Китобхонаи миллӣ

№127 (4867) 25.10.2024

Библиографинамоии осори Пешвои миллат

КитобКитобхонаи миллии Тоҷикистон дар мамлакат ягона маркази илмию методии китобхонаҳои ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар қатори самтҳои гуногуни илму маърифат соҳаҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносиро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор медиҳад. Боиси таъкид аст, ки ходимони илмӣ ва мутахассисони муассиса, бахусус, дар омӯзишу тарғиби осори Пешвои миллат саҳми назаррас доранд. Онҳо тавассути таҳлили фаъолиятҳои библиографӣ ва иттилоотӣ роҳҳои беҳтарнамоии тарғиби осори Пешвои миллатро муайян намуда, дар хадамоти хеш аз дастовардҳои инноватсионӣ васеъ истифода менамоянд.

Дар ин ҷода, бо мақсади тарғиби корнамоиҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеаи тоҷик Китобхонаи миллӣ, аз ҷумла феҳристҳои алоҳидаи «Эмомалӣ Шарифович ­Раҳмонов: Феҳристи асарҳо ва адабиёт доир ба ӯ» (2001, 96 с.), «Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» (2011, 192 с.) ва китобномаи «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ» (2013, 656 с.) таҳия намуд. Дар онҳо тамоми осори эҷоднамудаи Сарвари давлат дар шакли тасвири библиографии асарҳои алоҳида, маҷмӯаҳо, матни суханрониҳо, паёмҳо, баромадҳо, вохӯриҳо, табрикот ва ғайра инъикос ёфтаанд.

Ҳамзамон, яке аз армуғони беҳтарини Китобхонаи миллӣ дар ин самт таҳияи китобномаи шарҳиҳолии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Китобномаи шарҳиҳолӣ бо мақсади омӯзиш ва тарғиби осори Сарвари давлат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода гардид. Китобномаи мазкур аз ҷиҳати дарбаргирии навъҳои гуногуни мавод, батанзимдарорӣ ва услуби ҷобаҷогузории он дастури мукаммал буда, намунаи беҳтарини феҳристи шарҳиҳолӣ дар биб­лиографияи тоҷик ба ҳисоб меравад. Китобнома ба талаботи илми библиография­шиносӣ ҷавобгӯй буда, оид ба инкишофи назарияи библиографияи ашхоси муътабар заминаи боэътимод гузошт. Дар он ҳамаи талаботҳои стандартҳои маъмул оид ба тасвири библиографӣ, гурӯҳбандии мавод ва дигар унсурҳои дар илми библиографияшиносии солҳои охир татбиқшуда ба инобат гирифта шудаанд. Аз рӯйи мақсад ва таъини хонандагӣ китобномаи мазкур ба библиографияи илмӣ-ёрирасон мансуб буда, аз рӯйи мазмун ба библиографияи фардӣ шомил мешавад. Аз рӯйи таъини функсионалӣ, яъне ҳудуди дарбаргирии мавод, он китобномаи тарҷеӣ буда, ба истифодаи хонандагони риштаҳои мухталифи тадқиқот, бахусус сиёсатшиносон, пешбинӣ мегардад.

Китобнома маводи чопию электронии солҳои 1981-2012-ро фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, веб-сайтҳои интернет ва китобномаҳои қаблан интишорёфта тартиб ёфтааст.

