Ӯ дар хотири ман дар ҳамон ҳолате, ки бори охир ба аёдаташ рафта будам, нақш бастааст. Аммо, вақте дарро ба рӯям наберааш кушод, чашмам ба ҷисми лоғаре афтод, ки дар як гӯшаи ҳуҷра болои ҷойгаҳи тозаву озода мехобид. Аз он қомати боло, шонаҳои васеъ, бозувони тавоно чизе намонда буд. Дарди бедаво ба тадриҷ пайкари зебои ӯро хӯрда, обу адо карда буд. Дигар як мушт устухоне беш набошад ҳам, ба муқобили дарди ҷонгудоз мубориза мебурд. Намехост ба осонӣ таслим шавад. Ӯ дар зиндагӣ ҳамин хел буд: мағлубиятро дӯст намедошт. Мехост дар ҳама кор дасташ болои дасти ҳариф бошад. Баробари диданаш банди дилам ларзид. Болои сараш расми марди хушсурат ва қавипайкаре, ки пеши барашро ордену медалҳои зиёд зинат медоданд, овезон буд. Он мард бо чашмони андешаманду пур аз меҳр ҷониби ман менигарист. Садо дар гулӯям банд монда буд, натавонистам ҳарфе ба забон биёрам. Дар қалб андуҳи гаронеро ҳис кардам ва аз бори вазнини он натавонистам қадаме пеш гузорам.
Аз садои кушодани дар ба худ омад магар, ки чашмони фурӯрафтаашро кушод. Бо азоб дарди ҷонгудозро фурӯ бурд ва дар лабони парсингбастааш табассум гул кард.
- Биё, додари ҷон, биё, — мешунавам садои ошноро.
Муаллим бо ҳамон зиндадилӣ ҳарф мезад. Овози ширину бақувваташ ба гӯш форам мерасид.
Бо азоб худро ба даст гирифтам ва ба муаллим наздик шудам. Дасти лоғарашро барои вохӯрӣ дароз кард. Ман панҷаҳои ларзони пӯсту устухонро ба даст гирифта, аз бари рӯяш бӯсидам ва дар пешорӯяш нишастам.
- Дар қадамот ҳасанот, додар, — хеле вақт шуд, ки даракат нест, — нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт муаллим.
Ман ба чеҳраи заҳири ӯ нигариста, чанд лаҳза ба хаёл рафтам. Мурғи хаёл ба дуриҳои дур парвоз кард. Пора — пора рӯзгори ин марди шариф пеши рӯям ҷилвагар мегардид.
Муқим Набиев соли 1920 дар деҳаи зебоманзари Порвоғи ноҳияи Ғарм (Рашт) ба дунё омадааст. Ӯ, ки ҳамсоли Инқилоби Бухоро буд, дар баробари давлати навбунёди камбағалҳо қад мекашид. Замоне ки мактабравак шуд, дар ноҳия мактабҳои нав кушоданд. Ҳукумат дари мактабҳои навро ба рӯйи ҳама боз кард. Аз ҳафтсола то ҳафтодсола ҳуқуқ дошт дар мактаби нав таҳсил кунад, илм биомӯзад. Маблағи таълимро давлат мепардохт, яъне таҳсил барои бачаҳо душворие надошт. Муқимҷонро ҳам ба мактаб бурданд. Он айём муаллимон аз Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан, Фалғару Конибодом меомаданд. Бо супориши ҳукумат дар мактабҳои ҷадид бо усули нав ба мардум сабақ меомӯхтанд. Бачаҳо рӯзона ва калонсолҳо шабона мехонданд. Мактаби шабонаро «мактаби маҳви бесаводӣ» ном мебурданд.
Дар кӯҳистон деҳа бисёр буду мактаб кам. Муаллим намерасид. Соле, ки мактаби ҳафтсоларо хатм кард, ӯро ба шуъбаи маорифи ноҳияи Шулмак даъват намуданд. Аввал нозирону дигар масъулони шуъба бо вай суҳбат карданд. Як бори дигар донишашро санҷиданд. Баъд ба назди мудири маориф бурданд.
