Мусоҳиба бо муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Идигул Қосимзода
-Бамаврид мебуд, агар дар оғози суҳбат оид ба раванди фаъолияти донишкада таври мухтасар маълумот диҳед…
-Донишкада бо қарори Совети Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 29 майи соли 1979 ҳамчун Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ташкил шуда буд. Баъдан бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1992 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Донишкада дар як муддати кӯтоҳ мақоми худро дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пайдо кард.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 донишкада ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода гузошта шуд. Дар донишкада як комплекси таълимӣ бо 3000 ҷойи нишаст, синфхонаҳои лингафонӣ, мултимедӣ ва компютерӣ, хобгоҳ барои 636 донишҷӯ, толори варзишӣ, майдони варзишӣ, толори фарҳангӣ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Китобхонаи электронӣ бо 50 компютер ва хатти интернет, китобхонаи анъанавӣ бо 250 ҷойи нишаст ба устодону таълимгирандагон хизмат мерасонанд. Донишкада дорои нашрияҳои худ – рӯзномаи «Паёми донишҷӯ» ва маҷаллаи илмӣ-назариявӣ — «Паёми Донишкадаи забонҳо» аст. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дорои 4 факултет, 16 кафедра буда, аз рӯйи 19 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Соли 2009 шуъбаи аспирантура ва аз соли 2012 магистратура аз рӯйи ихтисосҳои забонҳои англисӣ, русӣ ва олмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар шуъбаи аспирантураи донишкада шаҳрвандон аз дохили кишвар ва хориҷи он дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
- Вазъи таълиму тарбия дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Дар донишкада шуъбаи тарбия ва ҷавонон аз соли 2000 ташкил карда шудааст, ки вазифаи асосии ин шуъба кор бурдан дар байни ҷавонон оид ба масъалаҳои таълим, тарбия, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ мебошад. Корҳои тарбиявӣ асосан мутобиқи «Консепсияи умури фарҳангӣ – тарбиявӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода» гузаронида мешавад. Дар консепсияи номбурда тамоми паҳлуҳои фаъолияти тарбиявӣ ҷой дода шудааст. Унсурҳои беҳтар намудани кори тарбиявӣ дар байни донишҷӯён, фаъолияти сарпарастон, омилҳои мустаҳкам намудани дӯстии донишҷӯён, решакан кардани ҳар гуна зуҳуроти манфӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангӣ ва ғайра дар он инъикос ёфтаанд.
- Забономӯзии донишҷӯён дар муқоиса ба даҳ соли пеш дар кадом сатҳ аст?
- Солҳои пеш омӯзиши забон нисбатан душвор буд, зеро мутахассисони соҳаи забономӯзӣ кам буданд. Донишҷӯён имкони рафтану омӯхтани забонро ба хориҷа надоштанд, робитаҳо ва ҳамкориҳо бо донишкадаҳои мамлакатҳои хориҷӣ дар сатҳи хуб набуд. Шукри Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ин раванд беш аз пеш густариш ёфта истодааст. Имрӯз донишҷӯёни мо ба хориҷи кишвар рафта, озодона таҳсил намуда, анъанаҳои моро дар он ҷо нишон дода, обрӯи кишвари азизамонро боз ҳам баландтар мебардоранд.
Мо дар назди донишкада шуъбаи робитаҳои хориҷиро аз моҳи январи соли 2004 таъсис додем, ки ба тавсеа бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ машғул аст. Дар донишкада 11 гурӯҳҳои забонӣ амал мекунанд, ки ба онҳо дар қатори мутахассисони тоҷик омӯзгорон аз Япония, Корея, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Италия, Миср ва ИМА таълим медиҳанд. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода донишҷӯён аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра таҳсил мекунанд Онҳо ҳамзамон ба донишҷӯён забон меомӯзанд, онҳоро бо урфу одат, фарҳанг ва санъати мамлакатҳояшон шинос мекунанд.
Аз моҳи марти соли 2005 дар шуъбаи мазкур Клуби донишҷӯён таъсис ёфтааст, ки он муаллимони ҷавон ва донишҷӯёни дар мамлакатҳои гуногун таҷрибаомӯхта ва шахсонеро, ки ба сафари хидматии хориҷӣ рафта буданд, муттаҳид месозад. Клуби донишҷӯён корҳои зиёдеро дар ин самт, аз қабили тайёр намудани донишҷӯён барои супоридани имтиҳонҳо, омода намудани ҳуҷҷатҳо, ташкили вохӯриҳо, навиштани маълумотномаҳо дар бораи сафар ва ғайра ба анҷом мерасонад..
Мусоҳиб Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»