аз захираҳои илмиву маънавӣ ва фарҳанги пурғановати ниёгон, ки сартосар ҳикмату адаб аст, амри воқеӣ ва судманд мебошад. Бо дарки ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад».
Иҷрои ин вазифаи муҳим ва масъулият ба соҳаи китобдорӣ, ки яке аз шохаҳои муҳими фарҳанг аст, низ дахл дорад. Дар ин маврид таъкиди Пешвои миллат китобдоронро вазифадор менамояд, ки дар ташаккули захираҳои зеҳнӣ бо истифода аз захираҳои ғании анъанавӣ ва маҷозии иттилооти илмию маърифатӣ, таърихиву фалсафӣ, адабиву фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ дода, заминаи мусоидро баҳри ташаккули зеҳнии наврасон ва ҷавонон муҳайё созанд.
Имрӯз муассисаҳои китобдории ҷумҳурӣ зери таъсири омилҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва кадрӣ гирифтори буҳрон буда, беҳбудии куллиро тақозо дорад. Тавре дар мақолаҳои пешин ишора намудем, низоми китобхонаҳои деҳот бо сабабҳои объективию субъективӣ ба касодии иқтисодӣ ва маънавӣ дучор гардидааст. Таъминоти онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва адабиёти чопии тозанашр мувофиқи матлаб нест. Агар яке аз сабабҳои асосӣ хунукназарии роҳбарони ноҳияҳо бошад, ки барои китобхонаҳо маблағи ночиз ҷудо менамоянд, сабаби дигар бепарвоии китобдорони деҳот маҳсуб мегардад. Аксари онҳо на нақшаи корӣ доранду на аз буҷети ноҳия барои хариди китобҳои тозанашр маблағ талаб менамоянд ва на дар бораи таъмиру тармим ва ба талаботи замон мувофиқ гардонидани хизматрасонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Замоне буд, ки як китоб бо теъдоди 5-10 ҳазор нусха интишор мегардиду онро махзанҳои маърифатӣ сари вақт дастрас менамуданд. Албатта, он вақт нархи китоб бамаротиб арзон ва дастрас буд. Имрӯз бошад, китобҳои хонданбоб бо теъдоди ниҳоят кам, аз ҷумла 100-200 нусха нашр мегарданд, ки бинобар нархи гарон доштан барои китобдорон дастнорасанд. Аз ин рӯ, китобхонаҳои деҳот аз матолиби тозанашр бебаҳра ва адабиёти чопии хушсифат ва баландмазмун харидор надорад.
Роҳи ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад. Барои фаъол гардонидани китобхонаҳо ва китобдорони деҳот, пеш аз ҳама, масъулони соҳа ва зиёиёни кишвар бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз ҷумла, китобхонаҳои деҳотро бо дастурамалҳои меъёриву ҳуқуқӣ, методиву библиографӣ, амалию коргузорӣ таъмин намоянд. Имрӯз бисёр китобдорони деҳот ҳангоми фаъолият аз дастурамалҳои замони шӯравӣ истифода менамоянд. Фоизи умумии китобҳои тозаэҷод дар аксар китобхонаҳои деҳот аз 10 то 20 фоизи умумии захираи китобиро ташкил медиҳад. Биноан, хуб мешуд анҷумани китобдорони мамлакат доир ва ба он китобдорони деҳот низ даъват шаванд. Гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ барои муайян намудани вазъи хониши шаҳрвандони кишвар низ аз манфиат холӣ нест. Натиҷаи он боиси барномарезӣ ва дар маҷмӯъ, беҳтарнамоии вазъи китобхонаҳои кишвар ва ҷалби аҳолӣ ба хониш дар деҳот хоҳад гардид. Дар асоси тадқиқот метавон барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба рушди китобхонаҳои деҳотро таҳия кард. Дар замони муосир муҷаҳҳазнамоии китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоту технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, васоити китобдорӣ, таъминот бо адабиёти тозанашр ва беҳтарнамоии хадамоти китобдорӣ, таъмиру тармими биноҳо зарур ва ногузир буда, натиҷаи ниҳоии он маърифатнокшавии аҳолӣ мебошад.
Ба ин раванд бояд, пеш аз ҳама, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд ва таъсиргузор бошанд. Мутмаинем, ки пас аз таъкиди Пешвои миллат: «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳар чӣ бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем», таваҷҷуҳ ба соҳа бештар мешавад.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»,
Қ. БУРИЕВ, номзади илмҳои таърих