Муқимҷон ду сол муаллими мактаби ибтидоӣ буд. Ибтидо фақат ба тифлони хурдсол дарс медод. Баъди панҷ-шаш моҳ супориш гирифт, ки дар мактаби маҳви бесаводӣ низ ба калонсолон сабақ гӯяд. Кори осон набуд ёд додани алифбо ба мардони калонсол, лекин баъди маслиҳатҳои нозири шуъбаи маориф ба кор шурӯъ кард. Аввалҳо аз ҳузури одамони калонсол шарм мекард, аммо муносибати самимона ва пур аз эҳтироми онҳо ӯро аз чанголи нороҳатӣ раҳонид ва пайи иҷрои вазифа шуд.
Дар мактабҳо мизу курсӣ, китоби дарсӣ намерасид. Синфхонаи навро дар меҳмонхонаи Латиф кушод. Латиф марди дасткушод буд ва бо меҳнати ҳалол нон мехӯрд. Меҳмонхонаашро ба ихтиёри мактаб дод. Ба замин палос партофтанду кӯрпача. Бачаҳо болои кӯрпача менишастанд. Аз кундачаҳо ба ҷои миз истифода мебурданд.
Соли 1938 буд. Аз падару модар дуо гирифт ва бо шогирдону ҳамкорон падруд гуфт. Дар шаҳри Тошканд ба мактаби муаллимтайёркунӣ дохил шуд ва соли 1941 онро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Соли охирини таҳсил, ҳангоми таътил, ба зодгоҳаш баргашт, вале гоҳи рафтан як гӯшаи дилаш сиёҳ буд. Базӯр пайкарашро ҷониби истгоҳ кашола мекард. Бо ҳар баҳона падару бародаронашро ба оғӯш мекашид. Дилаш гувоҳӣ медод, ки ин дафъа то дерҳо падару модар ва бародарону хоҳараконашро намебинад…
Тавре худи Муқимҷон борҳо ҳикоя кардааст, рӯзҳое, ки хатмкунандагони Мактаби муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд баъди супурдани имтиҳонҳои давлатӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳояшон давутоз доштанд, Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба хоки паҳновари Давлати Шӯравӣ ҳамла кардааст. Субҳи 22 июни соли 1941 ин хабари даҳшатзо дар саросари кишвар паҳн гардид ва орзуву ормонҳо дар дилҳо мурданд. Дигар ҷавоне дар бораи духтари дӯстдошта, хонаи бунёднагардида, фарзандони ба дунё наомада фикр намекард, балки ҳама дар бораи дифоъ аз Ватан-модар андеша менамуданд.
Хатмкардагони Мактаби муаллимтайёркунии шаҳри Тошкандро рухсати бозгашт ба зодгоҳи бобоӣ надоданд. Акнун онҳоро машқҳои ҳарбӣ медоданд. Тирпарронӣ, кордпартоӣ, норинҷак ҳаво доданро меомӯхтанд. Саф оростан, бо шикам хазидан, ҷанги тан ба тан кори ҳаррӯзаи онҳо гардид. Ҳафтае як бор ба самолёт менишастанду аз баландӣ бо парашютҳо ба замин мефаромаданд. Фармондеҳон гуфтанд, ки онҳо ҷанговарони баталиони десантӣ ҳастанд. Баъди чор моҳи машқҳои шабонарӯзӣ ҷониби хатти фронт роҳ пеш гирифтанд…
Бори аввал Муқимҷон бо лашкари фашист наздикии шаҳри Москва рӯ ба рӯ шуд. Он лаҳзае буд, ки саркардаи фашистон аз ғалабаи қарибулвуқӯъ ҳарф мезад. Дар ин ҷо аввалин бор аскарони сурх ба душмани башарият зарбаи миёншикан заданд. Замин меларзид зери пои онҳо. Аз осмон тир меборид. Садои таркиш гӯшҳоро маҳкам мекард, аммо ӯ дар дил тарсу ҳаросро эҳсос намекард. Аз миёни гарду ғубор бодиққат пайкари душманро меҷуст. Аскарони сурх тавонистанд душманро аз дили давлати паҳновар дур партоянд. Ин нахустин шикасти онҳо буд. Ҳамин тавр, як муддат дами лашкари одамхор дарун зад. Аскарони сурх дар хатти фронт душманро мекӯфтанд. Фашистон мадори нафас рост кардан намеёфтанд.