Мураттиб ҳангоми таҳияи китобномаи мазкур, чуноне ки ишора шуд, дар радифи истифодаи нишондиҳандаҳои библиографии қаблан чопшуда: «Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов: Феҳристи асарҳо ва адабиёт дар бораи ӯ» (2001. – 96 с.) ва «Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» (2011. – 192 с.) маводи электронии дар сомонаҳои интернетӣ дарҷшударо низ ҷамъ оварда, тибқи стандартҳои маъмул феҳристбандӣ кардааст, ки ин қимати илмӣ ва услубии дастурро афзун гардонда, доираи истифодаи онро васеъ намуд. Воқеан, услуби китобноманигории адабиёти электронӣ бори нахуст дар Тоҷикистон дар дастурҳои библиографии таҳиянамудаи КМТ мавриди истифода қарор гирифтанд ва аз ин рӯ, метавон гуфт, ки китобномаи шарҳиҳолии «Эмомалӣ Раҳмон» барои библиографони ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамали корӣ метавонад хизмат расонад. Инчунин, китобномаи мазкур барои олимон, муаррихон, сиёсатшиносон, китобдорон, омӯзгорону донишҷӯён, кормандони ниҳодҳо ва идораҳои давлатӣ баҳри беҳтару хубтар ошноӣ пайдо кардан ба зиндагинома, фаъолияти сиёсӣ ва роҳбарии арбоби барҷастаи давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълумоти фаровон медиҳад.

Дастури дигар инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ((2019-2021) [Матн]: Феҳристи адабиёт /мурат­тибон О.Имомназарова; муҳаррирон: Г.Маҳмудов, Н. Аҳмадова; зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷ. Х. Файзализода.- Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2023.- 736с.) мебошад. Он маводҳои солҳои 2019-2021-ро, ки оид ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон­ бахшида шудаанд, дар бар мегирад. Давоми се сол рӯзномаи «Ҷумҳурият» 3422 маводро роҷеъ ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардааст. Дар заминаи маводи гирдовардашуда дастур ба панҷ бахш гурӯҳбандӣ гардид: 1. «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», 2. «Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3. «Шахсиятҳои гуногун дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4. «Муносибатҳои хориҷӣ» 5. «Сарчашмаҳои электронӣ».

Китобномаи навбатӣ «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» (китобнома иборат аз 8 ҷилд [Матн] / мураттиб Ш. Комилзода; зери назари А. Раҳмонзода; муҳаррир М. Акобирова. – Душанбе: Ирфон, 2018. – ҷилди 1 (солҳои 2012 – 2013). – 500 с.) ба ҳисоб меравад. Он бо мақсади омӯзишу бақайдгирӣ, таҳқиқу коркард, гурӯҳбандию феҳристнигорӣ ва тарғиби ҳамаҷонибаи осори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт доир ба зиндагинома ва корномаҳои ӯ тибқи лоиҳаи «Бунёди манобеи биб­лиографии чопӣ ва электронии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» барои солҳои 2017 – 2019» таҳия гардид. Китобнома аз 8 ҷилд иборат буда, адабиёти ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекии солҳои 2012-2019 интишорёфтаро фаро мегирад. Дар ҷилд­ҳои 1-6-ум адабиёти ба забони тоҷикӣ, дар ҷилди 7-ум адабиёти ба забонҳои русиву ӯзбекӣ ва дар ҷилди 8-ум адабиёти бадеии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашргардида тасвирнигорӣ шудааст.

Китобнома дар асоси захираи китобхонаи илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) –Хонаи китоби Тоҷикистон ва манобеи электронии идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо омода гашт. Ҳангоми интихоб ва воридсозии мавод ба китобнома таваҷҷуҳ бештар ба маводи нашрияҳои даврии бо теъдоди зиёд интишорёфта зоҳир шуд. Қабл аз ҳама, маводи дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Қонун ва ҷомеа», «Ваҳдат», «Боҷу хироҷ», «Баҳори Аҷам», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт» ва рӯзномаҳои вилоятии «Бадахшон», «Хатлон», «Ҳақиқати Суғд» нашршуда тасвирнигорӣ шудааст. Илова бар ин, маводи дар маҷаллаҳои «Тоҷикис­тон», «Бонувони Тоҷикистон», «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Адаб», «Илм ва ҳаёт», «Фирӯза», «Дин ва ҷомеа», «Душанбе», «Паёмномаи фарҳанг» ва дигар нашрияҳо батабърасида номнавис шуда, ба китобнома ворид гаштаанд.

Дилрабо ШАРИФОВА,

мудири китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ — методӣ ва мониторинги сифати таълим»