Кӯдак чун худро мешиносад, бо нафаре аз ҳамсинну солаш наздикӣ пайдо карда, бо бозиву шӯхиҳои кӯдакона давраи беолоиши тифлиашро паси сар менамояд. Чун мактабхон мешавад, доираи дӯстону рафиқон ва наздиконаш низ васеъ мегардад. Пас аз хатми дабистон давраи камолот ва мустақилияти инсон шуруъ мешавад. Дар ин давра, ки замони таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ аст, инсонро мебояд берун аз муҳити хонаводаву деҳа андеша намояд. Ҳамсабақони нав, дӯстони нав, устодони нав, донишу биниш ва фаҳмишу ҷаҳонбинии нав аз инсон муносибати ҷадидро тақозо менамояд.
Сипас, замони фаъолияти корӣ фаро мерасаду шиносойӣ бо қишри гуногуни ҷомеа оғоз мегардад. Табиист, ки кормандони як коргоҳ низ бо гузашти рӯзҳову солҳо, ба ҳам унс гирифта, дар натиҷа муносибати ҳамкорӣ ба дӯстии қарин мубаддал мегардад. Дар ин давраи ҳаёт инсон бо шахсони зиёд шиносойӣ пайдо карда, муносибати дӯстӣ барқарор менамояд. Рафиқони хориҷӣ пайдо мекунад. Баъзан мешавад, ки дӯстии наздик ва самимӣ ба хешу таборӣ табдил меёбад…
Дар Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой зиёда аз 1600 нафар кору фаъолият доранд, ки аз ин теъдод шашсад нафарашон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой буда, боқимонда мардуми маҳаллӣ мебошанд. Дар ин ҷо баробари тоҷику хитоӣ, инчунин русу ӯзбек ва намояндаи миллатҳои дигар низ фаъолият мекунанд.
Олим Дило ва дӯсташ Зардорӣ Сахӣ аз тоҷикони муқими Ҷумҳурии Халқии Хитой буда, муддати чор сол аст, ки дар Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой ҳамчун тарҷумон фаъолият доранд. Ин ҳар ду бо забони шевои адабии тоҷикӣ тоза ҳарф зада, аз тоҷик будан ифтихори зиёд доранд. Олим мегӯяд, дар ноҳияе, ки (ноҳияи худмухтори тоҷикнишини Тошқурғон) ӯ ҳаёт ба сар мебарад, мардум бо забони модарии худ, ки тоҷикии бадахшонӣ мебошад, гуфтугӯ мекунанд. Агар ягон нафар забони модариашро фаромӯш карда бошад ҳам, дар ҳама ҷо худро тоҷик муаррифӣ менамояд. Яъне, аслу насабашро гум намекунад. Олим ва Зардорӣ иброз доштанд, ки ба Тоҷикистон сафар кардан ва аз наздик дидани расму русуми ҳаммиллатонашон орзуи дерина ва асосиашон буд, ки бо амри тақдир ба он муяссар гардиданд. Онҳо мегӯянд, ки Тоҷикистонро ҳамонгунае дарёфтанд, ки тасаввур мекарданд: «Медонистем, ки дар Тоҷикистон мардум озодона кору фаъолият доранд. Дар бораи шаҳрҳои калонаш низ маълумот доштем. Ба Тоҷикистон омада, аз наздик ҳамаашро дидем. Мардуми маҳаллӣ бо мо самимона муносибат менамоянд, ки аз ин хушҳол мешавем. Дар ин ҷо дӯстони зиёде пайдо намудем». Олим Дило ва Зардорӣ Сахӣ иброз доштанд, ки дар Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ фаъолият доранд. Кӯшиш менамоянд, ки дар мушкилиҳо дасти ҳамдигар гиранд.
Воқеан ҳам аз рӯйи мушоҳидае, ки мо дар ҷараёни сафари кӯтоҳи худ кардем, дар ин коргоҳ ҳама аз паси кори худ аст. Дар вақти муайяншуда ба кор мебароянду аз кор бармегарданд. Дар як ошхона хӯрок хӯрда, дар як бино истиқомат мекунанд. Сардори шуъбаи сохтмонии ширкат Шуй Фон, ки муддати ҳафт сол аст дар Тоҷикистон фаъолият дорад, мегӯяд, ки ӯ дар ҷараёни кор миёни тоҷику хитоӣ тафриқа намегузорад. Бо ҳамаашон чун ҳамкор муносибати якхела дорад. Бо мардуми маҳаллӣ унс гирфта, дӯстони зиёде пайдо кардааст.
Ба ҳамин мазмун муовини саринженери фабрикаи коркарди маъдан Тан Чян низ андешаҳояшро баён карда, зикр намуд, ки ба дӯстии халқҳо арҷ гузошта, барои пешравии кор якҷоя фаъолият менамоянд.
Дӯстӣ арзиши олӣ ва муқаддас ба шумор рафта, ин мафҳум дар эҷодиёти зиёда аз ҳазорсолаи миллати тоҷик мавқеи хоса дорад. Аз ин ҷост, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон низ бо тамоми кишварҳо робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо онҳо рушду тараққиёти кишварро густариш мебахшанд.
Бори дигар зикр кардан бамаврид аст, ки инсон дар ҳамбастагӣ ба муваффақият ноил мегардад ва дӯстиву бародарӣ асоси пешравии ҳама гуна кору фаъолият аст. Бовар дорем, ки на танҳо дар Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой, балки дар ҳама гуна ширкатҳои муштараки дигар низ фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо хоҳад буд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»