«Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда, наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Аз қабули Конститутсияи Тоҷикистон 22 сол сипарӣ шуд. Ин муддат мардуми тамаддунофару қавииродаи Тоҷикистон дар асоси ин Бахтномаи миллат зиндагӣ намуда, баҳри расидан ба орзуву омоле, ки бо меъёрҳои он таҷассум мегардад, талош доранд.
Лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, омода ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд. Дар ин муддат аз ҷониби мардум ба Комиссияи мазкур зиёда аз 8500 пешниҳод ворид гардида, баъди омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароите омода гардид, ки ҳанӯз дар мамлакат оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад. Бинобар ин, Комиссияи конститутсионӣ бо дастуру раҳнамоиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ доданд, лоиҳае ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шавад, ки ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ бошад. Дар натиҷаи ин иқдоми оқилона ва дастгирии мардум Конститутсияе қабул гардид, ки он на танҳо заминаи сулҳи тоҷикон гардид, инчунин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф гардидааст. Бо қабули ин санади таърихиву сиёсӣ бори дигар ба ҷаҳониён собит намудем, ки миллати тоҷик воқеан тамаддунофар, соҳибдавлат ва таърихӣ мебошад. Вобаста ба муҳимияти Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Ба ин мақсад ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин, ба инобат гирифта шудаанд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтаанд. Аз ин нуктаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар — воқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст».
Мувофиқи Конститутсия дар таъмини адолат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, нақши ҳокимияти судӣ муассир аст.
Бо ин мақсад, дар Конститутсия ба ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ боби махсус бахшида шудааст, ки тибқи муқаррароти он ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Дар асоси Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ чанд барномаи ислоҳоти судӣ оғоз ёфт, ки мувофиқи он нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфта, муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид, ки ин ибтикорот дар маҷмӯъ ба болоравии нуфузи мақомоти судӣ дар ҷамъият ва мустақилияти судяҳо равона гардидааст. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият менамоянд, ки ин омил ба таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.
Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа, ба вуҷуд омадани муносибатҳои наву гуногунҷабҳа ва тағйирёбии вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ, зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд, зеро қонунгузорӣ бояд ҳамрадифи муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад. Бо дарназардошти зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ва мутобиқ гардонидани баъзе меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи замон ин ибтикор аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқии соли равон баргузоршуда дастгирӣ ёфт.
Дар заминаи ин тағйиру иловаҳо меъёру муқаррароти нав ворид гардид, ки ба ҳокимияти судӣ низ тааллуқ дорад.
Аз ҷумла, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» якчанд тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки ба мукаммал гардонидани ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мусоидат намуда, ҷиҳати таъмини шаффофият дар фаъолияти судяҳо ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо муҳиму саривақтӣ мебошад.
Дар шароити басо мураккаб ва тағйирёбандаи ҷаҳон, ҳар як фарди солимфикрро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ, пойдории субот дар асоси Конститутсия ва қонунҳо амал карда, баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон талош намояд.
Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА, судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод, унвонҷӯйи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