Душман оҳиста-оҳиста ақибнишинӣ мекард. Зимни як муҳорибаи шадид, ки дар шаҳри Киев сурат гирифт, Муқимҷон захм бардошт. Се моҳу даҳ рӯз дар беморхона хобид.
Волидайни ӯ хати сиёҳ гирифтанд, ки дар он ду ҷумла навишта буданд: «Фарзанди шумо, афсари лашкари сурх ҳангоми озод намудани шаҳри Киев қаҳрамонона ҳалок шуд».
Хешу табор дар деҳа оши чилу солашро доданд. Модару падар дар ғами фарзанди азиз бистарӣ шуданд. Баъди шаш моҳ модар ва охири сол падари бузургвораш дунёро падруд гуфтанд.
Баъди се моҳи табобат Муқимҷон дубора ба фронт рафт. Ӯро ба дивизияҳои захиравӣ фиристоданд. Дар он ҷо хабар ёфт, ки барои корномаҳояш дар муҳорибаи Киев бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи дуюм сарфароз гардидааст…
Ҳангоми озод намудани Полша соҳиби ордени «Ҷанги Ватанӣ», дараҷаи якум ва медали «Барои шуҷоат» гардид.
Нуҳуми майи соли 1945 ҳамроҳи ҳамсилоҳон ғалабаро дар Берлин пешвоз гирифт. Акнун Муқим Набиев танҳо як орзу дошт: зудтар ба дидори волидайн расидан. Аммо рухсати бозгашт надошт. Як соли дароз баталиони десантиеро, ки дар ҳайаташ лейтенанти калон Муқим Набиев хизмат мекард, шаҳр ба шаҳр мебурданд. Билохира, моҳи июли соли 1946 ӯ аз хизмати ҳарбӣ озод шуд.
Муқимҷон аввал ба шаҳри Тошканд омад. Бо устодонаш дидор дид ва баъд сафарашро идома дод.
Шаб аз шаҳри Сталинобод ба роҳ баромад. Як мошини боркаш, ки ҷониби Ғарм рафтанӣ буд, ӯро савор кард. Як поси шаб ба Сари пул расиданд. Ҳамон ҷо шабро рӯз карду субҳи барвақт пиёда аз роҳи Самсолиқ ҷониби шаҳраки Навобод раҳсипор шуд. Офтоб акнун аз паси кӯҳ сар боло карда буд, ки ба Файзосор расид. Соҳили дарё фаромаду бо оби чашма сару рӯяшро шуст ва баъд лаби чашма болои алаф ба шикам зад. То сер шуданаш аз оби зулолу ширин нӯшид. Бо шунидани садои сулфа сар боло кард ва рӯ ба рӯ чеҳраи ошноеро дид. Ҳамсояи дар ба девораш як қадам дуртар аз ӯ рост истода, бо даҳони во ба чеҳраи Муқимҷон менигарист. Аз ҷо баланд шуд ва ҳайратзада ба тарафи вай қадам партофт, бо овози баланд салом гуфт, аммо ҳамсоя дар ҳамон ҳолат шах шуд. Хеле баъд ӯ ба худ омад ва дасти дарозкардаи меҳмонро фишурд.
- Бубахшед, меҳмони азиз, — бо овози ларзон гуфт ҳамсоя. — Шуморо ба як ҳамдеҳаам монанд кардам. Он қадар чеҳраатон ба раҳматии Муқимҷон шабоҳат дорад, ки қариб ҷон аз баданам мебаромад.
Муқимҷон чизе нагуфт, давоми сухани ӯро мунтазир шуд.
