Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биёранду дин андароранд пеш.
Абулқосим Фирдавсӣ
Муҳити динии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи вазъи умумии ҷумҳурӣ ва шакли шуури ҷамъиятӣ ором буда, дар маҷмӯъ метавонад намунае барои пиёда кардани сиёсати дохилии ҳамсоякишварҳо хизмат кунад. Мушкилоте, ки дар ин бахш ҷомеаро домангир аст, ба барномаи хислати дурнамоидошта зарурат дорад. Саҳми ниҳодҳои ҳукуматӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ коромад аст. Аммо ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки дар соҳа мушкилот мавҷуд нест ва мо ба арши аълои рушд дар ин соҳа расидаем.
Пеш аз ҳама, симои шахсӣ ва хислатҳои инфиродии рӯҳоният ҳамчун омили муносибатҳои динӣ дар ҷомеа мавриди баррасӣ бояд қарор бигирад. То куҷо мулло, домулло, мавлавии имрӯза мутахассиси ҷавобгӯйи давлати дунявӣ ва ҷомеаи технологии пешрафта аст. Ҷаҳони муосир, ба ибораи адабгуфторон, ниёз ба таҳаввулоти фардӣ ва тадриҷии муҳитӣ дорад ва шахсе, ки ҳоло бо компютер сару- кор надорад, мисли нафарест, ки 100 сол муқаддам бо қалам навишта наметавонист.
Дар дини мубини Ислом силсиламаротиби вазифавӣ, мисли насроният ва яҳудият, ки роҳибу кашишу равин доранд ва ин низоми динӣ аз сохтори муназзами ташкилӣ иборатанд, мавҷуд нест. Рӯҳонияти исломӣ вазифаи бар дӯш доштаашро бояд ҳамчун як сарбории маънавӣ ва ё ба истилоҳе ҷамъиятӣ иҷро намояд. Масъулияти рӯҳоният аз ин лиҳоз бисёр боло меравад. Ин қишри ҷомеа ҳадафи калидӣ ва меҳварии худро бояд амиқан дарк кунанд, зеро онҳо бо мафкураи инсонҳо сарукор доранд ва дар ҷаҳони пурталотуми инсонситезӣ то сарҳади тарбияи ахлоқии афроди ҷомеа ҳаракат кунанд, на каму на беш. Сиёсикунонии дин ва чеҳрасозии муллоҳо, ҳамчун омили сиёсат, ба ақидаи коршиносон, обрӯву эътибори рӯҳониятро, ки худи ин вожа рӯҳасос аст, коста гардонида, дар сурати афзалият додан ба сиёсатмаобӣ маълум аст, ки аҳли рӯҳониятро ба вартаи низоъҳои бесарнавишту поя тела медиҳад.
Рисолати ҳар рӯҳонӣ бояд дарбаргирандаи масоили тоҷиксозӣ, донишпажӯҳӣ, инсонмеҳварӣ, саршор аз эътиқоди муътадили эҳёгар ва орӣ аз ҳар гуна эҳсосоти нолозим дар насиҳати афрод бошад. Ба мавъизаҳои рӯҳоният чун назар мекунӣ, пайкору набарди бехонумонро бо аҳли тақво мемонад, ки аз як шахси одӣ бо мурури замон осӣ ва норозии Ҳукумат месозанд.
Мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо мавҷуд аст ва ниҳодҳои ҳукуматӣ барои берунрафт аз он саъю талош мекунанд, вале маълум аст, ки омилҳои беруна, мисли шикасти низоми иқтисоди ҷаҳонӣ, беқурбшавии пул, ҷангҳои минтақавӣ ба ин раванд бе- таъсир нестанд.
Дар ин росто, ба рӯҳоният зарур аст, ки тибқи барномаи мушаххас донишҳои дунявӣ, технологиро фаро гирад ва дар ин ҷода рақобатпазир бошад.
Масъалаи дигаре, ки ҷомеаро домангир аст, ба ҳошия рафтани муллоҳо ҳамчун фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хилватнишинӣ ва танҳо ба тақво маҳдуд гаштани рӯҳоният аст. Шояд ин мероси тариқатҳои сӯфигарӣ дар тӯли таърих бошад ё омили дигаре, вале ҳамин омил моро водор ба он мекунад, ки намояндагони давлат бо назари шубҳа ба рӯҳоният бингаранд.
Мушкилоти навбатии ҷиддӣ парҳез кардани рӯҳоният аз муфтхӯрӣ ва ба таври амалӣ рӯ овардани онҳо ба кори созанда аст. Бояд барои ободии диёр аҳли рӯҳоният шахсан талош кунад ва дигаронро барои эъмори ҷомеаи дунявӣ ва ҳуқуқбунёд бо ибрати шахсӣ моил намояд.
Нодиршо Хусравбеков, устоди фанни таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев