Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як тоҷик азизу муътабар аст. Халқи тоҷик бо шарофати он ба дастовардҳои беназир ноил гашт. Хусусан, дар замони соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам шуд, ки ба эҳёи расму оин ва фарҳанги миллиамон муяссар гардем. Аз ҷумла, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони барӯманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ аз комёбиҳои беназири ҳамин даврон аст.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам шуд, ки зиёда аз 50 маротиба Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро афзун гардонем ва воридотро кам карда, содиротро афзоиш диҳем. Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ низ нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфт. Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки дар ин давра тахминан 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 96 маротиба афзудани хароҷоти он ба қайд гирифта шудааст.
Таи 31 сол тавонистем, ки бахши хусусиро дар кишвар рушд диҳем. Тибқи ҳисобот, ҳоло зиёда аз 70 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташаккул ёфта, қариб 70 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолиятанд.
Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчунин, шароит фароҳам овард, ки мақоми занон ва ҷавононро дар ҷомеа баланд бардорем. Онҳоро ба идоракунии давлатӣ, фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва бахши хусусӣ, соҳибкории инфиродӣ ҷалб намоем. Ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ дар мамлакат, ки нисбат ба соли 1991 беш аз нуҳ баробар зиёд мебошад, гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Халқи тоҷик бо роҳбарии Президенти мамлакат тавонист, ки дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ноил гардад, Артиши миллиро аз сифр ташкил кунад ва таъмини амнияту суботи кишварро ба он супорад. Инчунин, қонунгузории миллиро ривоҷу равнақ бахшад.
Тоҷикистонро ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил дода, ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон шомил шудан низ аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолист.
Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ назаррас аст.
Дар маҷмӯъ, дастовардҳои Тоҷикистон дар зарфи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама соҳаи хоҷагии халқ ба назар мерасад, ки ҳифзу нигаҳдошти онҳо масъулияту вазифаи ҳар кадоми мо сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Чоршанбе РАВШАНОВ,
мудири кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» -и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ,
Дилшод РАВШАНОВ,
мудири кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ» -и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