Маҳмадшоҳ Гулзода: «Дар ДДТТ ҳар сол 30 кас рисолаи илмӣ дифоъ мекунад»

№146 (3783) 09.12.2017

4444415 (1)Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Он дар 78 соли фаъолият даҳҳо ҳазор табиби варзидаро ба камол расонидааст.

Бобати фаъолияти кунунии махзани дониш бо ректори он, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ суҳбат анҷом додем.

- ДДТТ аз лиҳози устодони соҳибтахассус ва роҳандозии раванди таълим чӣ ҷойгоҳ дорад?

- Ҳайати профессорону омӯзгорон 670 нафарро  ташкил медиҳад. Аз ин шумора 348 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 51,9 фоизро ташкил медиҳанд. Айни замон дар донишгоҳ  3 академик, 5 аъзои вобастаи Академияи илмҳо, 88 доктори илм ва 234 номзади илм фаъолият доранд.

Баҳри мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ, тибқи стандартҳои муосири давлативу байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш ва баҳогузорӣ, инкишофи касбии ҳар як корманд, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ ва тақвияти пояи моддӣ-техникӣ корҳои зиёд анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз соли 2008 лоиҳаи «Истилоҳоти таҳсилоти тиббӣ» роҳандозӣ шуд. Вобаста ба татбиқи он дар донишгоҳ усули муосири низоми таҳсилот — кредитӣ — модулӣ роҳандозӣ гардид.Таҳсилоти кредитӣ-модулӣ эътирофи байналмилалӣ дошта, тибқи он на фақат сатҳи дониши назариявӣ, балки қобилияти илмиву эҷодӣ ба назар гирифта мешавад. Инчунин, татбиқи низоми мазкур шаффофият ва паст намудани таъсири омилҳои инсониро ба баҳодиҳии натиҷаи таҳсил таъмин менамояд.

Раванди таълим аз рӯйи се стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шуда, тибқи онҳо донишгоҳ аз рӯи 5 ихтисос – «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Стоматология», «Фармакология» ва «Беҳдошт, эпидемиология ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» мутахассис омода менамояд. Таълим дар донишгоҳ бо 3 забон – забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудаст.

Дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ донишгоҳ маъруфияти ҷаҳонӣ касб карда, 1050 донишҷӯи хориҷӣ дар риштаҳои гуногун дарс мехонанд.

Дастпарварони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бештар аз чил кишвари дунё ба табобат машғул ҳастанд, ки аз нуфузи рӯзафзуни донишгоҳ шаҳодат медиҳад.

- Донишҷӯёни хориҷӣ аслан аз кадом кишварҳо барои тадрис меоянд?

- Алҳол аз 14 мамлакати дунё – Ҳиндус­тон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон Ӯзбекистон, Эрон, Афғонис­тон, Дания, Ироқ, Арабис­тон, Яман ва ИМА таҳсил доранд.

-  Дар баробари забонҳои тоҷикиву русӣ бо англисӣ ба роҳ мондани таълим мушкилӣ пеш намеорад?

- Дар донишгоҳ 110 омӯзгору мутахассисе ҳастанд, ки забони англисиро хуб медонанд. Бинобар ин, мушкилӣ надорем.

- Донишгоҳ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ то чӣ андоза таъмин аст?

- Қобили қайд аст, ки таҳсил дар курсҳои аз якум то сеюм тибқи барномаи таълимии фанҳои табиӣ ва умумикасбӣ ба роҳ монда шуда, дарсҳои амалӣ дар озмоишгоҳҳои кафедравӣ ва донишгоҳӣ сурат мегиранд. Соли 2014 бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи донишҷӯён дар назди донишгоҳ Маркази омӯзишии малакаҳои амалӣ таъсис ёфт, ки бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавии дорои сифати аврупоӣ ҷиҳозонида шудааст.

Бо ташаббуси роҳбарият аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ биноҳои нотамоми таълимӣ аз таъмири умумӣ бароварда шуд, ки дар натиҷа ду бинои таълимӣ ва 1920 ҷой зиёд гашт.

Дар робита бо мустаҳкам шудани базаи моддиву техникӣ ва потенсиали кадрии донишгоҳ имконият фароҳам омад, ки таҳқиқотҳои фундаменталӣ ва озмоишӣ амалӣ шуда, муосиртарин усулҳои ташхису табобат мавриди истифода қарор  гиранд. Барои мисол, Озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ (ОКСБ) яке аз даст­овардҳои на танҳо донишгоҳ, балки соҳаи тандурустии кишвар мебошад.

Он дар ҳамкорӣ бо Маркази пайвандсозии узвҳо ва кафедраи навтаъсиси ҷарроҳии инноватсионӣ ва трансплантологияи донишгоҳ  амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ ва пайванд кардани узвҳоро анҷом медиҳад.

Озмоишгоҳи  марказии илмӣ-тадқиқотӣ (ОМИТ)  дорои шаш бахш, аз ҷумла озмоишгоҳҳои клиникӣ ва биохимиявӣ, морфологӣ,    психофизиологӣ, амалиётҳои ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои  таълимӣ ва виварий мебошад.

Солҳои дароз дар кафедраи анатомияи одам ҷасади инсон вуҷуд надошт. Аз соли 2016 дар ҷасадхонаи ДДТТ 11 ҷасад ҳаст, ки донишҷӯён барои баланд бардоштани малакаҳои касбӣ онҳоро мавриди истифода қарор медиҳанд.

- Робитаи донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Бо бештар аз 100 муассисаи таълимиву илмии хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол тибқи мубодилаи академикӣ 20  донишҷӯ дар донишгоҳҳои Қазоқистон ва Федератсияи Россия ба таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Ба ғайр аз ин, саҳми олимони донишгоҳ дар татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ дар соҳаи илм ва технология назаррас аст. Аз ҷумла, онҳо дар доираи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва самтҳои афзалиятдош­таи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, 12 лоиҳаи аз тарафи Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 27 мавзӯи ташаббусии илмии кафед­раҳоро роҳандозӣ намуданд. Бояд гуфт, ки лоиҳаҳои мазкур хусусияти бунёдиву инноватсионӣ дош­та, бо истифодаи усулҳои муосири тадқиқотӣ мураттаб гардидаанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки заминаи моддию техникии донишгоҳ барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ташаккул ёфта, имкониятҳои васеи гузаронидани тадқиқотҳои муосир пайдо гардидааст.

- Ҷавонон то чӣ андоза фаъол ҳастанд?

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: «Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем, то онҳо тавонанд бо корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ ва навоварӣ машғул бошанд».

Бо дарназардошти ин, дар донишгоҳ ба фаъолияти илмиву эҷодии донишҷӯён аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Ҳар сол 70 маҳфили илмӣ ва конференсияи илмӣ — амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор мегардад. Соли равон 12 конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён бо иштироки намояндагони  хориҷӣ бахшида ба Соли ҷавонон баргузор гардид, ки дар онҳо 326 маърӯзаи илмӣ ва 962 фишурда, аз ҷумла 371 фишурда аз муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Беларус, Ӯзбекис­тон ва Афғонис­тон шунида шуд.

Ҳар сол донишгоҳро на камтар аз ҳафтод нафар бо дипломи сурх хатм карда, бештар аз сӣ кас рисолаи илмӣ дифоъ менамоянд.

ВОРИС,

«Садои мардум»