Шашуми майи соли равон бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» баргузор гардид.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро ба 70- солагии Ғалаба бар фашизми Германия шодбош намуда, минҷумла изҳор дошт:
- Дар ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуда, беш аз 90 ҳазори онҳо дар фронтҳои ҷанги хонумонсӯз ҳалок шуданд. Тамоми мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ ҷиҳати бо лавозимоти зарурӣ, хӯрока, аслиҳа таъмин кардани сарбозони шӯравӣ шабонарӯзӣ заҳмат кашидаанд ва имрӯз мо хотири онҳоро пос бояд дорем.
Дар конфронс филми ҳуҷҷатӣ таҳти унвони «Сарбозони бесилоҳ», ки бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ин филм бори аввал намоиш дода шуд ва он дар бораи корнамоиҳои фарзандони Тоҷикистон, ки дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат карда, соати ғалабаро наздик мекарданд, қисса мекунад. Аз ақибгоҳ ба сарбозон мавиз, меваи хушк, биринҷ, гӯшти бирёншуда мефиристоданд. Дар конфронс муаррихони тоҷик иброз доштанд, ки мебояд дар ин самт омӯзишҳои амиқро гузаронид.
Сипас, академик Раҳим Масов, номзади илми таърих Абдулло Ғафуров, профессор Намоз Ҳотамов, доктори илми таърих Рақиб Абдулҳаев, профессор Ваҳҳоб Набиев, номзади илми таърих Баҳринисо Қобилова, таърихшинос Насрулло Убайдуллоев, намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ карданд.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»