- Ҷавони дидадаро, бовиҷдону хушахлоқ буд, раҳматӣ, — суханашро идома дод ҳамсоя. — Дар шаҳри Тошканд мехонд. Оғози ҷанг ба фронт рафт ва баъди якуним сол хати сиёҳаш омад. Чилу солашро додем. Шаҳид шуд дар ҷанг. Худо раҳматаш кунад, бачаи мешуданӣ буд.
Онҳо суҳбаткунон то маркази шаҳраки Навобод омаданд. Ба ҳамсоя чизе нагуфт Муқимҷон. Дарк кард, ки номаҳои навиштааш ба падару модараш нарасидаанд. Танҳо қарибиҳои намози шом ба деҳаи Порвоғ — ба ҳавлии бобоӣ омад…
Қиёмат шуд дар ҳавлӣ …
Як ҳафта дар хонаашон бекор нишаст. Пои мардум канда намешуд аз ҳавлии Муқимҷон. Охири ҳафта мудири шуъбаи маориф омад. То як ҳиссаи шаб ҳамроҳи ӯ суҳбат кард.
- Дунё ҳамин аст, Муқимҷон, — гоҳи рафтан гуфт мудир, — шукр, ки ҷанг тамом шуд. Худо падару модаратро раҳмат кунад. Мо бояд роҳамонро идома диҳем. Вайронаҳоро обод кардану кӯдаконро тарбия намудан рӯҳи онҳоро шод мегардонад. Пагоҳ ба шуъбаи маориф биё.
Рӯзи дигар ба шаҳраки Навобод рафт. Он солҳо Ғарм вилоят буду шаҳраки Навобод маркази вилоят. Директори мактаби деҳаи Порвоғ таъин шуд. Ду-се моҳ кор кард ва баъдан ӯро ба вазифаи методисти шуъбаи маориф ба кор монданд.
Муқим Набиев соли 1949 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи таърих ва филологияи Институти педагогии Тоҷикистон дохил шуд.
Соли 1953 вилояти Ғарм барҳам хӯрд ва ҳудуди собиқ ноҳияи Шулмак ба ноҳияи Ғарм ҳамроҳ гардид. Ӯ дар шаҳраки Навобод монд. Ба ҳайси муаллими одӣ дар мактаб корро идома дод.
Соли 1954 Институти педагогиро хатм намуд ва баъди як сол директори мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рашт таъин гардид. Дар ин вазифа то ба нафақа баромадан, яъне то соли 1980, кор кард.
Дар давраи фаъолияти меҳнатӣ се маротиба вакили Анҷумани омӯзгорони ҷумҳурӣ ва як дафъа вакили Анҷумани умумииттифоқии омӯзгорон дар шаҳри Москва буд.
Барои хизматҳояш дар он давра бо нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи СССР», ордени Ленин, медали «Хизмати шоиста», унвони «Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаю мукофотҳои дигари соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
- Як пиёла чой нагирифтӣ, додар, — бо шунидани овози муаллим риштаи хаёлам канда шуд. — Худоро шукр, саломатии ман хуб аст. Баъзан китобу рӯзнома мехонам. Чашмонам нағз мебинанд. Як-ду рӯз пас «тайтайпопо мешавам», — хандида гуфт ӯ.
- Ташаккур, муаллим, аз ин дастурхон борҳо нон хӯрдаем. Агар иҷозат медодед, пайи кор мерафтем. Насиб бошад, ягон рӯзи дигар меояму баҳузур менишинам.
Муаллим даст ба дуо бурд ва бо нигоҳи софу бекинааш то пушти дар маро гуселонид…
Муқим Набиев соли 2009 оламро падруд гуфт, аммо номи нек ва хизматҳои арзандаашро мардум фаромӯш намекунанд. Дар суҳбатҳо аз рӯзгори ӯ, аз панду андарзҳо ва рафтори ҳамидааш пора-пора ба ёд меоранду ба арвоҳаш дуои хайр мефиристанд…. Вале дар осмони хотироти ман ӯ дар ҳамон ҳолат нақш бастааст. Ҳамон ҳолате, ки бори охир ба аёдаташ рафтам…
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»