Гирифторони бемориҳои дил дар ҷаҳон зиёд буда, ҳамасола миллионҳо нафар бо сабаби ин беморӣ дунёро падруд мегӯянд. Тибқи омори мавҷуда, бештар мардҳо гирифтори ин бемориҳо мебошанд, ҳатто баъзе тифлакон бо бемории дил ба дунё меоянд.
Дили инсонро ба муҳаррик ташбеҳ медиҳанд ва олимон таъкид менамоянд, ки он бояд то 150 сол тапад. Вале дарозумрон дар дунё ангуштшуморанд. Пас, олимон хато кардаанд? Ё шояд омилҳое вуҷуд доранд, ки дили моро дар қафаси сина бармаҳал аз тапидан бозмедоранд?
Дил, ки ба қавле «ҷойи ҷон» аст, то синни чордаҳсолагӣ инкишоф меёбад. Кори мураттаби он ба тамоми узвҳои бадани инсон вобастагии зич дорад. Тақдири дилро давраи бабалоғатрасӣ, ки тамоми тағйироти физиологӣ ва анатомӣ дар ҳолати ба анҷом расидан ҳастанд, муайян мекунад. Дар ин давра инсон метавонад ҳатто гирифтори фишорбаландиву бемории дил гардад. Бемориҳои дил меросӣ низ буда метавонанд ва хавфи хурӯҷ намудани онҳо дар ин давра мавҷуд аст. Пас аз чордаҳсолагӣ дил аз инкишоф мемонад ва ба он ҳеҷ хатаре таҳдид нахоҳад кард, ба шарте ки инсон бо тарзи зиндагии нодуруст ба садамаҳои равониву ҷисмонӣ дучор нагардад. Баланду пастшавии фишори хун минбаъд вобаста ба гузарондани тарзи ҳаёт аст. Ҳаёти носолим (истеъмоли машруботи спиртӣ, тамоку, маводи мухаддир) касро ба чунин балоҳо дучор мегардонад. Бемориҳои вобаста ба фишори хун агар то бистсолагӣ табобат наёбанд, шакли музминро хоҳанд гирифт.
Мо мошин ё хонаамонро таъмир менамоем, вале ба сабаби ҳастии хеш — диламон, ки он ҳам ба «таъмир» ниёз дорад, эътибор намедиҳем.
Дар ҷумҳурии мо аз соли 2007 то соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил (БИД)» амалӣ гардид. Ҳоло бошад, «Дурнамои миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил барои солҳои 2016 – 2018» амал менамояд, ки далели муҳим будани ин мавзӯъ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин масъала аст.
Сабабҳои пайдошавии бемории ишемиявии дил чунинанд: Бо ягон сабаб шараёнҳои дил танг гардида, миқдори хуне, ки мушаки дилро бо оксиген таъмин менамояд, кам мешавад. Он се марҳила дорад: ихтилоҷи рагҳои дил- стенокардия, сактаи дил (инфаркти миокард) ва тасаллути дил ё кардиосклероз. Аломатҳои асосии беморӣ — дарди дил, ҳиссиёти ногувор (фишурдашавӣ ё вазнинӣ) дар минтақаи дил, тапиши номуназзам, ваҳми марг, нотавонӣ ва заифист. Дар ибтидо дарди дил кӯтоҳмуддат буда, баъзан фақат дар шакли сих задан ё хала зоҳир мегардад.
Тибқи маълумоти ҷамъияти дилпизишкон, сабабҳои пайдоиш, инкишоф ва паҳншавии беморӣ ғизои серкалория, фишори шараёнӣ, суиистеъмоли тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ, камҳаракатӣ, эҳтирос, ҳама гуна ҳаяҷони баланд (низоъ, муноқиша, тарс), хусусиятҳои фардӣ ва ирсии бархе аз одамон маҳсуб мешавад.
Сабаби асосии пайдошавии БИД фишорбаландии шараёнист (140 мм найчаи симоб ва баландтар аз он). Одамони фишори хунашон аз 180 мм баландбуда нисбат ба ашхоси фишори хунашон аз 120 мм паст 8 маротиба бештар гирифтори БИД мегарданд.
Зиндагии пурмоҷаро, низоу муноқишаҳои пай дар пай дар ҷойи кор ва оила, оташмиҷозӣ низ тавассути майна ва асабҳо шараёнҳои афсари дилро фишурда, таъминоти дилро бо хун кам мегардонанд ва боиси пайдошавии БИД мегарданд.
Пешгирии БИД-ро аз овони кӯдакӣ оғоз бояд кард. Дар хотир бояд дошт, ки кӯдакони фарбеҳ оқибат калонсолони фарбеҳ мешаванд. Бинобар ин, муносибати кӯдакро ба ғизоҳои серкалория ва фаъолияти ҷисмонӣ муайян кардан даркор аст.
Мутаассифона, баъзеҳо аз баландшавии фишори хунашон бехабар монда, муддатҳои тӯлонӣ барои рафъи дарди сар «аналгин» истеъмол мекунанд. Қисми дигар гарчанд аз бемориашон огаҳанд, нисбат ба табобат беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Ҳол он ки тибби муосир дар табобати фишори баланди хун ба комёбиҳо ноил шудааст.
Дар ёд бояд дошт, ки табобати фишори хун пай дар пай, дурудароз ва гоҳо якумрист. Барои пешгирӣ ва муолиҷаи фишори шараёнӣ иҷрои шартҳои зерин ҳатмист: риояи низоми муътадили кор ва истироҳат, кам кардани истеъмоли намак, аз фарбеҳӣ халос шудан ва муолиҷаи бемориҳои гурда (агар онҳо мавҷуд бошанд).
Хуллас, дил омили ҳастист, онро эҳтиёт кунед.
Сайвалӣ Мадалиев,
табиби бемориҳои қалби Маркази саломатии шаҳрии №7,
Н. Низомӣ, «Садои мардум»